БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Фарзандони Пешво

Илм ва маориф / Слайдер

Бо тақозои касб борҳо аз хона – интернатҳои кӯдакона дидан карда бошам ҳам, аввалин бор дари мактаб-интернатро во намудам.

Қалбам аз изтироб тунд метапад. Андешаи тақдири талхи ятимӣ, бо чашмакони тарсуву дар умқ яъс ҷойгирифта, як-як дубора пеши назар меояд. Кӯдакон аввал хурсанд давру барат ҳалқа мезананд, ба якдигар навбат надода суолборон мекунанд, «ту очаи кӣ мешавӣ?», «очама овардӣ?», «пеши очам мебарӣ?». Даст ба сӯят дароз мекунанд, ки оғӯш бигирӣ, бардорӣ. «Бозича даркор нест, очама биёр», - хоҳиш мекунад яке, «маро хонамон бар»,- аз домонам мегирад дасти дуюм, сеюм…

Ба худ меларзам, ашки буғикунандаро фурӯ бурда, бо табассуме, ки сад гиря дорад, мегӯям: «Очат худаш меояд, туро мебарад». Ин дурӯғ дар дилам туфон мешавад, исён мекунад, ба қавле: «Ноларо ҳарчанд мехоҳам, ки пинҳон даркашам, Сина мегӯяд, ки ман танг омадам, фарёд кун…».

Баръакси атфоли хона-интернатҳо кӯдакону нав­расони мактаб-интернатро орому бепарвотар дарёфтам. Шояд хусусияти синнусолӣ бошад, ки дигар онҳо каме булуғ ёфтаву мустақил шудаанд ва хоставу нохоста меҳмонро суолборон намекунанд, ангор, ки бо тақдир муросо кардаанд…

«Шаш сол аст, ки дар Мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе таҳсил мекунам. Муҳассили синфи 10-ум ҳастам. Шашсола будам, ки модарам аз бемории қанд вафот кард, синфи 4 мехондам, ки падарам даргузашт. Худро танҳо эҳсос намекунам. Дӯстонамро бародар хондам, духтаронро хоҳар. Орзу дорам варзишгари касбӣ бошам. Футболро дӯст медорам».

Суннатулло Каримзода,

хонандаи синфи 10

Ҳангоми фавти зодмандон, дар сурати набудани шахси наздик ё хешовандоне, ки нигоҳубини фарзандро бар зимма гиранд, тифли навзод, кӯдак ё нав­раси то 18-сола зери парастории давлат қарор мегирад. Кӯдак то синни 7-солагӣ дар хона-интернатҳо ва баъдан дар мактаб-интернатҳои махсус ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад.

Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и шаҳри Душанбе соли 1972 таъсис ёфтааст. Аз 380 муҳассили муассиса 106 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Дар ҳуҷҷат 80 нафар ятими кул, боқимондаҳо нимятим ё бесаробон сабт шудаанд. Ятимони кул пас аз хатми мактаб мустақиланд, метавонанд ин даргоҳро тарк ва зиндагии худро созмон диҳанд.

Дар сурати бо ҷурме зиндонӣ шудани падару модар ё бо сабабе аз ҳуқуқи тарбияву парасторӣ маҳрум шудан, кӯдаконашон аз синни 7 то 17-сола барои таҳсилу зиндагӣ ба мактаб-интернат супурда мешаванд. Волидон пас аз адои ҷазо метавонанд онҳоро бозпас бигиранд, аммо бо қарори комиссияи махсус ва исботи ислоҳ. Мутаассифона, дубора баргардондани кӯдакон ба оилаҳо кам иттифоқ меафтад…

«Соли дуюм аст, ки дар Муассисаи мазкур таҳсилу зиндагӣ мекунам. Хеле хурд волидонро аз даст додам, чӣ шуд дар хотир надорам. Руҳафтода нестам, таҳти ҳимояи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхориҳои раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор дорам. Мо фарзандони Пешвои муаззамем. Муаллимам Хайринисо Аҳмадова роҳнамову маслиҳатгарам аст. Ба хурдсолон меҳрубонӣ мекунам, барояшон пеш аз хоб афсона ҳам мегӯям, мо ҳама хоҳару бародарем».

Шукрона Ҳамдамзода,

хонандаи синфи 9

Муассиса дар тобеияти сарраёсати маорифи шаҳр ва МИҲД шаҳри Душанбе қарор дорад.

Аз 160 нафар кормандон 85 нафарро кормандони педагогӣ ташкил медиҳанд. Бачаҳо шабонарӯзӣ таҳти муроқибату назоратанд. Шароити будубош болотар аз олист. Сарулибоси ҳар нафарро бо сифати баланду зебо роҳбарият интихоб ва раёсати молияи шаҳри Душанбе харидорӣ менамоянд. Ин ҷо аз чизе танқисӣ надоранд. Ашёи хониш, рахти хобу лавозимоти тозагӣ ҳама дар сатҳи болост.

Мураббии рӯзона барои кӯдакон вазифаи модарро иҷро мекунад. Масъалаҳои тозагӣ ва нигоҳдории сарулибос дар ҷевонҳои алоҳида ҳама бар зиммаи мураббӣ аст. Сарулибоси бачаҳоро мувофиқи синну сол кормандони ҷомашӯйхона мешӯянд, дарзмол мекунанд, ба дасти мураббӣ бозпас медиҳанд. Тамоми чизҳое, ки кӯдак ё наврас ба он ниёз дорад, зуд муҳайё мешавад.

«Ятимони кул зери парастории махсуси давлат қарор доранд. Ҳукумати Тоҷикистон ба онҳо имтиёзҳои зиёде муқаррар намудааст. Туҳфаҳои махсуси Президент, шаҳрдори Душанбе, мукофотҳои пулӣ мунтазам дастрасашон мегарданд. Маблағу нафақаҳои муқаррарнамудаи давлат дар суратҳисобашон нигоҳдорӣ мешаванд. Аз 16-солагӣ метавонанд корташонро ба даст гиранд. То замони донишҷӯ шуданашон, маблағи хубе пасандоз мешавад. Онҳо барои дохилшавӣ ба макотиби олӣ низ имтиёз доранд».

Раъно Раҳимзода,

директори Муассиса

Аз 62 нафар хатмкунандаи синфи 9 имсол 53 нафар тариқи имтиҳонҳои Маркази тестӣ ба коллеҷҳои тиббиву омӯзгорӣ, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ дохил шуд. Ҳашт нафар хатмкунандаи синфи 11 донишҷӯйи макотиби олии кишвар гашт. Се нафар ғолиби олимпиадаҳои фаннӣ байни мактаббачагон дар ҷумҳурӣ, як нафар ғолиби озмуни мутлақи шаҳрӣ ва гирандаи ҷойи дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» дар сатҳи ҷумҳурӣ гардид. Файзиддин Ҳомидов, гирандаи мақоми дуюми Озмун, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино гашт. Вай барои хонандагони мактаб-интернат «Маҳфили кимиё»-ро созмон доду масъулияти омода намудани кӯдаконро ба олимпиадаҳои фаннӣ бар дӯш гирифт. Вақте як нафар ба гирифтани стипендияи президентӣ, ҳашт нафар стипендияи раиси шаҳри Душанбе, ду нафар стипендияи раиси ноҳия муваффақ шуданд, сафи ҳавасмандон афзуд. Барои иштирок ва комгорӣ дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм - чароғи маърифат» ҳама ба даст китоб гирифтаанд…

«Аз синфи 1 то 9 муҳассили ҳамин мактаб-интернатам. Ду солу шаш моҳ доштам, ки падарам аз бемории мағзи сар фавтид, бори гарони зиндагӣ ба шонаҳои модарам афтод. Мо, 3 кӯдакро ин ҷо гузошту ба муҳоҷират рафт. Мехоҳам табиб шаваму дасти очаамро бигирам. Фанни кимиёву биологияро дӯст медорам. Пас аз дарсҳои асосӣ ба китобхонаи мактаб меравам. Тоза дос­тони «Дувалронӣ ва Хизрхон»-и Амир Хусрави Деҳлавиро мутолаа кардам. Шеърҳои Гулрухсор бароям тасаллибахшанд».

Сарвиноз Хоҷаева,

хонандаи синфи 9

Дар мактаб-интернат ду табиб ва се ҳамшираи шафқат муроқиби ҳамешагии саломатии кӯдаконанд. Дар сурати зарурат, ёрии таъҷилӣ ҳам ҳозир мешавад. Пас аз ҷарроҳӣ ё табобати бемориҳои ҷиддӣ чун кӯдак аз беморхона рухсат мешавад, барояш ҳуҷраи махсус бо нигоҳубини шабонарӯзии ҳамшираҳои шафқат ва ғизоҳои сабук фароҳам меояд.

Давраи гузариши синнусолиро наврасону ҷавонон бо ёрии психологҳо паси сар менамоянд. Дари ҳуҷраи тамоми кормандон аз роҳбар то пос­бони муассиса барояшон боз аст. Бачаҳо сирри дилу мушкилашонро бо омӯзгорону мураббиён мисли модар қисмат мекунанд.

Рӯзҳои истироҳат ба боғҳои фарҳангиву истироҳатӣ мераванд. Дар маъракаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ширкат меварзанд. Ба минтақаҳои дигари кишвар сафар мекунанд. Варзишгарон барои иштирок дар мусобиқа ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия сафарбар шуданд. Аз рӯйи шартномаи сетарафаи байни Сарраёсати маорифи шаҳр, мактаби захираҳои олимпии №5 ва раёсати ҷавонони шаҳри Душанбе фаъолияти мактаби захираҳои олимпӣ дар дохили мактаб-интернат роҳандозӣ шуд, ки устодони номвари варзиш барои тамрини бачаҳо худашон ба ин даргоҳ меоянд. Маҳфилҳои забонҳои тоҷикиву русӣ, биологияву кимиё, ҳуқуқ амал мекунанд. Духтарони чавгонбози муассиса дар ҷумҳурӣ ба гирифтани ҷойи дуюм шарафёб гаштанд. Тобистон кӯдакон ба лагерҳои беруназшаҳрӣ роҳхат мегиранд. Ошхона, китобхона, толори хониш, толори рақсу варзиш, толори фарҳангӣ, майдонча барои омодагии дифоъ, майдони варзишӣ дар ихтиёрашон.

«Падарам аз бемории сил фавтид, ба модарам чӣ шуд, хабар надорам. Саробонии маро холаам бар уҳда гирифт ва аз синфи 3 маро ба мактаб-интернати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ супурд. Рӯзҳои истироҳат ба хонаи холаам мерафтам. Ӯ ба Душанбе кӯч баст ва бо ҳамин ман низ тариқи гузариш ба ин мактаб-интернат омадам. Мехоҳам журналист шавам».

Майсара Шодиева,

хонандаи синфи 9

Соли 2021 дар паҳлуи бинои асосии мактаб-интернат хобгоҳи нави духтарона бо тамоми шароитҳои зарурӣ сохта ба истифода дода шуд. Ҳоло писарон дар хобгоҳи алоҳидаи чорошёнаи барҳаво ва духтарон дар бинои алоҳидаи чорошёна зиндагӣ мекунанд.

Рӯзи нав барои кӯдакон аз машқи пагоҳирӯзӣ шуруъ мешавад. Пас аз субҳона ҷамъомади саҳаргоҳӣ бо баромади бачаҳо дар мавзуъҳои муҳим доир мегардад. Дарсҳо аз соати 8 то 13 идома меёбанд. Пас аз хӯроки нисфирӯзӣ, боз як ҷамъомад, баъд бачаҳо аз рӯйи завқу хоҳиш ба ҳар маҳфил тақсим мешаванд. Қисме аз бачаҳо, онҳое, ки таҳти парас­тории хешовандон қарор гирифтаанд, соати 17 ба хонаҳояшон мераванд. Боқимондаҳо, пас аз маҳфил, ҳамроҳи мураббиён ба хобгоҳ мераванд. Либосҳояшонро иваз намуда, то хӯроки шом ба бозиву тафреҳу сайругашт машғул мешаванд. Пас аз хӯроки шом паси иҷрои вазифаҳои хонагӣ мешаванд. То замони хоб касе китоб мехонад, касе мусиқӣ гӯш мекунад, касе телевизор мебинад…

«Бисту се сол аст бо кӯдаконам. Солҳои зиёд дар хона-интернати кӯдакон фаъолият мекардам. Ман мураббии рӯзона ҳастам. Корам аз соати 12 то соати 19 идома меёбад. Назорати шустушӯву тозагии кӯдакон, омода шуданашон ба мактаб, тозагии хонаи хоб, сарулибосашон вазифаи мост. Бачаҳо ҳама чиро доранд, фақат аз меҳри падару модар маҳруманд. Онҳо бо мо қарин ва мо бо онҳо одат кардаем».

Файзинисо Акрамова,

мураббия

Таъминоти хӯрок дар мактаб-интернат дар сатҳи олӣ аст. Ҳамаи намудҳои гӯшт, қаймоқ, тухм, меваю сабзавот муҳайё. Дар рӯзҳои иду ҷашн мақомот барояшон дастархони идона бо туҳфаҳои арзанда таҳия месозад.

Дар саҳни муассисаи бошукӯҳ қадамзанон суҳбат мекунем. «Зиёданд ин ҷо кӯдаконе, ки аз навзодӣ то ҷавонӣ ба дидори волидайни зиндаву барҳаёт мушарраф нашудаанд. Ҳастанд онҳое ҳам, ки дар ҳасрати дидор мактабро хатм ва ба зиндагии мустақил равона шуданд», - маҳзун мегӯяд директори мактаб-интернат Раъно Раҳимзода. Муҳассилин қатор-қатору гурӯҳ-гурӯҳ ҷониби ошхона шитоб доранд. Духтарчае бо чашмони пурҷозиба ва лабони аз хурсандӣ шукуфтааш рӯ ба рӯям меояд. Мепурсам, ки чаро ин қадар хурсандӣ? Духтарак бо ҳамон шодӣ посух медиҳад: «Ман Муҳаббат. Дар синфи 1 мехонам. Аз хона-интернат ба мактаб-интернат омадам, бароям маъқул шуд. Калон шавам, албатта, директори ҳамин мактаб мешавам».

Аз таҳти дил хандакунон аз пешониаш бӯсидаму гуфтам: «Парича, роҳат дар шебу фарози ҳаёт ҳамвору бехатар бод ва кош зиндагӣ бароят оғӯши пурмуҳаббат бикушояд!»

Гулноза БОБОМУРОДОВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 22)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон