БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Модари қаҳрамон

Илм ва маориф

Яке аз маҳаллаҳои калонтарини шаҳри Хоруғ ба номи Олимназар Холиқназаров, ки дар иҷрои вазифаи хидматӣ ҳангоми муҳорибаи шадид барои ҳимояи марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол диловарона ҷон бохт, гузошта шуд. Дар маросими номгузорӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, ба зодмандони ҷавонмарди асил барои тарбияи фарзанди хушахлоқу қаҳрамон изҳори сипос намуданд. Сокинони маҳалла, дӯстон, ҳамсабақону ҳамсафон хотираҳои хешро аз зиндагиномаи кӯтоҳ, вале рангини Олимназар баён доштанд. Суханони модари ҷавонмард Гулдаста Орумбекова, дар баробари андуҳи бепоён доштан, сабру тамкини модарона ва ифтихор аз амали ҷавонмардонаи қаҳрамонписараш ифода ёфта буданд, ҳозиронро мутаассир сохтанд. Оре, барои волидон осон нест, зеро онҳо писари ягонаашонро аз даст дода буданд…

Олимназар пас аз итмоми мактаби миёна ба Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дохил шуда, бо дипломи афсари соҳаи амният ба иҷрои вазифаи хидматӣ пардохт. Дар ҷараёни фаъолият бо тақозои вазифа дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода,ноҳияҳои Восеъ, Бохтар ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд масъулият дошт. Ӯ дар ҳама ҷо худро чун мутахассиси ҷавони боғайрат ва масъулиятшинос нишон дод. Ҳамкорон ва роҳбарияти Кумита ба ӯ ҳамчун шахси аз лиҳози маънавӣ ва ғоявӣ дар асоси арзишҳои содиқ ба Ватан ва савганди ҳарбӣ ташаккулёфта, бовар доштанд. Вақте дар лаҳзаи ҳассос ба хотири ҳимояи марзу бум истодагарӣ ва ҷоннисорӣ лозим омад, Олимназар пушт нагардонд. Зеро дар паси ӯ ва дигар қаҳрамонписарони шуҷоъ, ки дар сангар қарор доштанд, Ватан, давлат ва мардуми осоишта меистоданд ва онҳо сина сипар намуданд…

Гулдаста Орумбекова пас аз хатми Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе (ДДОТ ба номи С. Айнӣ) корро дар мактаб оғоз намуд. Писар ба остонаи мактабе, ки модар дар он дарс мегуфту яке аз муаллимони беҳтарин ба ҳисоб мерафт, қадам гузошт. Зодмандон писари ягонаашонро эрка накарда, аз хурдӣ ӯро дар руҳияи меҳнатдӯстӣ ва доништалабӣ тарбия намуданд ва ин хислатҳои писар аз солҳои аввали таҳсил дар мактаб ҳувайдо шуданд. Бо амри тасодуф Гулдас­таро роҳбари синфе таъин намуданд, ки писараш дар он сабақ меомӯхту омӯзгор ва модари сахтгиру дар айни замон ғамхору меҳрубон, дар баробари хонандагон, дар таълиму тарбия ва ташаккули ҷаҳонбинӣ ва ғоявии фарзандашон нақши бештар мегузошт. Вақте ба хонандагон аз зиндагинома ва таърихи ҷоннисориҳои қаҳрамонони набард барои ҳифзи марзу бум нақл мекард ва ё аз достонҳое назири «Писари Ватан»-и устод Турсунзода барояшон қисса менамуд, Олимназар дар қатори ҳамсабақонаш гӯшу ҳуш мешуд. Дар ин лаҳзаҳо на модар ва на писар ҳеҷ тасаввур намекарданд, ки бо амри тақдир писар боре ба чунин имтиҳони сангини шарафу номус рӯ ба рӯ мешаваду тимсоли қаҳрамонон номи неку абадро аз ҷони ширин бартар мехонад.

Гулдастабону чанд сол ба симати раиси бахши шаҳрии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ифои вазифа намуда, дар тарғиби сиёсати давлат саҳм гузошт. Сипас, шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳру вилоятро роҳбарӣ намуд. Дар тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, ривоҷи соҳибкорӣ байни занон ва ҳалли дигар мушкилоти иҷтимоии бонувон ширкати фаъол варзид.

Бо ташаббуси ин бонуи меҳнатписанд дар маҳаллаҳои шаҳр гурӯҳи бонувони дафзан ташкил ёфтанду онҳо даф ба каф дар ҳар маҳалла ороишгари чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ гардиданд. Дар солҳои кор дар вазифаи муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кӯшиши зиёд ба харҷ дод. Парвариши насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ дар маркази диққаташ ҳамчун шахси масъул қарор доштанд.

Олимназар аз хурдӣ орзуи корманди мақомоти интизомӣ шуданро дар дил мепарварид. Дар интихоби ниҳоӣ модар барои ӯ раҳнамо гардид. Пас аз омӯзиши зиёд намояндагони амният аз лиҳози ахлоқу маърифат ва савияи дониш довталаби таҳсил дар Мактаби олии КДАМ-ро арзанда ёфта, розигии волидонро пурсиданд.Тасмими охир дар дасти модар буду ӯ розӣ шуд ва падар дуои некаш дод.

Писарам, хизмат дар соҳаи амният, баробари шараф ҷоннисорист, Худо нохоста, агар лозим ояд, бовар дорам, шарафмандона қарзи фарзандӣ ва хидматиро адо менамоӣ, - гуфтанду падару модар писари ягонаашонро дар бар гирифта, ӯро барои таҳсил ва хидмат гуселонданд.

 Гулдаста дар оилае ба воя расид, ки манофеи давлатро аз манофеи шахсӣ ва хонаводагӣ болотар медонистанд. Қиблагоҳашон Қонун-мутахассиси соҳаи кишоварзӣ буд ва мегуфт, ки меваву сабзавот низ мисли фарзанд парвариш ва нигоҳубини хубу дуруст мехоҳанд ва ҳамеша дастбакор буданд.

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур

 Соли 2024 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ иборат буд, дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур ширкат варзид.

  Дар доираи ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳо бо роҳбарони ширкатҳои бузургтарини Сингапур ва намояндагони Ассотсиатсияи шабакаҳои тиҷоратии Enterprise 50 (Е50) доир ба имконияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд.

  Дар ташаккули шахсияти Олимназар, падарбузургаш Холиқназар, яке аз ходимони шинохтаи давлативу сиёсӣ низ саҳм дорад. Ӯ барандаи ду Грамотаи Президиуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Падари қаҳрамон-Хуҷаназар, барои фаъолияти пурсамари касбӣ дар сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳиявӣ бо ордени Дӯстӣ ва нишони Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон сазовор дониста шудаст, нақш дошта, Олимназар бо амали ҷавонмардонаи хеш номбардори хонаводаи номварашон гардид.

Модари бознишаст, худро ба тарбияи наберааш Қиматназар, ёдгоре аз Олимназари қаҳрамон, бахшидаст. Дар ҳалқаи духтарону набераҳо ӯ аз зиндагии амну осоишта, ободу созандаи Ватан шукргузор аст.

Мард намирад ба марг, марг аз ӯ ном ҷуст,

Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост!

М.ШОҲҶАМОЛ, Хоруғ

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 22)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон