БОЙГОНӢ

«    Апрел 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

КОА-и Тоҷикистон - истиқлоли комил дар ҷодаи илм

Илм ва маориф

Даҳ сол муқаддам дар ҳаёти илмӣ ва фарҳангии кишвар рӯйдоди фараҳбахши дорои аҳамияти сиёсӣ ба вуқуъ пайваст. Бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд. То ба он маврид донишмандони тоҷик рисолаҳои илмии хешро бо забонҳои ғайр, хосса бо забони русӣ таҳия ва дар шуроҳои диссертатсионии назди комиссияҳои олии аттестатсионии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳимоя мекарданд.

Боиси хушист, ки аз соли 2014 олимону пажӯҳишгарони тоҷик тавонистанд, ки рисолаҳои илмиашонро роҳат бо забони ноби тоҷикӣ таҳия ва дар КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя намоянд. Ин дастоварди бузургест дар замони истиқлолият, ки дар масири давлатсозӣ ва дар ҷодаи илм ба истиқлоли комил расидани мамлакат нақши муассир дорад.

Сайфиддин Давлатзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ, бар он назар аст, ки илм дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Тоҷикистон қарор дошта, дар ин масир кадрҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногун тадриҷан меафзоянд.

 Сол аз сол дифоъ намудани рисолаҳои илмӣ аз ҷониби бонувон бештар мегардад. Масалан, аз теъдоди умумии 2818 нафаре, ки дар ин муддат рисолаҳои илмӣ дифоъ намудаанд, 845 нафари онҳо бонувонанд. Аз ҷумла, 38 доктори илм, 734 номзади илм ва 73 нафар доктор PhD дар самтҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, табиӣ-техникӣ ва тиббӣ мебошанд. Хизматчиёни давлатӣ низ имрӯзҳо дар радифи рисолати касбӣ пайи таҳқиқу пажӯҳишанд ва дар соҳаҳои гуногуни илм саъй менамоянд, то рисолаҳои илмӣ дифоъ кунанд. Аз таъсисёбии Комиссия теъдоди ин гуна бонувон ба 13 нафар мерасад.

Тули 10 соли фаъолияти Комиссия аз 1182 дархосте, ки вобаста ба дарёфти унвонҳои илмӣ ворид гардидааст, 285 адади он аз бонувонанд, ки 21 нафар барои дарёфти унвони илмии профессор ва 263 нафар барои гирифтани унвони илмии дотсент мебошанд. Боиси зикр аст, ки бонувон бештар дар самтҳои филология, педагогика, иқтисод ва самтҳои табиӣ-техникӣ корҳои илмӣ пеш мебаранд.

Боиси сарфарозист, ки дар кишвар забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм пазируфта шуда, бештари рисолаҳои илмии барои дифоъ пешниҳодшуда бо ин забон иншо мегарданд. Масалан, то соли 2018 рисолаҳои илмии бо забони тоҷикӣ иншошуда 10,4 дарсадро ташкил медод. Соли 2024 бошад, ин шумора ба 66,2 фоиз расид. Дар оянда низ саъй менамоем, ки бештари таҳқиқотҳои илмӣ бо забони шевои тоҷикӣ нигошта шаванд, иброз намуд Сайфиддин Давлатзода.

Дар шуъбаҳои гуногуни Комиссияи олии аттестатсионӣ дар радифи мардҳо бонувон низ дар ҷодаҳои гуногуни илм заҳмат мекашанд, ки амали онҳо шоёни зикр аст.

Зарина Шомуродова, мудири шуъбаи аттес­татсионии илмҳои тиббӣ, фармасевтӣ, биологӣ, байторӣ ва аграрӣ буда, парвандаҳои аттестатсио­ниро таҳлил ва ба роҳбарияти Комиссия хулосаи онро ба шакли гузориш пешниҳод менамояд. Заринабону зодаи ноҳияи Мурғоб буда, соли 2003 бо Квотаи президентӣ ба факултаи зооинженерии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур шомил шуд ва соли 2009 онро бо ихтисоси муҳандис-технолог хатм намуд. Соли 2015 дар мавзуи «Такмил додани ратсион барои модаговҳои дӯшоӣ дар шароити водии Ҳисор» рисолаи номзадиро дифоъ карда, ба дарёфти унвони номзади илмҳои кишоварзӣ мушарраф гардид.

Соли 2021 бо роҳбарии профессори кафедраи технологияи коркарди чорводорӣ ва хӯроки чорво, доктори илмҳои кишоварзӣ Фарҳод Раҷабов мавзуи «Такмил додани ратсиони модаговҳои дӯшоӣ ва модаговҳои гӯштӣ ва ширӣ дар водии Ҳисор»-ро барои таҳияи рисолаи докторӣ тасдиқ намуда, ҳоло як қисми онро ба анҷом расондааст.

Мавзуна Каримзода мудири шуъбаи аттестатсионии ҷамъиятии Комиссияи олии аттестатсионӣ буда, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро бо дипломи сурх хатм кардааст. Баъдан дар вазифаҳои гуногуни Донишгоҳ фаъолият бурда, азм намуд, ки бештар ба пажӯҳиш рӯ орад ва бо ин мақсад ба Комиссияи олии аттестатсионӣ ба кор гузашта, рӯи мавзуи ҷолиб «Инъикоси сохтмони Вахш дар романи «Замини падарон»-и Юсуф Акобиров» ба таҳқиқ машғул асту моҳи майи имсол рисоларо дар ин мавзуъ ҳифз карданист. Дар ҷодаи илм ҳамчун бонуи ҷасоратманд мубрамияти мавзуъҳо ва то куҷо аз ҷиҳати илмӣ асоснок будани рисолаҳоро таҳлилу ташхис менамояд.

 Пеш аз оне, ки довталаб, таҳқиқотчӣ, унвонҷӯи ҷавон ба навиштани рисолаи илмӣ даст мезанад, бояд дарк кунад, ки мавзуи ӯ то куҷо актуалист ва чӣ гуна метавонад ба дарди ҷомеа бархӯрад. Тибқи талаботи дастурамал оид ба расмиятдарорӣ диссертатсия ва автореферат бояд сохтори махсуси худро доро бошанд. Бояд ҳар як нафар дар интихоби муқарризи расмӣ, ки бевосита шуроҳои диссертатсионӣ мебошанд, муайян карда тавонанд, ки кадом муассиса ҳамчун муассисаи пешбари диссертатсия метавонад интихоб гардад.

Тибқи талаботи банди 74-и тартиби додани дараҷаҳои илмӣ муассисаи пешбар, ки аз ҷониби шурои диссертатсионӣ интихоб мегардад, бояд муассисаи бонуфуз бошад ва кормандони илмии он вобаста ба таҳқиқоти анҷомдодашуда на кам аз 10 интишоротро доро бошанд, ки 5-тои он дар маҷаллаҳои тақризшавандаи ҷумҳурӣ ва берун аз он рӯи чоп омадаанд, - ироа намуд Мавзунабону.

Номбурда ҳамчун олими ҷавон вобаста ба таҳқиқи мавзуъҳои илмӣ корҳои назаррас анҷом дода, ризоманд аст, ки дар ин раҳ аҳли хонавода ӯро дастгиру кумакрасонанд.

Саврина Исматуллоева сармутахассиси шуъбаи аттестатсионии илмҳои тиббӣ, фармасевтӣ, биологӣ, байторӣ ва аграрӣ, масъули рисолаҳои ба соҳати тиб нигарондашуда мебошад. Дотсенти кафедраи дерматовенерология ба номи Подавон Зоирови Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буда, тули 14 сол дар шуъбаи илм ва инноватсияи Донишгоҳ ҳамчун котиби илмии шурои диссертатсионӣ фаъолият бурдааст. Соли 2009 рисолаи номзадиро оид ба псориаз, навъе аз бемории пӯст ҳимоя намуда, ҳоло саргарми иншои рисолаи докторӣ бобати бемории барас (витилиго) аст.

 

 Соли 2024 ҳудуди 100 диссертатсия ба шуъбаи мо ворид гардид, ки аксари онҳо ба соҳаи тиб алоқаманданд. Аз рӯи таҳлилҳо диссертатсияҳо ба самтҳои ҷарроҳӣ ва бемориҳои дарунӣ бештар таълиф мешаванд. Бемории барас, ки рӯи он таҳқиқ менамоям, дар Тоҷикистон мавзуи муҳиму актуалист. Новобаста ба оне, ки доғҳои сафеди рӯи пӯст на хориш, на сӯзиш доранду зараре ба одам намерасонанд, дар миқёси кишварҳои Осиёи Марказӣ ин беморон бо мушкилиҳои равонӣ мувоҷеҳ мегарданд. Солҳои пеш аз беморони гирифтори махав (лепра), ки бемории сироятисту рӯи пӯст доғҳо падид меояд, мардум ҳазар мекарданд ва ин ҳарос дар тафаккури онҳо солҳои сол асари худро гузоштааст. Бо дидани бемории барас, ки миёни мардум маъмул бо номи «пес» аст, кароҳат то ҳанӯз ҷой дорад, ки дар натиҷа бо онҳо салом, суҳбат ва муомила карданро номуносиб медонанд, - зикр намуд Саврина Исматуллоева.

Ӯ аз хонаводаи пизишкон аст, ки ҳар кадоме дар соҳаҳои гуногуни илми тиб хизмати шоиста намудаанд. Аз хурдӣ китобҳои тиббиро, ки дар манзилашон фаровон буд, варақ мезад ва маҳз бемориҳои пӯст диққати ӯро сӯи худ мекашиданд. Умед аст, ки дар ин ҷода ин бонуи корсолор хизматҳои мондагор анҷом диҳад.

Азиза Убайдзода, мутахассиси пешбари шуъбаи илмҳои гуманитарии Комиссия, соли шашум аст, ки дар ин боргоҳ фаъолият дорад. Омӯзгороне, ки рисолаҳои илмии хешро дар донишгоҳҳо ҳимоя намудаанд, баъдан чунин асарҳои илмии бахшида ба илмҳои гуманитариро ба Комиссия пешниҳод менамоянд, ки баъдан Азиза бо ҳамсафонаш онҳоро ба қайд гирифта, ташхиси техникии меъёрии онро анҷом дода, ба Шурои экспертӣ ирсол медоранд. Баъди гузариш аз ин зина парвандаро ба шуъба баргардонда, сипас барои тасдиқ ба раёсати Комиссия равон менамояд.

 Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мо диссертатсия ва авторефератҳоро, ки бо ҷамъи 32 номгӯи ҳуҷҷатҳо бояд пешниҳод шаванд, аз ташхис гузаронда, дар ҳолати ҷой доштани камбудиҳои на он қадар ҷиддӣ тибқи банди 106-и тартиби додани дараҷаҳои илмӣ онро ба коркарди иловагӣ мефиристем. Агар камбудиҳои ҷиддӣ ошкор гарданд, довталабро дархоста, бо ӯ суҳбат мегузаронем ва ё ба раёсати Комиссия посухи рад пешниҳод менамоем. Дар баъзе ҳолатҳо муқарризон дуруст намеоянд, ё рисолаҳо рӯбардор мешаванд. Барои муайян кардани плагиат (асардуздӣ) рисоларо дар шакли электронӣ ба дигар шуъба равон мекунем, ки он бо барномаи зиддиплагиат озмуда шуда, хулосааш ба шуъбаи мо фиристода мешавад, - изҳор дошт Азиза.

Азиза Убайдзода хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буда, ҳоло ҳамчун унвонҷӯ пайи таҳияи рисолаи номзадист.

Нурия Назармамадова мутахассиси пешбари шуъбаи илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникист. Фаъолиятро дар Комиссияи олии аттестатсионӣ аз соли 2019 шуруъ карда, ӯ низ ба мисли Азизабону ба баррасии парвандаҳои диссертатсионӣ бо мақсади дарёфти дараҷаҳои илмӣ масруф аст.

Аз оғози таъсисёбии Комиссия то кунун дархости зиёде ба шуъба барои дарёфти унвонҳои илмии номзади илм ва профессори илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникӣ ворид мегарданд. Ба мисли дигар шуъбаҳо мо низ онҳоро аз санҷишҳои техникии меъёрӣ гузаронда, камбудиҳоро ошкор ва барои коркарди иловагӣ равона месозем. Масалан, парвандаҳое ворид мешаванд, ки дар онҳо дастурҳои методию таълимӣ, ё мақолаҳои илмиашон камтаранд, - иброз намуд Нуриябону.

Ӯ хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии собиқ Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон буда, солҳои 2011 – 2015 дар ҶСК «Барқи Тоҷик» ҳамчун ҳуқуқшинос ифои вазифа намудааст. Ният дорад, дар соҳаи хеш таҳқиқоте анҷом дода, ба дарёфти унвони илмӣ шарафёб гардад.

Зарина Исматова мутахассиси шуъбаи аттес­татсионии илмҳои тиббӣ, фармасевтӣ, биологӣ, байторӣ ва аграрӣ буда, парвандаҳои аттестатсионии соҳаи биологиро баррасӣ менамояд. Хатмкардаи факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, тули чанд сол ҳамчун мутахассиси пешбар дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайи кор буд. Маълумоти дувумашро соли 2020 бо ихтисоси идоракунии ҳайати кадрӣ дар Академияи идоракунии давлатии ҷумҳурӣ ба даст овардааст.

Соли 2024 барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ ба шуъба ду парванда марбут ба соҳаи биология ворид гардид. Ҳар як парванда аз дигараш тафовут дорад ва мо асосан самти техникии онро омӯхта, самти илмиашонро коршиносон баррасӣ менамоянд. Фаъолияти кормандони шуъбаҳо ба ҳамдигар ҳаммонанд буда, парвандаҳо вобаста ба соҳаҳои илм аз ҳамдигар фарқ менамоянд, - мегӯяд Зарина Исматова.

Ин бонуи собитқадам оилаи обод, се фарзанд ва ду набера дорад. Духтараш корманди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, писараш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайи иҷрои рисолати касбист. Писари дувумаш имсол ба Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур шомил гаштааст.

Мастонаи Саидализод мутахассиси пешбари шуъбаи ташкили молиявӣ ва ҳуқуқ буда, тарзи ҷобаҷогузорӣ ва воридшавии парвандаҳои аттестатсионӣ ва фармонҳои дохилиро баррасӣ менамояд. Соли 2017 факултети информатикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро хатм кардааст. Аз соли 2022 доктор PhD-и Донишгоҳи мазкур буда, дар мавзуи «Сис­темаи иттилоотии хизматрасонии коркард ва ҳуҷҷатҳо бо интеллекти сунъӣ» рисолаи илмӣ таҳия менамояд. Соли 2024 бо ҳидояти роҳбари илмиаш дар маҷаллаи илмӣ-байналмилалии «Фурӯғи илм»-и Комиссияи олии аттестатсионӣ оид ба мавзуи рисолаи илмиаш мақола интишор намудааст.

Хуллас, имрӯз махзани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят ғанӣ мебошад, зеро ҳамаи он рисолаҳои илмие, ки пеш аз дифоъ ва баъди он аз барномаи зиддиплагиати Комиссия мегузаранд, дар махзани он маҳфуз мемонанд. Он ҳама дар масири давлатсозӣ ва дар ҷодаи илм ба истиқлоли комил расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад. Фаъолияти пурмаҳсули Комиссия имкон дод, ки тули як даҳсола дар тарбияи кадрҳои миллӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас комёб гардад.

Ситора АШӮРОВА

  

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2025_small_.pdf [4.22 Mb] (зеркашиҳо: 18)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон