Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Омӯзгори муваффақ, кадбонуи беҳтарин
Илм ва маорифДар Озмуни ҷумҳуриявии «Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир», ки чанд моҳ қабл дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид, ҳунари намояндаи ноҳияи Шуғнон Гулшан Назаралиева аз ҷониби ҳакамон баҳои баланд гирифт ва ӯро ба мақоми дувум сазовор донистанд. Дар ин озмун ҳунарманд 48 намуди маҳсулоти қаннодӣ, шириниҳои миллӣ ва муосири тайёрнамудаашро, ки кадбонуҳо дар Шуғнон рӯйи дастархон мегузоранд,ба намоиш гузошт.
Гулшан Назаралиева дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Бунии Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоҷон Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон аз фанни биология ба талабагон дарс медиҳад ва яке аз омӯзгорони муваффақ аст. Дастпарваронаш ҳамасола дар озмунҳо зинаҳои баландро фатҳ месозанд. Ташаббус ва эҷодкориҳои созмони хонандагони мактаб бо роҳбарии муаллим дар сатҳи ҷумҳурӣ баҳои хуб гирифтанд ва ӯ бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ қадр гардид.
Вай пас аз хатми мактаби олӣ бо ихтисоси биолог дар мактаби деҳа ба омӯзгорӣ пардохт. Омӯзгори ҷавон дар баробари назария ба дарсҳои аёнӣ диққати зиёд медиҳад, зеро нақши онҳоро дар донишандӯзӣ ва бедор намудани шавқу завқи талабагон нисбат ба муҳити зист ва ташаккули савияи экологиашон муҳим медонад.
Мегӯянд, ки муҳаббат ба Ватан аз дӯст доштани деҳа ва табиати гирду атроф ва муносибати ғамхоронаву дилсӯзона нисбат ба он оғоз меёбаду вай дар рисолати омӯзондан ва парвариши чунин эҳсосоти воло дар қалби хонандагон ташаббускору собитқадам ва босамар аст.
Дар баробари омӯзгори хуб будан, омӯзгори ташаббускор Гулшанбону дар ҳунари кадбонугӣ ангуштнамо гардид. Ҳунари пазандагиро ҳанӯз аз хурдсолиаш аз бибии ҳунарманд ва меҳрубонаш Амалбегим ва модараш Шаҳноза омӯхтааст. Бибӣ, бахусус фасли зимистон бофандагиву дӯзандагӣ мекарду тахайюли бою рангини офарандагиаш дар ҷӯробу ҷемпер, рӯмолҳои гарму зебо ва тоқиҳои зебандаи помирӣ, ки яке аз дигаре дилработар ба назар мерасанд, нақш меёфтанд. Аммо момо бештар чун пазандаи моҳир ном бароварда буд. Пухтани ҳалвои арусиро, ки чун рамзи бахти сафеду ширинии ҳаёт ҳар арус бо бисоташ ба хонаи шавҳараш мебарад, сокинони деҳа бештар ба ӯ бовар мекарданд.
Бибӣ вобаста ба шароити иҷтимоӣ ва табиии маҳал таом мепухт. Дастархон хоксорона оро меёфту бобо ва бибии меҳмоннавоз ва меҳмондӯст ҳамеша хӯрдании беҳтаринро пеши меҳмон мегузоштанду бо хушгуфторӣ дили меҳмонро шод медоштанд. Дар лутфу меҳрубонӣ ва самимияти бобо ва бибӣ беҳтарин хислатҳои меҳмоннавозии мардуми кӯҳистон таҷассум ёфта буданд.
Таомҳои миллӣ асосан аз зироатҳои маҳаллӣ ва маҳсулоти боғдориву чорводорӣ тайёр ва гандум ва арзану боқило ба таври фаровон дар онҳо истифода мешаванд. Оши бурида, ки аз орди боқило бо омехтаи қурут ва сабзапиёзҳои кӯфташудаву намаккарда тайёр мешавад, барои шикастани ташнагӣ дар фасли гармо ва рафъи хастагиву неру гирифтани рагу пай муфид аст.
Агар дар аҳли хонавода нишонаҳои бемории зуком, шамолхӯрӣ ва дигар бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ҳувайдо мешуд, ба манзури пешгирӣ ва рафъи беморӣ бибӣ ҳатман «амоч» ва ё «ношхухпа» омода мекард. Амоч аз хамири орди боқило, ки онро дар оби ҷӯш бо намак омехта мекунанд, омода мешавад. Аз зардолуи хушки дар об ҷӯшонда, бо омехтаи орд ва қанд атолаи зардолу ё «ношхухпа» мепухтанд. Пас аз истеъмоли амоч ва ё атолаи зардолу шахс муддате худро дар пӯстин ва ё ҷогаҳи гарм нигоҳ медошту аз таъсири атола дар рагу пай қувват ва гармӣ давида, бадани шахси шамолхӯрда арақ мекард ва беморӣ рафъ мегардид.
Коче - намуди дигари таом аст, ки аз об, намак ва орди гандум тайёр мешавад. Ин таоми маросимиро фасли баҳор ҳангоми ҷуфтбаророн тайёр мекарданд ва луқмае аз онро ба пешонаи барзаговҳо мемолиданд, то баракат зиёд, хӯшаҳо пурбор ва ҳосил фаровон шавад. Таоми маросимии дигарро, ки як навъи ҳалво аст, бат меноманду онро аз орди гандум, шир ва равған омода карда, баъзе аз пазандаҳо ба он шакар ва баъзеи дигар талқон илова мекунанд. Боҷ-намуди дигари таоми дӯстдоштанист, ки аз гандуми кӯфташуда ва равғану гӯшт мепазанд.
Ба гуфтаи муҳаққиқон, ба ғайр аз хӯришҳои гуногун зиёда аз 70 намуди таоми миллӣ ҳаст, ки дастони моҳири кадбонуҳо дар маҳалҳои гуногуни ноҳия омода карда, рӯйи дастархон мегузоранд. Дар фасли сармо, дар баробари таомҳои давобахш, кадбонуҳо ба пухтупази таомҳои серравған бартарӣ медиҳанду оши палав ва гӯштшӯрбо мепазанд.
Гулшан дар пухтани маҳсулоти нонӣ дастони моҳир дорад. Солҳои охир ҷойи танӯрро дар хонаҳои урфии бадахшонӣ «духовка» ва печҳои барқӣ гирифтанд. Вале нони дар танӯр пухта мазаи дигар дорад. Тақдири Гулшан омад кард, ки дар хонаи навашон ҳам анъанаи қадимаи кадбонугиро побарҷо дид. Хушдоманаш Назарбахт, агарчи солҳо дар вазифаҳои масъул, дар сохторҳои мақомот кор мекард, оташдони ҳавлиашро ҳамеша гарм нигоҳ медошт. Гулшан сидқан аз хушдоманаш миннатдор аст, ки дар пухтани маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ ва шириниҳо маслиҳатгар ва ёрирасони асосии ӯ мебошад.
Дар озмунҳо маҳсулоти нонӣ, ҳалво ва дигар шириниҳои бо санъати баланд пухташудаи ҳунарманд писанди иштирокдорону доварон мегарданд. Иштирокдорони зиёд пас аз чашидани «ғӯзманҷак» (омехтаи чормағзу тути хушк, ки дар болои тахтасанги махсус кӯфта мешаванду талқони онҳо бо равғани зағир омехта мегардад), онро беҳтарин ширинии намоиш ном бурда, ба тарзи тайёр карданаш мароқ зоҳир менамуданд.
Бонувони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Шуғнон, санъати баланди кадбонугӣ доранд, бароям ифтихор аст, ки тавонистам дар сатҳи ҷумҳурӣ ба таври шоиста онҳоро намояндагӣ кунам, - изҳор дошт омӯзгор ва кадбонуи муваффақ Гулшан Назаралиева.
М.ШОҲҶАМОЛ,
ноҳияи Шуғнон
Мубодила:
Шарҳҳо
