БОЙГОНӢ

«    Июн 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Аз табори одамони сарбаланд

Илм ва маориф / Фарҳанг

Табиби ҳозиқ Бастагул Набиева дар деҳаи Яхчи ноҳияи Нуробод, дар оилаи марди маорифпарвар Сафӣ Набиев ба дунё омад. Сахтгирию таваҷҷуҳи сарвари хонадон дар таълиму тарбияи даҳ фарзанд сабаб шуд, ки ҳама соҳибмаълумот гардад.

 Духтарони мо аввалин нафароне дар водии Рашт ба шумор мераванд, ки соҳиби маълумоти олӣ гаштаанд. Дар он солҳо волидон давом додани таҳсилро барои духтарон мамнуъ медонистанд. Падари бузургворам, ки худ агроном буд, ҳамеша моро ба омӯзишу хондан талқин менамуд. Мегуфт, вақте мерасад, ки ҷавонмардон духтари нохондаро ба занӣ намегиранд. Падарам, баръакси қоидаҳои деҳот амал мекард, -мегӯяд хонум Бастагул.

 

Маҳз дастгириву кӯшиши падар сабаб гаштанд, ки духтарони хонадон на танҳо дар минтақа, балки дар Тоҷикистон ва берун аз он шуҳратманд шуданд. Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Моҳрухсор Сафиева намуна буданд.

Пас аз хатми синфи ҳаштум ба Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат, ки филиалаш дар ноҳияи Нуробод воқеъ буд, дохил шуда, пас аз чор сол онро тамом кард. Инак, зиёда аз 40 сол аст дар соҳаи тандурустӣ фаъолият мебарад. Дилбастаи касби хеш, ки буд, дар душвортарин лаҳзаҳо низ аз кор рӯ натофт. Ихтисосаш ҳамшираи шафқат бошад ҳам, ҳангоми нарасидани мутахассис дар шуъбаҳои ҷарроҳӣ, кӯдакона, момодоя ба табибон ёрӣ мерасонад.

 Солҳои низоъҳои дохилӣ, ки бештари ҳамкорон корро партофта, гуреза шуда буданд, қатъи назар аз таҳдидҳои гурӯҳҳои мухолиф кор мекардем. Шабҳои сарди зимистону бебарқӣ, ки он давраҳо нақлиёт ҳам набуд, пои пиёда ба манзили беморон мерафтем. Борҳо шудааст, ки дар шароити хона таваллуди зан бидуни ҷарроҳӣ имкон надошт, савори аспу хар занҳоро ба беморхонаи ноҳия мерасондем, - иброз медорад ҳамшира.

Ин бонуи заҳматқарин хонаобод асту бо ҳамсараш соҳиби се писару се духтар мебошад, фарзандонро соҳибмаълумот намудаасту набераякони дӯстрӯяк низ дорад.

 Шукр, ки имрӯз дар кишварамон сулҳу осоиштагӣ ҳукмфармост. Ҳамаи ин хизмати фарзанди фарзонаи миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Оромии Ватан ва амният дар рӯи дунё гавҳари ноёбанд. Имрӯзҳо садҳо духтарон тавассути Квотаи президентӣ соҳиби диплом ва ҷойи коранд. Дар қатори онҳо духтарони ман низ соҳибмаълумот шудаанд, - мегӯяд бону.

Бастагул Набиева дар баробари омӯзиши илму дониш ва фаъолият намудан дар кори давлатию саҳм гузоштан дар пешравии ҷамъият, ҳамчунин аз дунёи ҳунармандӣ низ бохабар аст.

 Аз хурдӣ ба ҳунармандӣ завқ доштам. Пешаварӣ дар мо авлодист. Модарам Мевагул Сафарова зани чирадаст ба шумор мерафт. Ҳанӯз талабаи мактаб будам, ки куртадӯзиро ёд гирифтаму ҳамеша ба кӯдакони ҳамсоя куртачаҳо омода менамудам. Шабҳои бебарқӣ ҳам дар назди чароғ рӯймолак мебофтам ё шероз.

Давраи хурд будани кӯдаконам барояшон ҷомача медӯхтам. Ҳоло куртаи занонаву мардона, қарама, гулдӯзӣ, шероздӯзӣ, нимнаскӣ, ҷӯроби помирӣ, ҷӯроби ғафс, ҳамён, кокул, занҷирҳои калид, ҳамёни телефонҳои мобилӣ, чойникпӯш тайёр мекунам,- изҳор дошт ҳунарвар.

Ҳунарҳои дастиаш борҳо чорабиниҳои ноҳиявию шаҳриро зеб додаанд. Эъҷози дастии ӯ бинандагонро мафтун месохтанд. Бастагул ба ҷуз ин кадбонугиро низ балад асту дар пухтани нону гирдачаву кулчаҳои нурободӣ беҳамтост. Ҳатто дар як чорабинии соли гузашта дар Боғи Ирами пойтахт, дар омода кардани нону кулчаву чапотӣ ҷойи сеюмро ишғол намуда буд. Бас­тагул дар омода намудани оши палов, тушбера, оши бурида, қаламафатир, қурутоб, фатирмас­ка, далда, нашоиста, рӯғанҷӯш, ҳолмунширбат, тарҳавло ва чандин ғизоҳои миллии тоҷикӣ моҳир аст.

Садҳо бор шукр, ки ҳунар дораму дар зиндагӣ азоб намекашам. Ҳамин ҳунарам дар зиндагӣ маро хор шудан намонд. Хӯрондани шаш кӯдак дар замони даргириҳо осон набуд, вале аз ошхонаи ман доим дуд мебаромаду ба ҳамсояҳо, дар баробари нон, ягон анвои хӯрданӣ кумак мекардам. Қисме аз занону духтарҳои ҳозира танбал шудаанд. Духтаронро бояд аз хурдӣ меҳнатдӯст тарбия намоему ягон ҳунарро ёд диҳем, то дар оянда азоб накашанд, - изҳор намуд Бастагул Набиева.

 Дар як намоиш, ки дар ноҳия доир гардид, меҳмони олиқадр Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари дасткориҳои ҳунармандони нурободӣ аз гӯшаи таомҳои миллӣ, ки маҳсули дасти банда буд, дидан намуда аз ғизоҳои маҳаллӣ ва тарзи тайёр намудани онҳо мароқ зоҳир намуданд, ки аз он хеле хушҳол шудам,- иброз дошт ҳамсуҳбатам…

Хурду калони деҳаи Яхч дӯсташ медоранду дар дили пиру барнои ноҳияи Нуробод маъво гирифтааст, зеро, дар баробари ҳунарманди асил ва табиби ҳозиқ буданаш, ниҳоят шахси хоксор ва самимист. Ҳисси баланди ватандӯстӣ, саховатмандӣ ва раҳмдилиаш дар гуфтору рафтору кирдораш ҳувайдост.

Мадина БАЛАҶОНОВА,

Душанбе-Нуробод

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон