Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
ОМӮЗГОР
Илм ва маорифБахту давлат чу пешкори туанд,
Нусрату фатҳ пешёри ту бод.
Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ
Таваллуди панҷ фариштаи хурдакакро падар неъмати бузургу нишонаи хайру баракати зиндагӣмедонист. Нури дидагонаш ба ӯ рӯшноӣ, меҳр ва ширинии ҳаётро мебахшиданд. Қиблагоҳ тавлиди писарро аз духтар кам надониста, ба дунё омадани духтарро туҳфаи тақдир меҳисобид. Кибриё пас аз чаҳор хоҳарбузург 30-юми майи соли 1974 дар деҳаи Сарёзии Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб чашм ба олами ҳастӣкушод. Ба шарофати ӯ чанд сол пас модар соҳиби шоҳписари нозанин гардид. Падараш Сулаймон, ки худ марди кишоварз буду ба замин дилбастагии зиёд дошт, ба фарзандон сабуриву меҳнатқаринӣва ростқавлу поквиҷдон буданро талқин мекард, ба ҳамдеҳагон дар иҷрои корҳои саҳроӣ, ҷамъиятӣ, ҳашарҳо сару бар мешуд, аз ин сабаб ҳамдеҳагон ӯро «Капитан» унвон доданд.
Модари мушфиқи хонадон бо дастархондорию меҳмондӯстиаш байни ҳамсояҳо, хешону пайвандон ва ёру дӯстон ном бароварда, соҳиби иззату эҳтиром гашта буд. Ҳатто лӯлиҳоро аз дари хонааш ноумед намегардонд, ҳамеша ба чою хӯрок мехонд. Бо омадани ӯ ба хонаи шавҳар, чор ятими хаста дар симои ӯ модари меҳрубонро пайдо карданд. Дар баробари шаш фарзанди худ чор додару хоҳари ятиммондаи шавҳарашро ба воя расонд. Фарзандони хонадон Моҳру, Нисо, Шоҳона, Хадича ва Умарҷон соҳиби маълумоти олӣгардида, имрӯз дар ҷомеа мақому манзалатро соҳибанд.
- Мом шахси меҳрубон ва хоксору самимӣбуду дар баробари кори хонаву саҳро ба фарзандон ҳам расидагӣменамуд. Аз хондану рафторамон огоҳ буду ҳамеша моро ба роҳи рост рафтану ростқавлу поквиҷдон будан илқо менамуд. Волидон аз хурдӣба мо насиҳат медоданд, ки то тавонед дасти ниёзмандеро гиреду саховатманду накукор бошед, зеро дар ин дунё ғайр аз некӣдигар чизе боқӣнамемонад, - иброз дошт Кибриё Одинаева.
Гарчанде дар кунҷи дил орзуи донишҷӯ шуданро дошт, пас аз хатми мактаби миёна натавонист ин орзуяшро амалӣнамояд.
Вақте мактаби миёнаи №15-ро хатм карданам, аз як сӯ нооромиҳои кишвар ва аз тарафи дигар хурд будани бародараму донишҷӯии апаҳоям натавонистам, ки ҳуҷҷатҳоямро ба донишгоҳе супорам. Баъди чанд муддат муяссар гардид, ки ба факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣдохил шаваму ғоибона онро хатм намоям, - гуфт ҳамсуҳбатам.
Меҳри кӯдакон боис гашт, ки ӯ фаъолияташро ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣоғоз намуда, дар ин ҷода беш аз 25 соли ҳаёташро ба таълиму тарбияи фарзандони мардум бахшад.
Ҳанӯз айёми талабагиам, вақте дар саҳни ҳавлӣкӯдаконро ҳини бозӣмедидам, аз онҳо чашм канда наметавонистам. Аз дидани чеҳраҳои фариштасои кӯдакон осудаву болидаруҳ мегардидам. Бо онҳо худро дар олами хуррамии тифлӣмебинам. Шукр мегӯям, ки дар фазои амну осоиштаи кишвар аз пешаи писандидаам рӯзӣмеёбам, - ироа намуд бонуи омӯзгор.
Хонаи Кибриё дар шаҳри Кӯлоб воқеъ аст, аммо ҳар рӯз ба деҳа, барои дарсдиҳии шогирдон меояд.
- Кӯдакиву ҷавонии ман ин ҷо гузаштаанду фаъолиятамро дар мактаби миёнаи №15 оғоз кардаам ва аз ин таълимгоҳ дил канда наметавонам. Муаллимони беҳтарин дарс дода, моро соҳиби дониши мукаммалу қавӣгардонданд. Агар коратро дӯст дорӣ, пеши мушкилиҳо набояд сар фарорӣ. Мактабро хеле дӯст медораму субҳи содиқ сӯйи дабистон мешитобаму роҳ ҳам дар назарам наздик менамояд. Ҳар гоҳи ба синфхона даромадан ва дидани чеҳраҳои гарми кӯдакон қалбу руҳамро осоиш фаро мегирад.
Ҳамчун муаллими некхоҳу бомаърифат ҳурмату эҳтироми ҳамкорону ҷомеаро ба даст овардааст. Ағлаби шогирдонаш ба донишкадаву донишгоҳҳои кишвар дохил шуда, соҳиби маълумоти олӣгаштаанд. Рисолати омӯзгориашро дар назди шогирдон то ҳол анҷом медиҳаду хушбахт аз он аст, ки нозукиҳои касбро ба онҳо меомӯзад.
Бо вуҷуди таҷрибаи ғанӣдоштан, вай ҳанӯз дар ҷустуҷӯи равишҳо ва усулҳои нав ба нави таълим аст. Миёни ӯву падару модарони хонандагон ҳусни тафоҳум вуҷуд дорад.
- Тарбияи кӯдак заҳмати якҷояи мактабу хонаро тақозо менамояд. Таълимдиҳии кӯдак нозукиҳои зиёд дорад. Ҳар кӯдак дунёи худ ва хислати ба худ хосро молик аст. Ман, пеш аз он ки бо кӯдак сару кор мегирам, аз падару модар хӯву хислати онҳоро мепурсам.
Бо фаҳмидани хислати кӯдак бароям дарсгузарӣосонтар шуда, бо ҳар яки онҳо вобаста ба феълу атворашон муносибат менамоям. Нахуст мекӯшам, то кӯдак ба мактаб дил бандад. Дар сурати майл доштан ба мактаб, талаба ба омӯхтан ҳам рағбат пайдо мекунад, - иброз дошт омӯзгори собиқадор.
Гарчанде ин модари меҳрубон ҳаёташро пурра сарфи фарзандони мардум гардондааст, тавонистааст, оилаи обод барпо кунаду дар замири духтари ягонааш Меҳринигор ишқи донишро ҷой созад.
Духтарам Меҳринигор имсол ба синфи дувум мераваду аллакай 300–400 мисраъ шеърро аз бар кардааст. Китобхониро дӯст медораду ба омӯхтани забони русӣҳам майл дорад. Дар барномаҳои рангини боғча бо рақс ва шеърхонияш ангуштнамо буд. Ният дорам, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣкитоб аст», дар номинатсияи адабиёти бачагона иштирок намоем, - аз орзуҳояш лаб кушод Кибриё Одинаева. Истиқлолият неъмати бебаҳо ва рамзи соҳибдавлатии кишварҳо ба ҳисоб рафта, барои миллати куҳанбунёди тоҷик дастоварди волотарин ва пурарзиштарин аст.
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки аз орзуву ормонҳои ҳазорсолаи ниёкони тамаддунофари халқи тоҷик ба шумор меравад, баъди имтиҳонҳои бузурги сангин барои мардуми тоҷик насиб гаштааст. Ҳифзи ин неъмати бебаҳо вазифаи муқаддаси ҳар сокини ба ору номуси ватандӯстдори диёри биҳиштосост.
- Истиқлоли давлатӣбарои омӯзгорон шароити созгор ба вуҷуд овард, ки ба шогирдон илму дониш андӯзему онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоем. Маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣва ваҳдати миллӣимконияти хондану таҳсил намудан пайдо шуд. Ҳамагон вазифадорем, ки дар ниҳоди кӯдак ватандӯстдориро ҷой дода, онҳоро дар руҳияи хештаншиносиву худогоҳӣтарбия намоем. Ба қадри ободиву озодӣва хизматҳои мондагори Пешвои муаззами миллат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон бирасему сулҳро пос дорем, - баён кард омӯзгор.
Мавсуф бар он назар аст, ки ҳоли ҳозир дар баробари забони модарӣкӯдак бояд боз ба омӯхтани забонҳои хориҷӣниз рағбат пайдо намояд.
-Хонандаи имрӯз ба омӯзгори саводнок ва забондон сахт ниёз дорад, зеро бе донистани забонҳо дар хориҷ муаррифӣнамудани давлату миллати хеш ғайриимкон аст. Дониши хуб додану хонандагонро ба забономӯзӣҳидоят намуданро вазифаи ҷониам мешуморам. Вазифаи ҳар як омӯзгор ин тарбияи хуби шогирдон аст, - афзуд дар фарҷоми суҳбат Кибриё Одинаева.
Мадина БАЛАҶОНОВА
Мубодила:
Шарҳҳо
