Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Маркази эътимоду бовар
Илм ва маорифМуҳимтарин ниҳоди соҳаи маорифи кишвар Маркази миллии тестӣ (ММТ) мебошад, ки дар даҳсолаи охир амаликунандаи орзуи довталабон ба унвони донишҷӯӣ гаштааст. Аз оғози фаъолият то имрӯз Марказ бо таъмини шаффофияту адолат раванди қабули донишҷӯёнро ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ мондааст.
Дастовардҳои назарраси мутахассисон ва системаи ММТ бо истифодаи низоми компютерӣ ва тестҳои стандартшуда фароҳам овардани имкониятҳои яксон ба кулли довталабон аст. Назорати шадид ва дахлнопазирӣ аз таъсири шахсони дигар боис шуд, то ҳолатҳои фасод ва ришвахорӣ ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ коста, бовари ҷомеа ба ин Марказ таҳким ёбад.
Кормандони ММТ, махсусан дар давраҳои ба анҷом расондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, бақайдгирии довталабон, гузарондани имтиҳонҳои дохилшавӣ ва тақсимот бо диққати хос фаъолият мебаранд, то нуфузи ин ниҳодро миёни ҷомеа нигаҳ доранд.
- Маркази миллии тестӣ муассисаест, ки вазифаи он ба пуле шабоҳат дорад, ки мактаби миёна ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбиро ба ҳам пайваст мекунад. Таъсиси Марказ ва ҷорӣ намудани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) талаби замони муосир буд. Пӯшида нест, ки дар давраи қабули анъанавӣ, раванди дохилшавӣ ба зинаи таҳсилоти олӣ аксариятро қонеъ намекард. Дар ин самт амалҳое ҷой доштанд, ки боиси нигаронии ҳам роҳбарияти олии кишвар ва ҳам ҷомеа буд, - иброз медорад муовини аввали директори Маркази миллии тестӣ Абдулбосит Шодиниё.
Марказ дар тули фаъолияти худ имконотеро фароҳам овардааст, ки солҳои қаблӣ ҳатто берун аз тасаввури довталабон буд. Дар ноҳияҳои дурдаст хонандагон, махсусан духтараконе, ки саводи кофӣ доштанду аз танқисии молиявӣ азият мекашиданд, шароити ҳузур пайдо кардан дар давраи қабул ва имтиҳонҳои муассисаҳои таҳсилотӣ олӣ барояшон ғайримумкин буд. Аз ин рӯ, ҷойи довталабони донишмандро дар курсии донишгоҳу донишкадаҳо нафарони «хуштолеъ» ва «соҳибдирам» пур мекарданд.
Интихоб намудани то 12 ихтисос ва муассисаи таҳсилоти олии писандида, вақти мувофиқ барои номнавис кардан ва имкониятҳои такрорӣ барои бақайдгирӣ, супурдани имтиҳон дар наздиктарин нуқта ва маркази имтиҳонии ба аксарият дастрас, арзёбии воқеии дониш, тақсимоти одилона ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо ёрии техникаву технологияи муосир тибқи интихоби довталаб боис шуд, то эътимоди ҷомеа ба фаъолияти ММТ таҳким ёбад.
- Маркази миллии тестӣ тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии маънавӣ ба чанд гурӯҳи довталабон холҳои имтиёзӣ медиҳад. Инҳо ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ, соҳибони дастовардҳои назаррас дар соҳаи фарҳанг, санъат ва варзиш, ятимон, маъюбон, бепарасторон, фарзандони хизматчиёни ҳарбие, ки дар вақти иҷрои хизмати ҳарбӣ ҳалок шудаанд ва шахсони хизмати ҳарбиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адокарда мебошанд, - таъкид медорад Абдулбосит Шодиниё.
Ғайр аз ин, дастгирии довталабони беҳтарин аз афзалиятҳои дигари фаъолияти Маркази миллии тестӣ дониста мешавад.
Донишҷӯи курси 2-юми факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ Меҳрона Маҳмадёрзода пас аз хатми МТМУ №56-уми ноҳияи Синои пойтахт дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ соҳиби 474.8 хол гашт. Ӯ аз шумораи ҷавононест, ки бо касби холи баландтарин ба рӯйхати «Даҳгонаи довталабони беҳтарин дар ИМД-и соли 2023» шомил шуд ва аз рӯйи интихоби якум ихтихоси таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (англисӣ- чинӣ) дар гурӯҳи ройгон донишҷӯ шуд.
- Бартарияти асосии ММТ шаффофияти он аст. Аз ҷумла, 40 дарсади саволҳои ИМД аллакай дар сомонаи Марказ пешниҳод шудааст. Дилхоҳ кас намунаи саволҳо, тавсияҳо дар бораи дуруст пур кардани варақаи тестӣ, тарзи гузаштани имтиҳон, қоидаҳои баҳогузориву меъёри холмонӣ ва тамоми маълумоти заруриро метавонад дастрас кунад. Мо, як гурӯҳ ҳамсабақон, пеш аз эълон гаштани натиҷаҳои имтиҳон аз рӯйи дастурҳои пешниҳодшуда холҳои худро бо шавқу ҳавас борҳо ҳисоб карда будем. Бароямон ғайриинтизор буд, ки натиҷаи баровардаи мо бо натиҷаҳои ММТ яксон буданд ва ин бовари моро ба шаффофияти озмун ва дуруст арзёбӣ намудани дониши довталабон дучанд намуд, - изҳори қаноатмандӣ мекунад Меҳрона.
Қобили зикр аст, ки арҷгузории довталабони беҳтарин, ҳавасмандкунӣ бо ифтихорномаву ҷоиза, туҳфаҳои пуливу молӣ, сертификату китобҳои арзишманд дар ММТ аллакай ба расмият даромадааст ва ҷавонони огоҳ ҳарчи бештар талош меварзанд, то бо мутолааи пайваста ва фарогирии донишҳои зарурӣ дар радифи беҳтарин довталабони ИМД шомил гарданд.
Марказ барои тарғибу ташвиқи бештари донишандӯзӣ ҳар сол бо баргузории маросими тантанавӣ, ки дар он намояндагони воломақоми соҳаи илму маориф ширкат мекунанд, довталабони беҳтаринро бо ҳадияҳои гуногуни омоданамудаи роҳбарият дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи ватанӣ ҳавасманд месозад ва дар баланд бардоштани ҳисси маърифатандӯзию ватандӯстии наврасону ҷавонони кишвар, тарғиби бештари илму дониш саҳм мегузорад.
- Маҳз талоши ҳамаҷониба дар таъмини дараҷаи баланди шаффофият дар ИМД буд, ки аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ММТ вазифаи омода кардани саволномаҳо барои баргузории озмун ҷиҳати дарёфти Квотаи президентӣ гузошта шудааст. Ин вазифагузорӣ аз бовари роҳбарияти олии кишвар ба ин ниҳод маншаъ мегирад. Вобаста ба ин, Марказ саволномаҳои тестиро таҳия, чоп ва бастабандӣ менамояд, ки шаффофияти озмуни мазкур таъмин гардида, дар ин давра теъдоди саволномаҳое, ки барои баргузории озмуни болозикр таҳия шудаанд, беш аз 700 ададро ташкил медиҳад, - илова мекунад А. Шодиниё.
Доираи самти фаъолияти Маркази миллии тестӣ бо тақозои замон рӯз аз рӯз васеъ мешавад. Дар сатҳи олӣ ба роҳ мондани Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД), гузарондани таҳлилҳои оморӣ дар доираи натиҷаҳои ИМД, иштирок дар арзёбиҳои минтақавию байналмилалӣ, баргузор намудани олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон ва ғайраҳо ММТ-ро ба маркази эътимоду бовар табдил додааст. Фаъолияти назарраси мутахассисони соҳа гувоҳ аз он аст, ки ин низом низоми устувор аст ва масъулияти зиёд дорад. Зеро пӯшида нест, ки баланд бардоштани сатҳи қабули донишҷӯён ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо ҳам ба сифати таълиму тарбия дар мактабҳо ва ҳам ба сифати омодасозии мутахассисон таъсиргузор аст.
Мафтуна НАЗИРОВА
Мубодила:
Шарҳҳо
