Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Арбоби маънӣ
Илм ва маорифОмӯзгор шахси нурбору фидокор аст, ки бо донишу хирад насли наврас ва ҷавонро роҳнамоӣ мекунад. Дар ҳама давру замон омӯзгор ҳамчун нигаҳдорандаи чароғи маърифат ва роҳбалади ҳаёти маънавии ҷомеа шинохта мешавад. Сурайё Ҳайдарзода аз зумраи омӯзгороне аст, ки тули 28 сол ба таълиму тарбияи насли наврас машғул аст. Интихоби ин роҳро ба ду асос медонад: дар овони хурдӣ зиёд мутолаа намудани китобҳои бадеӣ ва усули таълими омӯзгори фанни забон ва адабиёт Гулчеҳра Худоёрова.
- Аз хонаводаи омӯзгор нестам, аммо хондани китобҳои бадеӣ, шеърҳо, аз ёд кардани луғат ва тарзи фаҳмондани мавзуъҳои дарсии муаллим дар интихоби касб ёрӣ расонд ва меҳри илмро дар дили ман бедор кард, - иброз дошт Сурайё.
Айёми кӯдакӣ аксар қарорҳои гуногун қабул мекунанд, Сурайё низ дар аввал мехост табиб бошад, аммо оташи меҳр ба адабиёт дар ин гулғунчаи боғи дониш аланга гирифт ва ин боис шуд, ки ҳини таҳсил дар озмуну олимпиадаҳо ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён мегашт. Баъди хатми мактаб ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро бо баҳои аъло тамом кард.
Соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини кишвар марҳалаи тоза ва муҳими тараққиёти ҷомеаро оғоз бахшид. Яке аз самтҳои калидии рушди давлатдорӣ дар ин давра соҳаи маориф ба ҳисоб меравад, ки дар пешрафти он бонувон нақши муҳим ва арзишманд мегузоранд. Баъд аз ба даст овардани истиқлолият, шароити иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар душвор буду бо вуҷуди мушкилоти зиёд, занони тоҷик, дар баробари мардон, барои пешрафти маориф ва баланд бардоштани сатҳи саводи аҳолӣ талош варзиданд. Бонувон ҳамчун омӯзгор, мураббӣ, роҳбари мактаб, кормандони мақомоти маориф фаъолона ва бо масъулияти баланд рисолати худро иҷро карданд.
Сурайё Ҳайдарзода дар қатори дигар занони соҳибтахассус фаъолияти кории худро аз МТМУ № 3-юми ноҳияи Темурмалик оғоз намуда, баъди панҷ сол дар Литсейи муҳандисии шаҳри Душанбе корро идома дод. Алҳол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ба донишҷӯён дарс мегӯяд. Вазифаи мудирии шуъбаи бақайдгирии ҳуҷҷатҳои Донишгоҳро низ ба уҳда дорад. Ҷодаи илм барояш баҳреро мемонад беканор. Мудом пайи омӯхтан аст. ӯ, ки ба таълиму тарбияи насли ҷавон машғул аст, мегӯяд, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои донишандӯзии ҷавонон шароитҳои хуби омӯзиш фароҳам оварда шудаанд.
- Агар ҷавонони имрӯзро ба ҷавонони 15–20 сол пеш муқоиса намоем, фарқият бармало мегардад. Чун насли имрӯз барои омӯхтани илму дониш ба ҳама шароитҳо дастрасӣ дорад. Маводи зарурии худро метавонанд аз китобҳо ё интернет дастрас намоянд. Имрӯз, ки технологияи муосир рушд намудааст, барои ҷавонон заминаи хубест. Ин ҳама аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад, - иброз медорад Сурайё Ҳайдарзода.
Ҳукумати кишвар ба масъалаи таҳсил ва иштироки занон дар ҳаёти ҷомеа диққати махсус медиҳад. Барномаҳои давлатӣ ва иқдомҳои зиёде барои баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа амалӣ мегарданд, ки дар натиҷа садҳо духтарони деҳот имкони таҳсил дар макотиби олӣ ва идомаи касби омӯзгориро пайдо кардаанд. Саҳми бонувон дар таҳияи китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ ва гузарондани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи маориф низ қобили зикр аст. Сурайё Ҳайдарзода аз дастгириҳои Пешвои муаззами миллат нисбат ба бонувони мамлакат самаранок истифода намуда, соли 2020 бо роҳбарии академик М. С. Имомзода рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Инъикоси худшиносии миллӣ ва ҳофизаи таърихӣ дар романи «Гардиши девбод»-и Абдулҳамид Самад» дифоъ намуд. Айни замон дар арафаи дифои рисолаи докторӣ дар мавзуи «Худшиносии миллӣ» мебошад.
Бо ин ҳама дастовардҳо дар самти кори илмӣ Сурайё Ҳайдарзода дар барпо намудани оилаи солим низ дасти расо дорад. ӯ ҳамсари вафодор, модари мушфиқи фарзанд ва бибии меҳрубон аст. Олими закӣ, намунае аз бонувони бомаърифат буда, пайваста мекӯшад, то дар тарбияи ҷавонони донишманд саҳм бигирад. Хушоянд аст, ки вай фарзандонашро дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ ба камол расондааст.
- Фикр мекунам, барои ҳар зан оилаи солим ва дар ҳама ҳолат канори ҳамдигар будан беҳтарин дороист ва шукри Худо аз ин неъмат бенасиб нестам ва дар ҳама ҳолат дастгирӣ ва маслиҳатҳои оилаам дар ҷойи аввал меистад, - мегӯяд Сурайёбону.
Бонувон ҳамчун неруи созанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа тавонистанд дар рушди соҳаи маориф саҳми назаррас гузоранд. Ҳар як пешрафти маорифи тоҷик бидуни талошу фидокории занон тасаввурнопазир аст. Бинобар ин, ҳифз ва тақвияти мақоми зан дар соҳаи маориф кафолати пешрафти устувори кишвар ба шумор меравад. Сурайё Ҳайдарзода ҳамчун фарди ватандӯсту меҳанпараст фидокорона баҳри пешбурди ҷомеа ба таълиму тадриси насли ҷавон кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Гулшан Ҷӯразода
Мубодила:
Шарҳҳо
