Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Бо набзи модарона
Илм ва маорифБа суроғи намоёнтарин муассисаи таълими шаҳри Истаравшан моро нишони Гимназияи №1- уми ба номи Аҳрор Мухторовро доданд. Дар маркази шаҳри косибон бинои зебою мунаққаши таълимиро дида, ҳаваси суҳбат рӯ мезанад. Саҳни таълимгоҳ тозаву ороста, мактабиён бо одоби хуби тоҷикона як-як ба мо салом медоданд. Раҳорав аз дил гузарондем, ки оё роҳбари дабистонро меёфта бошем? Овезаи паси дар исми Мадина Ашӯроваро ҳамчун директор ба мо муаррифӣ менамуд. Аз мушоҳидаҳои қаблӣ дар саҳни мактаб аллакай ба роҳбар баҳои худро дода будем. Пас аз ошноӣ, дубора эҳсос намудем, ки ин бонуи пуршараф диле дорад пур аз муҳаббат ва иродаи қавию устувор.
Мадина Ашӯрова бо меҳру навозиши модарона, суханони пандомезаш ба дили омӯзгорону хонандагон роҳ ёфтааст. Мисоли офтобест, ки ҳар субҳ бо чеҳраи хандон остони мактабро рӯшан мегардонад. Ӯ роҳбар аст, вале амру фармонравоиро хуш надорад. Бо маслиҳату машварати хуб ҳолати кормандашро дида, раҳнамоияш мекунад. Дар корҳои ободонии таълимгоҳ ва берун аз он низ баробари 120 нафар ҳамкорон ӯ ҳам ташаббус нишон медиҳад. Дарвоқеъ, роҳбар ташаббускор асту навовариро дӯст медорад. Синфхонаҳои тамизшуда, ҳуҷраҳои иловагии дарсӣ, китобхонаи барҳавои таъмин бо китобҳо, иштироки хонандагон дар дарсҳо ва озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ намунаи хубе аз фаъолияти директоранд.
Ишғоли се ҷой дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳр, роҳхат гирифтани 18 нафар ба даври вилоятӣ дар соли ҷорӣ, сазовори шаш ҷойи намуна дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, ихтирои як мошини сабукрав аз тарафи хонандаи синфи 7-ум Сардор Ҷабборов, инчунин иштироки хонандагон дар озмуни сатҳи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон шоёни таҳсину офарин аст, ки роҳбари муассиса аз он меболад.
Ҳар кӣ ба ин мактаб қадам мениҳад, эҳсос менамояд, ки ин ҷо донишу муҳаббатро ҳамвора ба хонандагон пешкаш мекунанд. Дар симои ҳам омӯзгорон ва ҳам хонандагон умед ба ояндаи нек, шукргузорӣ аз замони осоиштаву оромро мушоҳида намудем…
Дар рушди соҳаи маорифи кишвар имрӯз саҳми занони босаводу маърифатпарвар хеле бузург аст. Онҳо бо меҳру муҳаббат, заковату диди равшан дар тарбияи насли наврас ва пешбурди сифати таълим нақши созанда доранд.
Ба таъин гардидани Мадина Ашӯрова ба вазифаи роҳбари муассисаи мо, қадамҳои муҳиме ба ҷодаи таълим гузошта шуданд. Дар муддати кӯтоҳ ӯ тавонист бо ташаббусҳои созанда, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва таҳкими тартибу интизом, сатҳи таълиму тарбияро ба маротиб беҳтар намояд. Дар давраи роҳбарии ӯ, шогирдони мактаб бо маром дар олимпиадаю озмунҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Муассиса бо шароити хуби таълимӣ ва муҳити созандааш тавонист миёни волидону мактаб пули ҳамешагие барқарор созад. Мо, омӯзгорон, аз дастовардҳои шогирдон шоду аз равиши корашон қаноатмандем, - бо хушнудӣ иброз медорад Башорат Охунова, яке аз омӯзгорони собиқадори ин муассиса.
Собиқадори соҳибиқбол
Дар симои Башорат Охунова мо бонуи фарҳехта, омӯзгори пуртаҷриба ва модари меҳрубонро пайдо намудем. Вай домони 30 сол пайи рушди пешаи омӯзгорӣ ҷадал намуда, барои густариши ма- лакаи забондонии шогирдонаш талош меварзад. Омӯзгорони муассиса ба ӯ эҳтироми хоса дошта, аз маслиҳату машварати ин омӯзгори собиқадор баҳраманданд.
- Дар давоми фаъолияти омӯзгориам борҳо шоҳиди он шудаам, ки муҳаббат ба фан, муносибати инфиродӣ бо хонанда ва истифодаи усулҳои муосири таълим метавонанд натиҷаҳои назаррас ба бор оранд. Шогирдон вақте забонро зуд меомӯзанд, ки дар машғулиятҳо муҳити озод, усулҳои шавқовар барои хонанда фароҳам бошад. Дар раванди дарс мекӯшам, ки ҳар хонанда фаъол бошад. Барои хонандагоне, ки дарк кардани грамматикаи забони русӣ барояшон мушкил аст, аз машқҳои ҷолиб, воситаҳои аёнӣ истифода мебарем. Барои хонандагони болаёқат бошад, корҳои эҷодӣ – навиштани ҳикоя, таҳлили матн ва тарҷума, видео, аудио, рӯнамоиҳо пешниҳод мегарданд. Муаллим барои хонанда бояд раҳнамои меҳрубон ва намунаи ибрат бошад, - меандешад Б. Охунова.
Дар шароити имрӯзаи рушди ҷомеа, тарбияи ҳамаҷониба ва касбомӯзии духтарон яке аз самтҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор меравад. Дар Гимназия баробари таълими фанҳои асосӣ, ба духтарон, инчунин омӯзиши ҳунарҳои анъанавӣ, аз қабили чеварӣ ва хӯрокпазӣ ба роҳ монда шудааст. Ин ташаббус ҳисси зебоишиносӣ, мустақилият ва тайёрӣ ба ҳаёти оилавиро дар онҳо таҳким мебахшад. Омӯзгорон бо равиши муосир ба духтарон на танҳо тарзи дӯхтани либосҳои миллӣ ва замонавиро ёд медиҳанд, балки ба онҳо шеваи тартиб додани дастархон, омода намудани таомҳои миллиро низ меомӯзонанд.
Роҳбари муассиса иброз дошт, ки ин навъи омӯзиш ба духтарон имкон медиҳад, ки дар ба- робари дониши хуб доштан онҳо дар оянда бонуи хонадон, модари намунавӣ ва ҳамсари беҳтарин бошанд. Ин иқдом, ки ба дарси таълими меҳнат дохил мешавад, имкон медиҳад, ки онҳо дар оянда дорои зиндагии хуб ва дар иҷрои вазифа муваффақ бошанд.
Баҳои омӯзгор воқеӣ буд, зеро зани тоҷик дар ҷомеаи имрӯза на танҳо модар ва ҳамсар, балки ҳамчун омӯзгор, табиб, роҳбар ва соҳибкор шинохта мешавад. Рушди устувори кишвар бидуни иштироки фаъолонаи занон тасаввурнопазир аст. Бонувони маорифпарвар худро намунаи баланди масъулият, матонат ва хирад нишон медиҳанд. Мусаллам аст, ки онҳо на танҳо як насл, балки як ҷомеаро месозанд. Танҳо ба шарофати заҳмати ҳамин гуна бонувони равшанфикр ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон умед мебандем…
Фарзона ВОСЕЕВА,
Душанбе - Истаравшан - Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо
