Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Макони муҳаббат ва тарбия
Илм ва маорифДар маркази шаҳри Истаравшан боғчаи № 1 арзи вуҷуд дорад, ки миёни мардуми маҳал шуҳратёр асту соли 1989 таъсис ёфта бошад ҳам, имрӯз яке аз боғчаҳои намуна дар вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Дар дастовардҳои боғча сароғоз номи Матлуба Мухторова, бонуи хоксору меҳнатдӯст меистад, ки собиқаи 36-солаи педагогӣ дорад. Алъон дар нафақа бошад ҳам, дар паҳлуи мудири тозаинтихоб Мунаввара Бобокалонова ҳамчун мушовир-ёрдамчӣ фаъолият мебарад.
- Солҳои аввали кориам ба давраи душвори солҳои 90-уми асри ХХ рост меояд. Аксари мактабҳо аз фаъолият боз монда буданд ва мо маҷбур шудем, ки бачаҳои боғчаро, ки ба синни мактабӣ расида буданд, ба мактаб фаро гирем. Аз ин хотир, дар ошёнаи дуюми боғча синфхонаҳо таъсис додем, ки бачаҳо аз таълим дур намонанд. Муассиса минбаъд ҳамчун боғча–гимназия то соли 2010 фаъолияти худро пеш бурд. Хушбахтона, бо фароҳам омадани рӯзҳои осоишта, гимназия аз боғча ҷудо гардида, ҳамчун муассисаи алоҳида фаъолият дорад, - ба ёд меорад Матлуба Мухторова.
Тарбияи кӯдак раванди нозук ва басо масъулиятнок аст. Агар дар тифл дар ниҳоди ӯ меҳру муҳаббат, ахлоқи наку ҷо карда тавонем, оянда аз вай шахсияти солиму муваффақро чашмдор шудан мумкин аст. Дар ин ҷода боғчаҳои кӯдакона дар тарбияи онон нақши муҳим мебозад. Боғча на танҳо ҷойи нигоҳубини кӯдак, балки макони омӯзишӣ, муҳаббат ва ташаккули шахсияти тифлакон аст. Ин даргоҳ муҳити муносибест барои кӯдакон, зеро кӯдакон дар ҳамин синну сол мафҳуми «хуб»-у «бад»-ро дарк мекунанд ва одатҳои шахс дар ҳамин давра шакл мегиранд.
Дар боғча омӯзгорони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гаштаанд. Тарбиятгирандагон ба омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва дарси созу суруд фаро гирифта шудаанд. Навозандаҳои хурдсол дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд.
-Бача дар боғча имконият ва қобилияти худро пайдо ва рушд медиҳад. Ҳамон кӯдаке, ки суруд мехонад, расм мекашаду рақс мекунад, метавонад бо дастгирии мураббиён истеъдодашро бишносад ва ба сӯйи оянда қадамҳои боварнок гузорад. Ҳамин гуна кӯшиш намудаем, ки фазои озоди интихобро барои ҳар кӯдак фароҳам биорему ояндаи онҳоро дурахшон созем, - мегӯяд Мунаввара Бобокалонова, мудири боғча.
Ба андешаи бонуи соҳибмалака Матлуба Мухторова, мураббӣ бояд кӯдакро мисли фарзанди худаш бипазирад. Кӯдакон бисёр нозуканду муҳаббати воқеиро зуд эҳсос мекунанд. На ҳаркас метавонад мураббӣ шавад. Барои ин касб, дар баробари дониш, дили бузург зарур аст, то муҳаббати ҳар кӯдакро дар худ ҷо карда тавонӣ. Мураббии ҳақиқӣ бо кордонии худ ба қалби ҳар кӯдак роҳ меёбад.
Боғчаи №1-уми Истаравшанро сокинон ҳамчун макони боэътимоди тарбия ва рушди кӯдак писандидаанду тарбияи дурусти фарзандонро ба онҳо бовар мекунанд. Матлубабону бо хушҳолӣ иброз дошт, ки имрӯз аксари чеҳраҳои намоёни шаҳри Истаравшан таълимгирандагони боғчаи мо буданд. Ҳар як дастоварди шогирд, ҳар қадаме, ки ба сӯйи комёбӣ мегузоранд, ин ба руҳияи омӯзгор таъсири нек мегузорад.
- Кӯдакон тавассути бозӣ беҳтару зудтар машғулиятҳоро аз худ мекунанд. Ин усул шавқу ҳаваси кӯдакро бедор менамояд. Ҳар мавзуъро метавон дар шакли бозӣ пешниҳод кард: ҳисобкуниро бо кубикҳо, омӯзиши ҳарфҳо бо кортҳои ранга, шиносоӣ бо табиат амсоли дарсҳои ҳаррӯзаи мураббияҳои мост, - мегӯяд роҳбари муассиса.
- Кӯдакон дӯст медоранд, ки бо дастони худ чизеро созанд ё таҷриба кунанд. Масалан, дар вақти шиносоӣ бо меваҳо онҳо худашон расми себу ноку ангурро тасвир менамоянд, ки ин завқи онҳоро бештар месозад. Суруду шеърҳои кӯтоҳ ва афсонаҳои одӣ ба ёдгирии калимаҳо, таҳкими хотира ва инкишофи нутқи кӯдак ёрӣ мерасонанд. Ҳамчунин, суҳбати кӯтоҳ дар бораи мавзуъҳои гуногун, пурсидани фикри онҳо имконият медиҳад, ки нутқи гуфтугӯии кӯдакон рушд ёбад, - иброз медорад М. Мухторова.
Тарбияи дурусти кӯдак замоне комил мегардад, ки байни боғча ва зодмандон ҳамкории зич пойдор бошад. Мураббиён бо падару модарон бояд роҳҳои нави рушди кӯдакро вобаста ба замон ҷустуҷӯ намоянд.
Боғчаро пояи асосии шахсиятсозии кӯдак мегӯянд. Агар ин поя устувор бошад, ҳама зинаҳои баъдӣ, яъне мактаб, донишгоҳ ва зиндагӣ ба осонӣ даст медиҳад.
- Пайдост, ки ҳар куҷо чароғи маориф рӯшан аст, бовар дошта бошед, ки дасти меҳнатдӯсту дилгарми як бонуи омӯзгорест, - бо ифтихор арз медоранд бонувони ин даргоҳ.
Воқеан, дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо занон ҳампаҳлуи мардон барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, хусусан соҳаи маориф, ба фаъолияти пурсамар машғуланд ва барои таҳкими дастовардҳои истиқлол ва бунёди давлатдории миллӣ саҳми сазовор мегузоранд. Занону духтарони кишвар, дар баробари тарбияи фарзанд, тарғиби одобу ахлоқ ва дигар арзишҳои инсонӣ, ҳамчунин, дар пешбурди низоми маорифи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.
Фарзона ВОСЕЕВА,
Душанбе - Истаравшан - Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо
