Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Чашмаи меҳру сафо
Илм ва маорифСафар ба ноҳияи Панҷ, ки яке аз ноҳияҳои идорӣ ва ҷанубии вилояти Хатлон буда, дар ҳавзаи рӯди Панҷ доман густурдааст, муассиру хотирмон буд. Бо тақозои вазифа бо нафаре, ки ҳар ҳарфашро месазад барномаи рафтори насли ҷавони ин мавзеи сарҳадӣ унвон кард, суҳбат гарму самимӣ сурат гирифт.
Сайёра Ҷӯрақулова аз зумраи омӯзгоронест, ки шабеҳи шамъ месӯзанду бо афкори созанда ба ҳаёти инсонҳо нуру сафо ва равшанӣ меоранд. Саҳфаҳои донишу ҳунару маърифати зиндагиро ба рӯи хонандагон боз карда, онҳоро бо китоби зиндагӣ дамсозу ҳамроз менамоянд.
Бо кӯлбори беш аз 25-солаи таҷрибаи корӣ, ӯ дар ин масир сабзиду тобиду обутоб ёфт ва ҳоло ҳамчун директори МТМУ № 26-уми ноҳияи Панҷ пайи иҷрои рисолати касбист. Бо дунёи омӯзгорӣ маҳз дар ҳамин даргоҳ ошно шуду ҳамчун омӯзгори фанни математика дар синфҳои болоӣ муддати се сол таълим дод. Мақоли «бузургӣ ба хирад аст, на ба сол» корбаст омад, ки дере нагузашта, ҳамагӣ се сол пас ҳамчун муовини директор оид ба корҳои таълимӣ таъин шуд. Баъди ин, дар МТМУ № 28-ум ба симати директор ба кор пардохт ва чанде пас дар ин вазифа ба мактаби № 26 баргашт. Агарчи бинои мактаб бозмонда аз соли 1961 аст, соли 2023 бо талошҳои роҳбари мактаб ва дастгирии зодмандони хонандагон дар саҳни мактаб чаҳор синфхонаи иловагии замонавӣ қомат афрохт.
- Дар умум, муассиса дорои 23 синфхона буда, дигар синфхонаҳо мероси ҳамон давраҳосту ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёме, ки 28-уми декабри соли 2024 ироа намуданд, иброз доштанд, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад…
Аз ин рӯ, ба мудири маорифи ноҳия пешниҳод намудем, ки барои бунёди синфхонаҳои иловагӣ ва навовариҳо дар мактаб мусоидат намоянд, ки он ҷониб низ дар баррасии ин масъала посух гуфтанд. Вақте синфхонаҳои иловагии барҳаворо бо тирезаҳои васеъ, мизу курсиҳои нав, тахтаи электронӣ ва ҳавосозҳо мавриди истифода қарор додем, чунин муҳити созгор ба хонишу муваффақияти хонандагон мусоидат намуда, ҳам ба онҳо ва ҳам ба омӯзгорон ангезаҳои нек бахшид, - иброз дошт Сайёрабону.
Дар ин боргоҳи таълим 541 хонанда, аз ҷумла 287 нафар духтар, дар се зинаи таҳсилот фаро гирифта шудааст, таълими онҳо дар ду баст сурат мегирад. Аз шумори 38 омӯзгор 26 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Ба иқрори роҳбари муассиса 86 – 90 дарсади хатмкунандагони мактаб ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супурда, ҳудуди 60 дарсади онҳо ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дохил мешаванд. Дар соли таҳсили 2024 – 2025 бо Квотаи президентӣ чаҳор хатмкарда озими таҳсил дар донишгоҳҳои кишвар шуд. Довталабон бештар равияи омӯзгориро интихоб карда, ба коллеҷҳои тиббии мамлакат низ зиёд шомил гаштанд.
Фароҳам овардани шароити мусоид барои робитаи ҳамвораи падару модар бо мактаб яке аз принсипҳои кории роҳбари муассиса буда, барои ноил гардидан ба ин ҳадаф бо пайваста доир намудани ҷаласаҳои падару модарон дар ин самт муваффақ гаштааст. Агар талабае ба ҷамъомади пагоҳирӯзӣ дер ояд, бо мақсади пешгирӣ аз ин ҳолат, бо зодмандони кӯдак дар тамос мешавад, то мабодо дигарон ба ин одат накунанду масъулиятро дар мадди аввал гузоранд.
- Бо кӯдаке, ки ҳам падару модар ва ҳам омӯзгор корбарӣ менамояд, робита бо вай саҳл сурат мегирад, ӯ омӯзгорро ба зудӣ дарк менамояд ва маводи таълимиро зуд аз бар мекунад. Мутаассифона, баъзе волидон ҳаваси кӯдакро ба хондан барҳам медиҳанду истеъдоди ӯро нодида мегиранд. Духтараке фаъол дар синфи 7-ум мехонду дар ҳама озмунҳо дастболо мешуд. Пайвандонаш монеи ширкати ӯ дар даври вилоятии озмун гаштанд, бо далели он ки духтарбача набояд ба роҳҳои дур сафар кунад, ҳол он ки вай метавонист ғолиби даври ҷумҳуриявӣ шуда, соҳиби мукофоти моддию маънавӣ гардад, - ироа намуд Сайёрабону.
Номбурда аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки Қонуни мазкур ба хотири назорати ҳуқуқии раванди таълиму тарбияи насли наврас ва таҳкими ҳисси масъулиятшиносии волидон қабул шуда, иҷрои он барои ҳар як падару модар ҳатмӣ ва муносибати некбинонаи онҳоро ба ояндаи фарзандон пешбинӣ менамояд.
- Дар хона фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон ҳатмист, агар ниҳолро аз хурдӣ хуб парвариш намоӣ, рост нашъунамо меёбад ва ба дарахти қавие бадал гашта, самари дилхоҳ ба бор меорад. Дар Ҷашни Наврӯз ба зодмандоне, ки бо мактаб пайваста дар робитаанду ба таълиму тарбияи фарзандон таваҷҷуҳ доранд, дар назди мардум ифтихорномаҳо супурдем. Баъди чорабинӣ модаре наздам омаду аз ғояти хурсандӣ оғӯшам гирифт ва гуфт, ки ин ягона ифтихорномаест, ки дар ҳаёташ гирифтааст, - изҳор дошт мусоҳибам…
Бонуи корсолор хатмкардаи Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) буда, барои дарёфти маълумоти олӣ ба факултаи математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуду бо ихтисоси математик диплом ба даст овард, то аз чашмаи меҳру сафояш фарзандони халқро шодоб гардонад. Талош кард, ки фарзандонаш маълумоти олӣ гиранд ва дар ин раҳ низ муваффақ шуд.
Ситора АШӮРОВА,
Душанбе – Панҷ - Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо











