БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Самари масъулият

Илм ва маориф

Фаъолияти бонуи соҳибэҳтиром Соро Баротова аз омӯзгорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-уми шаҳри Хуҷанд оғоз шудааст. Дертар дар ҳамин мактаб муовини директор оид ба тарбия буд. Дар раёсати маорифи шаҳр ва Муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Суғд низ вазифаҳои гуногунро то синни нафақа сомон додааст.

Се сол пеш раиси маҳаллаи Ҷаббор Расулов бо хоҳиши худ аз вазифа истеъфо доду мардум бонуи бознишаста Соро Баротоваро ба иҷрои масъулият пешбарӣ намуданд. Ҳарчанд пофишорӣ кард, ки аз уҳдааш намебарояд, тасмими ҳаққу ҳамсояҳо ҷиддӣ буд, зеро солҳои тулонӣ дар имтиҳони онҳо чун нафари аз ҳама фаъоли маҳалла, коргару ташкилотчӣ ва бомасъулият муаррифӣ мешуд. - Солҳои охир раиси бахши занони маҳалла будаму маҳалладорӣ бароям кори ошно буд, бо шуруи масъулият нахуст аз чанд пирони кори маҳаллаҳои шаҳр нозукиҳои корро пурсон шудам, - мегӯяд Соробону.

 

Маҳаллаи Ҷаббор Расулов яке аз маҳаллаҳои бузурги шаҳри Хуҷанд аст, 12 кӯча, 11 бинои баландошёнаи истиқоматӣ дошта, 6426 нафар умр ба сар мебарад. Аксари кӯчаҳои маҳалла, ки раис надошт, ба онҳо беҳтарин сокинони кӯчаро саркор монд. Дар чойхонаи маҳалла пиру барноро ҷамъ оварду мақсадҳои некашро барои ободии маҳалла баён дошт. Тозагиро гарави саломатӣ ва сарчашмаи муваффақиятҳо дониста, нахуст сокинонро пайи корҳои ободонӣ ва тозагии роҳу биноҳои истиқоматӣ даъват намуд.

Бонуи намуна, ки буд, мардум аз паяш рафтанд ва даст ба ободиҳои бештар бурданд. Дертар мутобиқи тартиби Низомномаи маҳалла озмуни «Кӯчаи беҳтарин»-ро бо мукофотҳои пулӣ аз 350 то 500 сомонӣ роҳандозӣ намуд. Ҳадаф он буд, ки кӯчаҳо ҳамеша тозаву ороста, гулпӯшу зебо гашта, хонаводаҳо бе нуқсони оиладорӣ, зиндагии бе хушунат ва тарбияи хуби фарзандонро дошта бошанд. Се ҳавзи кӯчаи Аминзода, ки солҳо боз ба ҳоли худ гузошта шуда буд, бо кӯшиши раиси нав тозакорӣ гашта, макони фароғати мардум гашт.

Макони кори раиси маҳалла аз ҳуҷраи кории роҳбарони идораҳои маорифу фарҳанг камӣ надорад. Қарору санадҳои маҳалладориро пурра китобӣ намуда, мавсими кору ҳашар, суҳбату вохӯриҳои мардум бо мақомоти маҳаллӣ ва қудратӣ, маорифу тандурустӣ, базмҳои дилхушии сокинон аккосию наворбардорӣ шуда, барои зинда нигоҳ доштани таърихи маҳалла бойгонӣ мешаванд. Дар китоби дигар чашмамон ба расмҳое афтод, ки раиси маҳалла ба сокинони кӯчаҳо маводи ғизоӣ тақсим дорад.

 – Ин ёрии саховатмандони маҳалла аст, ки тавассути мо ба оилаҳои ниёзманд расонда мешавад, - рамуз мегирад раис.

Ӯ бо ифтихор аз шахсиятҳои тавонманд ситоиш намуда, зикр мекунад, ки дар аксари ҷашну идҳои миллӣ бо дастгирии онҳо ниёзмандони маҳалла бо маводи ғизоӣ ва кумакҳои пулӣ, баҳравар мешаванд. Ҳатто саховатмандоне пайдо шудаанд, ки мошинҳои пур аз борро ба қароргоҳ ё чойхонаи маҳалла фуроварда, аз расонаӣ шудани исмашон худдорӣ мекунанд. Аммо раиси маҳалла барои худ зарур медонад, ки ному насаб ва андозаи ёриро дар худ нигоҳ дорад. Аъзои кумитаи маҳалла ҳама сокинони фаъолу ташаббускор буда, мудом ҷонибдориташаббусҳои раис мебошанд. Маҳз бо дастгирии онҳо мардум даст ба даст биноҳои истиқоматиро пурра рангубор намуда, даромадгоҳи биноҳоро бо дарҳои мустаҳками муосир муҷаҳҳаз карданд.

- Вақте Мақомоти иҷроияи маҳаллии вилояти Суғд дар озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» ҷойи аввалро насиби мо донист, сокинони маҳалла, пиру барно аз он хеле хурсанд шуданд. Маблағи ҳавасмандӣ 5 ҳазор сомониро пурра барои таҷҳизоти идора ва зебоии кӯчаҳо сарф намудем, - бо мамнуният изҳор медорад бону.

Маҳаллаи онҳо ба Озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Давоми ду ҳафтаи омодагӣ асноду ҳуҷҷатҳои маҳалларо ба тартиб овард, ҳунарҳои мардумиро бо оилаҳои рӯзгордида аз нав зинда намуда, пешкаши тамошогарони шаҳри Душанбе кард. Ёд дорад, ки лаҳзаҳои ба ҳакамон муаррифӣ намудани навгониҳои маҳалладорӣ, онҳо ба шавқ ӯро гӯш медоданд. Ҳакамони Озмун ба маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд ҷойи дуюмро муносиб диданд. Он лаҳзаҳо шодию хурсандии раиси маҳалла ва ҳамроҳонаш ҳадду канор надошту аз пойтахт бо сари баланд ва дастони пур ба маҳалла баргаштанд.

- Яке аз пешравиҳои кори мо ҳамкории пайваста бо кормандони соҳаи тандурустӣ аст, - мегӯяд бону. Суҳбату вохӯриҳои саривақтӣ ва андешидани чораҳои профилактикӣ имкон медиҳад, ки бемориҳои сироятӣ дар маҳал доман паҳн накунанд. Дар мушоҳидаи мо низ рӯзе, ки бо раис суҳбат меоростем, нафаре аз муҳоҷирати корӣ баргашта, худро дар китоби маҳалла аз қайд мегузаронд ва бо тавсияи бону ҳамон рӯз бояд аз санҷиши духтурон низ мегузашт. Дар дафтари алоҳидаи маҳалла исми садҳо нафар сокинони кӯчаҳо қайд шуда буданд, ки кадом рӯз ва бо кадом мақсад аз хоки кишвар муваққатан берун рафтаанд. Оилаҳои пурра ба муҳоҷират ё меҳмонӣ рафта дар дафтари дигар номнавис шуда буданд, ки теъдоди онҳо чандон зиёд набуд.

- Ду рӯз пеш аз Хадамоти муҳоҷират намоянда омада бо мардум, хусусан онҳое, ки азми сафар ба хориҷа доранд, суҳбат ороста буд. Имрӯз бояд кормандони соҳаи тандурустӣ бо сокинони маҳалла вохӯрда, оид ба пешгирии бемориҳои мавсимӣ ҳушдор диҳанд. Ҳамин зайл мардуми маҳалла зуд-зуд бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дидор мебинанд, ки ин ҳама дар ба низом овардани тартибот дар маҳалла ва фурӯ нишондани сатҳи бемориҳои авҷгиранда мусоидат менамоянд,- қаноатмандона зикр мекунад раиси маҳалла.

Дар кӯчаҳои маҳалла соате чанд сайр намуда, ба дурустии андешаҳои раис бори дигар бовар ҳосил кардем. Чанд тан зану мардеро мешунавем, ки аз фаъолияти раис изҳори хушҳолӣ мекунанд. Мегӯянд, ки тайи ду соли роҳбариаш дар маҳалла навгониҳои зиёд рух доданд, кӯчаҳо ва роҳи байни хонаҳо мумфарш шуданд. Дар баробари дастгирии мақомоти маҳаллӣ, сокинони маҳалла он рӯзҳо ихтиёран ба ёрии роҳсозон баромада буданд. Саховатмандон низ дар ободии роҳҳо саҳми худро зиёд гузоштаанд. Нафарони дигар моро бовар кунонданд, ки мактабу маркази саломатӣ ва кӯдакистонҳои маҳалла аз таваҷҷуҳи раис дур нестанд. Бартарияти кори раиси маҳалла дар он аст, ки зуд-зуд аз корҳои анҷомдода мардумро огаҳ месозад.

Соро Баротова, дар баробари ободиҳои маҳалла, хонаю дари худ, оилаи устуворашро ҳам обод нигоҳ медорад. Аз фарзандони соҳибмаълумоташ 16 набераю 1 абера насибаш гашта. Мегӯяд, ки ҳафтае ҳама сарҷамъ мешаванду аз ҳоли якдигар мепурсанд. Набераҳо месароянду мерақсанд, хурсандии хонаводаи дӯсту тифоқ беканор аст. Ба андешаи раиси маҳалла, инсон вақте муваффақият пайдо мекунад, ки фазои оила хушу солим бошад. Ҳавои оилаи Соробону мудом хушу гуворост.

                                      Рустами НАЗИР,

                                      Душанбе-Хуҷанд

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 6)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон