БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Пайвандгари хонавода, илм ва маориф

Илм ва маориф

Замоне, ки ҳар як дақиқаи умр аз арзиши тилло болост, ӯ ҳам барои илм, ҳам маориф ва ҳам барои хонавода вақт меёбад. Модари се фарзанд, пажӯҳишгар ва роҳбари гимназия бо принсипи мувозинат чун санъати симфония умр ба сар мебарад, ки дар назди дирижёри ин симфония ҳам корҳои илмӣ, ҳам барномаҳои таълимӣ ва ҳам ташвишҳои рӯзгор истодаанд. Ва ҳар як ҷузъи ин низоми мураккаб дар ҳамоҳангӣ бо ҳам садо дода, оҳанг меофаранду илҳом мебахшанд…

Бону Нигора Султонзода 1-уми январи соли 1982 дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, тавонистааст, фаъолияти касбӣ ва масъулияти модариро бидуни мушкилие муттаҳид созад. Овони кӯдакиаш дар шаҳри Хуҷанд гузашта, бештар ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосир рағбат пайдо намуд. Маҳз кунҷкобии ӯ дар ин самт боис гардид, ки ба филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дохил шуда, онро соли 2003 бо ихтисоси муҳандис технолог бо сарбаландӣ хатм кунад. Баъди оғози фаъолияти омӯзгорӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил карда, соли 2020 онро бо ихтисоси «Равоншинос ва омӯзгори фанни равоншиносӣ» ба анҷом расонд.

 

Фаъолияти касбиро чун мутахассиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми шаҳри Душанбе оғоз карда, ҳамчун методист ва ташкилотчӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» идома додааст. Коргоҳи мазкур ба гузаргоҳи ҷаҳони имконият табдил ёфт, зеро ҳар рӯз бо кӯдаконе вомехӯрд, ки ташнаи дониш буданду чашмонашон аз шавқу ҳавас медурахшид. Шинохт ва ошкор кардани тавонмандии ҳар як кӯдаку наврас ва истеъдоди нотакрори онҳо ба вай таҷрибаи бебаҳо бахшид, зеро Нигора дар як вақт нақшҳои муаллим, мураббӣ, равоншинос ва ҳатто дӯстро иҷро мекард. Маҳз ҷидду ҷаҳдаш боис гардид, ки фаъолияташро ҳамчун мудири шуъбаи кадрҳо ва коргузорӣ ва баъдан муовини директор оид ба таълим ва тарбия дар муассисаи мазкур идома диҳад.

Эътирофи истеъдод, меҳнатдӯстӣ ва садоқати беандоза ба навоварӣ дар соҳаи маориф буд, ки давоми 5 сол муовини директор дар Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» фаъолият намуда, соли 2021 директори муассисаи мазкур гардид. Масъулияти пурпечутоб барои ӯ уфуқҳои нави таъсир ва имкониятҳоро барои амалӣ намудани дидгоҳи худ дар бораи раванди таълим фароҳам овард. Дарк кард, ки комёбӣ дар ҷаҳони муосир аз инсон тафаккури эҷодкорона ва чандирро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, ҳадафи барномаҳояш рушди сифати таълим дар насли наврас буд. Баъди як соли фаъолияти пурсамар соли 2022 ҳамчун директори МТД «Гимназияи № 2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» корро идома бахшид. Ин гузариш ҳамчун эътирофи дастовардҳои фавқулодаи роҳбарӣ ва педагогии Нигорабону ва қобилияти навоварона ба таълим буд.

Дар иҷрои вазифаи нав бо мушкилоту имкониятҳои гуногун рӯ ба рӯ шуд. Дарк кард, ки барои қонеъ намудани майлонҳои тағйирёбандаи таълим ва ниёзҳои хонандагони муосир зарурати навсозии барномаи таълимӣ вуҷуд дорад. Вай аз ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим, аз ҷумла омӯзиши лоиҳавӣ ва ҳамгироии технологияи рақамӣ ба синф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд. Инчунин, ташаббускори сохтани майдончаи варзишӣ буда, рағбати хонандагонро ба тарзи ҳаёти солим бедор намуда, орзуи чандинсолаашонро амалӣ гардонд.

Фаъолияташ давоми як сол аллакай самара дод, зеро шумораи гирандагони стипендияи президентӣ ва раиси шаҳр афзуд, иштирокчиёни олимпиадаю озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ дучанд гардид. Ӯ собит сохт, ки чӣ гуна равиши стратегӣ ба инноватсия метавонад муассисаи таълимиро тағйир дода, онро на танҳо макони омӯзиш, балки ба маркази рушди шахсият табдил диҳад. Тавонист фаъолияти идоранамоӣ ва пажӯҳишро ба ҳам пайваст намояд.

Нигорабону пажӯҳиши чандинсолаашро ҷамъбаст ва соли 2023 дар мавзуи «Низоми таълими хонандагони болаёқат дар асоси ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (дар мисоли Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур»)» таҳти роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Азизӣ рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.

Нигора Султонзода дар ҳоле, ки ҳам аз лиҳози касбӣ ва ҳам дар ҷомеаи илмӣ нақши муҳимро ишғол мекунад, барои хонаводааш низ вақту неру меёбад, зеро, ба андешаи вай, нақши модар дар мақоми аввал меистад. Қобилияти ӯ барои нигоҳ доштани мувозинат байни фаъолияти касбӣ ва хонааш барои бисёриҳо намунаи ибрат аст. Бо вуҷуди серкорӣ дар хонааш фазои гарму хушбахтона эҷод мекунад. Ӯро дар ин самт шавҳари меҳрубонаш ҳамроҳ аст. Фазои хонавода низ илмӣ аст. Садоқаташ ба таълиму тарбияи ҷомеа ӯро на танҳо модар, балки мураббӣ ва илҳомбахши ҷигарбандонаш гардондааст. Натиҷаи ин кӯшишҳо буд, ки фарзанди калониаш Бахтиёрҷон дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи академик И. П. Павлови вилояти Рязани Федератсияи Россия мехонад, дуюмӣ Нилуфархон донишҷӯйи ДДОТ ба номи С. Айнӣ мебошад. Беҳрӯзҷони хурдӣ бошад, хонандаи Литсейи № 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аст.

Саргузашти ин зани солеҳа илҳомбахши занону модарони ҷавон аст, зеро ҳам рисолати модариро иҷро карда, дар соҳаи илму маориф муваффақ шудан на ба ҳар бону муяссар мегардад.

Абдуҷалили АМОН

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон