БОЙГОНӢ

«    Декабр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Аз нури маърифат бино намоем…

Илм ва маориф

Ў домони орзуҳои наврасиро ба хотири гуфтаҳои падар раҳо карду вориди дунёе гардид, ки аз остонаш дарёфт равзанаи хушбахтӣ маҳз аз ин ҷо боз мегардад. Зарфияти хешро вусъат дод, таҷриба андўхт ва «Омўзгори сол» шуду директори Мактаби президентии шаҳри Бўстон. Чӣ роҳе паймуду кадом амалҳо тавонистанд варо ба кўйи мақсуд расонанд?

Замира Рустамзода сахт ҳаваси шарқшинос ва духтур шуданро дошт ва вақте қиблагоҳаш - омўзгор, шоир, нависанда, ҳайкалтарош Темурмалик Рустам гуфт: «Агар касби маро интихоб накунӣ, туро ба шавҳар медиҳам», розӣ шуд, ки омўзгор шавад. Овони нобасомонии солҳои 90-уми асри ХХ инро сабаб буд. Падар нахост духтари қадрасро ба пойтахт, ки касе аз пайвандонаш он ҷо сукунат надошт, равон созад. Ҳамин тариқ, Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо ихтисоси омўзгори забон ва адабиёти тоҷик хатм намуд. Аз панҷ фарзанди хонавода танҳо ў омўзгор шуд ва аз роҳи паймудааш водареғ нагуфт, балки ба дурандешии падар қоил монд, ки ўро ба роҳи дуруст ҳидоят кардааст.

 

Замирабонуро 30 соли собиқаи корӣ дар соҳаи маориф мисле, ки дар танўри таҷриба, гудохт. Нахуст омўзгори фанни алифбои ниёгон ва пасон, тули чанд сол роҳбари созмони хонандагон буд. То соли 2016 дар Муассисаи давлатии таълимии махсусгардондашуда барои хонандагони болаёқат фаъолият бурд ва ҳамон сол дар озмуни «Омўзгори соли Тоҷикистон» ғолиб омад.

Соли 2017 ҳамчун устод ва донишёри муваффақ ба Мактаби президентии шаҳри Бўстон фиристода шуд. Дар вазифаҳои роҳбари иттиҳодияи методии фанҳои забон ва адабиёт, роҳбари гурўҳи идоракунии сифати таҳсилот ва муовини директор оид ба таълим фаъолият бурд ва соли 2022 директори ҳамин муассиса таъин гардид. Шогирдони зиёдеро ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ омода карду ҳамроҳи дастпарваронаш шаҳди ғалаба чашид. Бо ин иктифо накарда, худ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкат варзид ва мавқеи ифтихориро дар даври ҷумҳуриявӣ ба даст овард. Шукргузор аст, ки устодонаш аз соҳаҳои маориф ва МИҲД-и вилоят ва шаҳр дар дастовардҳои ў нақши бориз гузоштанд. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бўстон ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Дастовардҳо

Бо шавқу рағбат ба хонандагон дарс гуфтану ба сўи нуру маърифат раҳнамун сохтани онҳоро ҳар як омўзгор вазифаи ҷонӣ медонад ва ин амал аз раҳнамоии роҳбари дабистон низ бастагӣ дорад. 20 нафар омўзгори пешсаф дорои нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон буда, дастурҳои методӣ ва китобҳо таълиф кардаанд. Шогирдони онҳо дар чандин озмунҳо, хосса дар ихтироъкорӣ, дастболо мегарданд. Имсол 17 нафар хонанда дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои 2 ва 3-юмро молик гашт. Моҳи июни соли 2024 хонандаи мактаб Сабрина Исмоилова дар шаҳри Лондони Шоҳигарии Британияи Кабир дар Олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ ду медали нуқраро ба даст овард. Ғозимуҳаммад Ғозиев дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» низ мақоми дувумро соҳиб шуд. Дар даври шаҳрии Озмуни мазкур 21 хонанда ва 4 омўзгор ба гирифтани ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм шарафёб гардиданд. Ҳамчунин, дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурўғи маърифат» 18 хонанда ҷойҳои намоёнро ишғол ва ба даври навбатӣ роҳ ёфт. Заҳматҳои роҳбарият ва омўзгорони муассиса бармалост, ки се нафар Стипендияи президентӣ ва 20 нафари дигар стипендияи раиси шаҳрро мегиранд.

Макони маърифатхез

Ин боргоҳи дониш, ки дар он 1016 хонанда таҳсил менамояд, ягона Мактаби президентӣ дар ҳудуди вилояти Суғд маҳсуб ёфта, яке аз беҳтарин муассисаҳои таълимии кишвар аст. Мактаб дорои 12 кабинети фаннии муҷаҳҳаз, синфхонаҳои таълими мусиқӣ, китобхонаи электронӣ бо 80 ҷойи нишаст, қироатхона барои 40 нафар, китобҳои фаровони илмиву бадеӣ, тахтаҳои электронӣ, проекторҳо, компютерҳои муосир буда, таҷҳизоти зарурӣ аз шароити хубу муҳити созгори муассиса дарак медиҳанд, ки барои таълиму тарбияи хонандагон фароҳам оварда шудаанд. Дар 30 маҳфили фаннӣ ва касбӣ тибқи нақша омўзгорон дарс мегўянд. Дар маҳфили «Дастони моҳир» ба духтарон бофандагӣ, пазандагӣ ва ҳунарҳои дастӣ меомўзонанд. Дар танўрхона ва ошхонаи мактаб ба духтарон нону санбўсапазӣ, торту кулчақанд ва дигар ғизоҳои миллиро меомўзонанд, то дар оянда ба ҳаёти оиладорӣ омода бошанд.

 

Хурсандиовар аст, ки дар муассиса ба ду хонанда як адад компютер рост меояд. Ғайр аз ин, дар синфхонаҳо, роҳраву долон ва толорҳо камераҳои мушоҳидавӣ насб гардидаанд, ки ҳар семоҳа нозирони минтақавӣ коршоямии онҳоро аз санҷиш мегузаронанд. Кори дигари муҳиме, ки дар давраи фаъолияти хеш анҷом додам, ин пайвастан ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ буд, яъне аз соли 2009 синфхонаҳоро бо бухориҳои барқӣ гарм мекарданд, ки 55 ҳазор метри мураббаи ин иморатро бо неруи барқ ҳарорат бахшидан ғайриимкон буд ва аз ҳама муҳим неруи барқ барзиёд сарф шуда, ба пардохти маблағи он мактаб имкон надошт. Ҳоло шуруъ аз таҳхона то ошёнаи сеюм ҳарорати бино муътадил аст, - иброз дошт Замира Рустамзода. 

Ободонӣ

Мактаб дорои ду хобгоҳ аст, ки яке барои хонандагон ва дигаре барои омўзгорон пешбинӣ шудааст. Хобгоҳҳо бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтаанд, то омўзгорони ниёзманд ва хонандагони навоҳии дурдаст бо манзили зисту шароити созгор таъмин бошанд.

Аз панҷ гектар замини мактаб, ки бинои асосӣ дар он қомат афрохтааст, дар 2,5 гектари он дарахтони мевадиҳандаи себ, олу, зардолу, олуча ва ангур роҳат нумуъ кардаанд, ки ҳосили онҳоро хушконда, ба ошхонаи мактаб медиҳанд, то барои кўдакон нўшобаҳо таҳия намоянд. Аз даромади як ҳиссаи меваҳои боғзор шакар, сарпўши зарфҳои шишагӣ, сирпиёз ва дигар маҳсулоти зарурӣ мехаранд. Дар 19 садяки замин маҳсулоти полизӣ парвариш менамоянд ва дар гўшаи он гармхона низ созмон додаанд, ки ҳосили рўёнда барои ғизои гарми мактаббачагон ва захира барои зимистон масраф мегардад. Атрофи муассиса ҳама дарахтзор ва сабзу гулпўш аст.

- Аҳли кормандон миннатдории хешро ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонем, ки чунин муассисаи бонуфузро бо беҳтарин шароити муосир баҳри фарзандони болаёқати мардум муҳайё карда, сарпарастӣ менамоянд. Барои оне, ки масъулияти бузурги роҳбариро дар ин дабистони хирад ба мо бовар кардаанд, бо тамоми вуҷуд мекўшем, ки сидқан ба халқу Ватан хидмат кунем ва насли наврасро аз нури маърифат бино намоем, - афзуд дар фарҷом Замира Рустамзода.

                                                                                                                  СИМИН,

                                                                                                        Душанбе – Бўстон - Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2025_small_.pdf [3.77 Mb] (зеркашиҳо: 29)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон