Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Шоҳчароғи дили шогирдон
Илм ва маориф / СлайдерОмўзгор чун шамъ месўзад, то ба ояндаи неки шогирдон рўшанӣ бахшад. Онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намояд, ба зиндагиашон файзу зиё орад. Баҳри ояндаи неки ҷомеа бо дониши баланду дили бузург вуҷуди бачаҳоро зебу зиннат бахшад.
Фирўза Мираҳмадова замири шогирдонро бо шамъи дониш фурўзон намуда, дар он тухми илму маърифатро шодоб месозад. Ба касбаш содиқ асту омўзгориро парастиш ва кўдаконро бо меҳру муҳаббати беандоза дўст медорад.

Ў дар хонаводаи зиёӣ ба дунё омада, дар оғўши пурмеҳри зодмандон ба камол расидааст. Падар роҳбарии шабакаҳои барқи ноҳияи Аштро ба зимма дошту дар тарбияи фарзандон сахтгир буд. Модараш мутолааи асарҳои бадеиро дўст медошт. Мекўшид аз панду насиҳатномаҳои классикон маъние бардошта, дар тарбияи атфоли худ истифода барад. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки се гулдухтари модар омўзгори фанни адабиёт ва забони тоҷикӣ шуда, сухандону соҳибмаърифат ба воя расиданд. Бибии афсонагў ду набераи худро ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» омода месозад. Мегўянд: «Модар чӣ гуна, духтар намуна». 7 нафар фарзанди худро бо меҳру муҳаббат ба камол расонда, дар ботини онҳо хислатҳои неки инсонӣ - меҳнатдўстиву мушкилнописандӣ, меҳрубониву озодандеширо бедор намуд.
Фирўза омўзгори МТМУ № 61-и деҳаи Хиштхонаиамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт буда, барои ба роҳи рост ҳидоят намудани шогирдони худ заҳмати зиёд мекашад. Дар ҳамин деҳа таваллуд ёфта, ба камол расидааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №13 фаъолияташро дар хоҷагии «Гулистон» оғоз намуд. Соли 2000-ум ба шуъбаи ғоибонаи факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров дохил шуд. Аз соли 2004 дар МТМУ №61-уми деҳа ҳамчун омўзгор ба фаъолият пардохт ва худро ҳамчун омўзгори меҳнатдўсту ташаббускор нишон дод ва ҳоло 21 сол собиқаи омўзгорӣ дорад. Ташаббус, дониш ва чашмикордонии ин омўзгори асил аз назари масъулин ниҳон намонду соли 2012 ўро муовини директор оид ба таълими ҳамин дабис тон таъин карданд. Дар ин давра сатҳи дониши хонандагон боло рафту шогирдонаш дар озмуну олимпиадаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро соҳиб гардиданд.
Аз соли 2010 то соли 2015 вакили ҷамоат буд. Соли 2020 шогирдаш Сабура Шералиева дар Озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкат варзида, дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори мақоми ифтихорӣ ва соли 2021 ҷойи дуюмро соҳиб шуд. Омўзгори соҳибтаҷриба ба ҳар муаммои ҷойдошта аз нигоҳи эҷодкорӣ баҳо дода, дар машваратҳои омўзгорон дар бораи сифати таълиму тарбия дар дабистон, истифодаи асарҳои Пешвои миллат дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик андешаҳои ҷолибе баён медорад.
Соли 2014 мавсуф дар ҳамин озмуни бонуфуз ширкат варзида, дар даври ниҳоӣ ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардид. Ҳамзамон, соли 2023-юм иштирокдори Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон-дар ойинаи таърихи миллат» дар сатҳи ҷумҳурӣ мебошад.
8-уми сентябри соли 2024 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ашт сурат гирифт. Ҳангоми суҳбат бо Пешвои миллат бо ҳарорат аз комёбиҳои шогирдонаш сухан ронд ва Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки ў бо мукофоти давлатӣ қадр шавад. Ҳамин тавр, 25-уми августи соли 2025 бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардид.
Баъди дастраси умум гардидани Низомномаи озмуни «Шоҳномахонӣ» аллакай дар мактаб гурўҳҳои алоҳида созмон ёфта, хонандагонро ба озмун омода месозад.
- Пеш аз он ки ба шогирдон пораҳои шеърӣ медиҳам, аввал худам онро аз бар мекунам, зеро ҳар як шеъре, ки аз ҷониби онҳо қироат мешавад, донам, ки то чӣ андоза дуруст ифода мегардад, - мегўяд ў.
Омўзгор дар оиладорӣ низ намуна буда, бо ҳамсари меҳрубонаш муфаттиши калони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мастчоҳ Шаробиддин Мираҳмадов фарзандони арзандаро ба воя расондаанд.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
ноҳияи Ашт
Мубодила:
Шарҳҳо










