Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Фанни физика- калиди техника
Илм ва маорифДарси омўзгори ҷавони фанни физикаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ноҳияи Шуғнони ВМКБ Сатригул Зиёратова аз ҷониби комиссияи вижаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, ки таҳти сарпарастии ЮНЕСКО омўзиши фанҳои табиӣ ва дақиқро дар макотиби минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мавриди санҷиш қарор дод, баҳои баланд гирифт.
Дар доираи эълони Солҳои 2020–2040 «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» солҳои охир дар макотиби вилоят омўзиши ин фанҳо мавриди диққати бештар қарор гирифта, тақвият ёфтанд. Бону Сатригул яке аз омўзгорони ҷавони муваффақ аст, ки дар ҷодаи омўзиши ин фанҳо ба хонандагон касбияти баланд нишон дода, дастовардҳои таълимии назаррас дорад. Омўзгори ҷавон чун тамоми ҳайати коллективи педагогии мактаб аз он ифтихор дорад, ки хонандаи ин мактаб дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» дар номинатсияи адабиёти бачагона соҳиби шоҳҷоиза ва талабаи дигари ихтироъкори дабистон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурўғи маърифат» ба мақоми аввал сазовор дониста шуда, довталабони зиёд аз фанҳои табиӣ ва дақиқ ба озмунҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд, ки самараи заҳмати аҳлонаи омўзгорони мактаб арзёбӣ мешавад.
Дувоздаҳ сол қабл, вақте Сатригул ҳамчун омўзгор ба остонаи мактаб қадам гузошт, бинои он, яке аз аввалин ва калонтарин мактабҳои ноҳия, дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Таҳаввулоти беназире, ки тули солҳои минбаъда ба вуқуъ пайваст, шароити таҳсил ва таълимро дар ин муассиса куллан беҳтар сохт. Дар маросими ботантана бо ширкати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои дуошёнаи зебову замонавӣ бо синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ барои 640 хонанда дар ихтиёри талабаҳову омўзгорон қарор дода шуда, омўзгори ҷавон ин лаҳзаи хотирмонро ҳамеша ёд дорад.
- Мавриди таваҷҷуҳ ва ғамхории бесобиқаи Ҳукумати кишвар қарор гирифтани соҳаи маорифро имрўз ҳар омўзгор дарк менамояду чунин муносибат моро водор месозад, ки бо саъю талош ва масъулияти бештар вазифаи хидматиро иҷро намоем. Физикаро калиди техника меноманд ва шодам, ки дар омўзиши ин фан ба хонандагон маро муваффақ медонанд, - изҳор медорад омўзгори ҷавон Сатригул Зиёратова.
Мавсуф дар оилаи омўзгор таваллуд ёфта, муҳити эҷодии хонавода ба ташаккули шахсият ва афкори донишпазири фарзандон бетаъсир намонд. Падараш омўзгори фанни омодагии ҳарбӣ буду мудирияти мактаб, таълими фанни ҷуғрофияро ҳам дар солҳое, ки омўзгори ин фан дар рухсатии дарозмуддати меҳнатӣ қарор дошт, ба ў бовар мекарданд. Омўзгор дар ҷараёни дарс хонандагонро ба сайри мамлакатҳои гуногун мебурду аз тарзи зисту зиндагонии иқтисодиву иҷтимоии сокинонаштавре рангину шавқовар нақл мекард, ки тасаввур мешуд, солҳои зиёде байни ин мардум ҳаёт ба сар бурда бошад. Ў доимо ба фарзандон ва талабагон мегуфт, ки забондониву ҷаҳондонӣ аз забони модарӣ ва донистани таъриху фарҳанги зодгоҳу Ватани хеш оғоз меёбад…
Сатригул падари шодравонашро нахустин омўзори хеш медонад, ки дар роҳи донишомўзӣ ва худшиносиву ватанпарварӣ раҳнамояш буд. Шавқу завқ ба омўзиши ашёҳои атроф ва мушоҳидакор буданро бошад, омўзгори фанни физика, бонуи дилдодаи касб Амонсултон Мамадасламова дар қалби шогирди доно ва зираку ҷўянда ҷой кард. Муаллим дар дарсҳои назариявӣ ва амалӣ дар мисоли мавҷи шаршараҳои рўдҳои кўҳӣ ва дарёҳо, лаппиши барги дарахтон хусусиятҳои физикии ашёҳоро барои шогирдон мекушоду онҳоро водор месохт, ки бо чашми таҳқиқ ба муҳити атроф нигаранд. Омўзиши хусусиятҳои физикӣ ва химиявию биологии ашёҳои атроф ва дар хидмати башар гузоштани онҳо аз рўзҳои аввали пайдоиши одами даври ибтидоӣ ба инсони заҳматкашу ҷўянда хос буда, ин таҳаввулоти беназир аз лаҳзаи аз чақмоқсанг ҳосил кардани оташ то неруи барқӣ ва атомӣ дар асри XXI барои ҳар фард маълум ва возеҳу равшан аст.
Сатригул Зиёратова соли 2005- ум факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоевро хатм намуда, ба фаъолияти касбӣ оғоз намуд. Аз рўзҳои аввал худро чун омўзгори ҷавони босаводу навовар ва масъул нишон дода, собит сохт, ки ба кадрҳои ҷавон дар соҳаи маориф метавон бовар кард. Ў омўзиши пайвастаро шарти муҳим мешумораду ҳамеша пайи омўзиш ва ҷустуҷў қарор дорад. Омодагии комил ба машғулиятҳо, дониши хубу татбиқи усулҳои фаъоли таълим дар ҷараёни дарс боис гардидаанд, ки шогирдони зиёди ў физикаро фанни дўстдоштаашон интихоб намуданд. Дар маркази диққат қарор гирифтани омўзиши фанҳои табиӣ ва дақиқ ба афзоиш ёфтани шумораи хатмкунандагони мактаб, ки дар макотиби олӣ ва омўзишгоҳҳои техникӣ таҳсил менамоянд, мусоидат кардааст. Ба манзури тақвият бахшидани салоҳияти касбии омўзгорони фанҳои табиӣ ва дақиқ бо ибтикори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ барояшон нишастҳои омўзишӣ доир менамоянд.
Тобистони соли 2025 дар ҷараёни сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ноҳияи Роштқалъа НБО «Себзор» бо тавоноии 11 Мвт ба кор дароварда шуд, ки сар аз раванди таҳияи лоиҳа то сохтмон ва акнун дар идоракунии он кадрҳои ҷавони ватанӣ, ки дар кишвар ва ё берун аз он омўзиш дидаанд, ширкати назаррас доранд.
М. САИД,
ноҳияи Шуғнон
Мубодила:
Шарҳҳо











