Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Нури мактаб
Илм ва маориф / СлайдерМегўянд, ки ном барои инсон дар зиндагӣ шафоатгар аст. Гўиё ҳар як ҳарфи он сарнавиштро пешакӣ рамзгузорӣ мекунад. Ном метавонад ойинаи хислат, тақдир ва ҷаҳонбинии инсон бошад. Насиба аз зумраи номҳоест, ки бо шуниданаш эҳсоси гармӣ, меҳрубонӣ ва оромишро дар дил бедор месозад. Ў зебобин аст, зиндагиро бо тамоми бешу камияш дўст медорад ва онро неъмат мешуморад. Шояд маҳз ҳамин ҷаҳонбинии нек аст, ки риштаи тақдир ўро дар шумори хушбахттарин бонувон қарор дода, барояш баракату неъмат ато намудааст.

Бонуи отифаю нуқтасанҷ Насиба Назирова зодаи шаҳри бостонии Панҷакент буда, дар оилаи омўзгор ба дунё омадааст. Хонаи онҳо мактаби хурди маърифат буд, дар ин маъво сухани китоб, эҳтироми омўзгор ва арзиши илм ҳамеша ҷойгоҳи баланд дошт. Айёми кўдакии Насиба дар фазои муҳаббат, самимият ва оромии оила сипарӣ гардида, падару модар бо заҳмати ҳалолу рисолати омўзгорӣ дар қалби фарзандон тухми илму маърифат коштаанд.
Аз хурдсолӣ ба адабиёт шавқу рағбати зиёд дошт. Китоб барояш ҳамдам, шеър ҳамнафас ва сухан василаи шинохти зиндагӣ буд. Ў азёд кардани ашъори шоирони классик ва муосирро дўст медошт ва олами назму наср барояш ҷаҳони пур аз рангҳо менамуд. Ин муҳаббат боис гашт, ки баъди касби таҳсилоти олӣ пешаи омўзгориро ҳамчун роҳи зиндагии худ интихоб намояд.
Фаъолияти меҳнатиаш соли 1991 аз мактаби миёнаи №10-и ноҳияи Хуросон оғоз шуда, баъдан дар мактаби миёнаи №34-и шаҳри Панҷакент идома ёфт. Солҳои тулонӣ ба хонандагон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфта, на танҳо дониш, балки меҳр ба забони модарӣ, эҳтиром ба фарҳанг ва худшиносиро дар қалби шогирдон парвариш намуд. Барои ў омўзгорӣ танҳо касб набуд, балки рисолат ва масъулияти бузург маҳсуб меёфт.
Насиба Назирова, дар баробари дастоварди касбӣ, дар зиндагии шахсӣ низ худро бонуи хушбахт меҳисобад. Бо амри тақдир ў бо Рустам Каримзода риштаи муҳаббатро пайваста, зиндагии оилавии худро дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ идома медиҳад. Самараи ин муҳаббат се фарзанд - як писару ду духтар аст. Фарзандон дар руҳияи муҳаббат, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ ба воя расида, имрўз ҳар яке роҳи зиндагии худро пайдо намуда, дар ҷомеа мавқеи устувор доранд.
- Ишқ маро ба Хоҷамастон овард, - бо табассум гуфт бону Насиба. - Дар асоси муҳаббати тарафайн оила бунёд кардам ва шукр мегўям, ки Офаридгор маро бо зиндагии пурбаракат сарфароз гардондааст.
Дар ин муддат Насиба Назирова ҳамчун мутахассиси болаёқат борҳо ба корҳои давлатӣ ҷалб гардид. Чанд сол дар бахши кор бо занони ноҳия шуғл варзид. Ҳамзамон, вакили мардумӣ буд. Бо вуҷуди ин, меҳру муҳаббат ба мактаб ва кор бо насли наврас нагузошт, ки аз касби дўстдоштааш ҷудо гардад. Аз ин рў, то ҳол дар Литейи давлатии №1-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолият менамояд.
- Ҳарчанд дар вазифаҳои гуногун кор кардам, дил ҳамеша ба мактаб мекашид. Бароям чизе болидатар аз он нест, ки ба кўдакон дарс диҳам, ба онҳо забон, адабиёт ва маънии зиндагиро омўзонам. Омўзгорӣ мояи ифтихор ва сарфарозист, - меафзояд омўзгори соҳибтаҷриба.
Тули 34 сол Насиба пурмаҳсул заҳмат ба бор дошт. Бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гаштааст. Ин қадршиносӣ эътирофи заҳмати содиқона ва хидмати шоистаи ў дар роҳи тарбияи насли наврас мебошад.
Аз ҳар калому ҳар нигоҳ эҳсос мешуд, ки ў то чи андоза касби худро дўст медорад ва ба тарбияи шогирдон бо дилу ҷон муносибат мекунад. Самараи заҳматаш имрўз дар чеҳраи шогирдонаш намоён аст, шогирдоне, ки дар ҷомеа ҷойгоҳи худро ёфтаанд.
Насиба Назирова намунаи равшани бонувонест, ки миёни касб, оила ва ҷомеа тавозуни комил эҷод намудаанд. Ў бо илму маърифат, бо ахлоқу муҳаббат ва бо зиндагии пурбаракаташ намунаи ибрат аст.
Гулшан АМИРХЎҶА,
Душанбе - Абдураҳмони Ҷомӣ - Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо










