Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Рӯшанӣ аз нури хат
Илм ва маорифТасмиме, ки чанд ҳадафро дошт
Пас аз дидан намудан аз боғчаи бачагонаи «Нури хат»-и деҳаи Баракати шаҳри Ҳисор бо молики он, соҳибкори ватанӣ Ашӯралӣ Ҳакимов, ки алҳол муқими кишвари Россия аст, суҳбати телефонӣ доштем. Дар ҷараёни суҳбат аслан аз тасмимҳои имрӯзу ояндааш, ки барои ободии маҳал ва бомаърифату забондон гардидани кӯдакони деҳот дорад, сухан гуфт.

— Чаро кӯдакони маҳал аз дунёи зебояшон баҳра нагиранд? - сухан оғоз намуд онҷониб.
— Барои завқи онҳоро бедор намудан ва роҳат аз олами кӯдакиашон доштан мебоист мо, калонсолон, барояшон роҳбалад бошем ва шароити омӯзишу фароғат муҳайё созем. Бигзор кӯдакону наврасон ҳамқадами замони муосир бошанд ва бо ақлу заковат, донишу фарҳанг ва фаҳмишу малакаи фарохашон тавонанд дар ҳар гӯшаи дунё мавқеи хосро касб намоянд, — бо ҳарорат мегӯяд ӯ.
Агарчи Ашӯралӣ Ҳакимов бо хатм намудани Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ихтисоси иқтисодчиро касб намуд, вале бо иқдоми чанд нафар ҷавонмардони ҳамдеҳааш хост муддате дар муҳоҷират бошад. Огоҳӣ доштан аз дониши иқтисодӣ шеваи зиндагиашро дар ғурбат дигар кард. Роҳи тиҷорат пеш гирифту дар ин ҷода муваффақ ҳам шуд.
— Даврони кӯдакии мо дар кӯчаҳои хоколуди деҳа пушти сар шуд ва дарси нахустинро низ аз мактаби одӣ омӯхтем. Моро таълим дар кӯдакистон орзуе беш набуд. Шукр, ки бо дастрасӣ ба имконият имрӯз барои амалӣ намудани орзую омоли кӯдакони деҳот саҳм гирифта, баъдан низ дар талоши онам, ки барои ободии маҳал ва дастгирии насли наврас то ҳадди имкон саҳим бошам.
Солҳои охир мебинам, ки бо ташаббуси соҳибкорону аҳли ҷамъиятчӣ дар ҳар гӯшаи диёр толорҳои варзишӣ, бахусус майдончаҳо барои футболбозӣ мавриди истифодаи ҷавононписарону наврасон қарор гирифтааст, аммо на ҳар кӯдаки деҳотӣ ба кӯдакистонҳо фаро гирифта мешавад. Албатта, шароиту имконияти деҳа на ба ҳар падару модар дастрасӣ ба фаро гирифтани кӯдаконашон ба боғчаро медиҳад. Бо ёдоварӣ аз дунёи кӯдакӣ ва дар муқоиса бо ҳаёти имрӯзи кӯдакони деҳа андешидам, ки аввал корро аз сохтмони боғчаи бачагона оғоз намоям, — иброз дошт соҳибкор.
Ҳамсуҳбатам бар он назар аст, ки ҳар маконе метавонад барои дастрасӣ доштан ба маълумоти нав ва навидҳои муфиди ҷомеа имкон фароҳам орад ва боғчаю мактаб ҷоест, ки маҳз дар ин ҷо кӯдакону наврасон инкишоф ёфта, аз навгониҳои илму дониш огоҳӣ пайдо мекунанд ва таълиму тарбияро аз бар менамоянд.
Ҳамчунин, кушодашавии кӯдакистони бо тарҳи наву замонавӣ бунёдёфта дар деҳаи Баракати шаҳри Ҳисор барои чанд нафаре аз занону модарони маҳал василаи дарёфти ҷойи кори доимӣ ва беҳшавии вазъи иқтисодии хонаводаашон гардидааст.
Кӯдакони хушбахти «Нури хат»
Тибқи маълумоте, ки соҳибкор Ашӯралӣ Ҳакимов бароямон баррасӣ намуд, барои бунёди муассисаи томактабии «Нури хат», ки дар масоҳати 12 сотих замин доман густурдааст, ба маблағи 6 миллиону 579 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст. Ин муассиса моҳи сентябри соли 2025 ба фаъолият оғоз карда, алҳол кӯдакони аз синни 2 то 7-сола, ки шуморашон 80 нафар аст, ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Роҳбарии кӯдакистонро Шабнам Аюбова, ки собиқаи корӣ ва таҷрибаи ғании омӯзгорӣ дар муассисаҳои томактабӣ дорад, ба уҳда гирифтааст.
— Боғчаи бачагона имкони беш аз 200 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирифтанро дорад ва айни замон онҳо дар чор гурӯҳи амалкунанда таълим мегиранд. Мураббияҳо тариқи озмун ба кор қабул шудаанд ва дорои таҷриба ва малакаи баланди соҳаи омӯзгорӣ мебошанд. То ҷое аз таҷриба огоҳам, кӯдаконро меҳру муҳаббат ба боғча ҷалб менамояд ва ин нуктаро мураббияҳои соҳибкасб хуб дарк месозанд, — мегӯяд Шабнамбону.
Кӯдакони боғчаи бачагона дар ибрози андеша озоданд ва аз ҳама шароити фароҳамбуда озодона истифода мебаранд. Барои ҳарчи зудтар одат кардани кӯдакон ба боғча чунин муҳити созгор барояшон фароҳам мебошад. Дар нақша аст, ки дар баробари гузарондани чорабиниҳои вобаста ба иду ҷашнҳо, ҳамчунин ба хотири болидарӯҳии кӯдакон сайругашти берун аз боғчаро ташкил намоянд. Яъне, кӯдаконро ба тамошои мавзеъҳои тамошобоби таърихии шаҳри Ҳисор ва берун аз он бурда, бо табиат, фарҳанг ва зебоиҳои Ватан ошно намоянд.
Кӯдакистон аз се ошёна иборат буда, дар қабати якуми он гурӯҳи кӯдакони хурдсолу миёна, дар ошёнаи дуюм бошад, гурӯҳи бачагони томактабӣ ҷо гирифтаанд. Ҳуҷраҳои таълимии барҳаво дорои мизу курсиҳои мувофиқ буда, тамоми асбоби аёният барои таълими кӯдакон фароҳам аст. Барои инкишофи зеҳнии кӯдакон дар боғча ҳафтае ду маротиба забонҳои англисӣ ва русӣ омӯзонда мешавад.
Ҷойи хоби кӯдакон иборат аз катҳои нарм ва болину бистари тоза буда, ба шароити санитарию гигиенӣ ҷавобгӯст. Тариқи шабакаи гармидиҳӣ дар ҳуҷраҳои таълимӣ ва хоби кӯдакон фаршҳои гарм насб шуда, ҳамчунин бо қувваи барқи доимӣ таъмин мебошанд.
Толори мусиқӣ, ки дар ошёнаи савуми бино қарор дорад, аз он низ назар намудем. Кӯдакон саргарми машқи сурудхонӣ буданд. Дар гӯшае асбобҳои мусиқии замонавӣ ва миллӣ, аз қабили таблак, дойра, рубоб, фортепиано, гитара ва дигар асбобҳои зарбӣ гузошта шудааст. Муаллими фанни мусиқӣ ба онҳо бо истифода аз асбобҳои мусиқӣ сурудхониро меомӯзонад. Тариқи баландгӯяк садои оҳанг, ки бо лаҳни кӯдакона суруда мешуд, дар ҳавои толор танинандоз буд…
Иқдоми дигаре…
— Дар муҳоҷират мушкиле, ки аксари ҷавонони деҳот бар он рӯ ба рӯ мешаванд, надонистани забони русӣ аст. Тасмим гирифтам, ки бо итмом расидани сохтмони боғчаи бачагона ба бунёди маркази забономӯзӣ пардозам ва ҳамчунин дар андешаи ба истифода додани як толори варзишии пӯшида низ ҳастам.Бошад, ки ҷавонони деҳот забонҳои хориҷиро аз бар намоянд ва барои солимӣ аз толорҳои варзишии замонавӣ истифода баранд.Ҳамчунин, духтарони деҳотӣ аз пайи омӯзиш шаванд, зеро ба қавли Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наслофарони солиму рӯшанфикри ҷомеа модарони босаводу донишманд мебошанд.
Аз рӯи ҳисобу китоби пешакӣ тақрибан беш аз ду миллион сомонӣ барои сохтмон ва таъмин бо мизу курсӣ, компютер ва асбобу таҷҳизот барои тамрин ва омӯзиш масраф хоҳад шуд.Аллакай сохтмони маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар ҳоли анҷомёбист, — иброз дошт соҳибкор Ашӯралӣ Ҳакимов.
Тибқи нақша дар оянда мутахассисони забондон ва фанҳои алоҳида дар маркази забономӯзӣ, дар баробари омӯзондани забонҳои русӣ, англисӣ ва хитойӣ, ҳамчунин ба наврасону ҷавонони деҳаҳои атроф илмҳои дақиқ, аз қабили математика, биология ва химияро таълим медиҳанд.
— Шоҳидам, ки аксари бонувони деҳот ба соҳаи тандурустӣ шавқу рағбати беандоза доранд ва бештарашон хатмкардаҳои донишгоҳу коллеҷҳои тиббӣ мебошанд. Мутаассифона, аксарашон аз сабаби дурии роҳ аз беморхонаи марказӣ ё бунгоҳҳои тиббии атрофи деҳа фаъолияти худро идома намедиҳанд.Тасмим дорам, ки барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидани бонувони соҳибкасби маҳал бунгоҳи тиббӣ бо тамоми таҷҳизоти наву замонавӣ сохта, барояшон муҳайё созам, — аз иқдоми дигари хеш мегӯяд соҳибкори ватанӣ.
Пас аз суҳбати телефонӣ бо молики муассисаи томактабии «Нури хат» Ашӯралӣ Ҳакимов аз бинои кӯдакистон берун шудем.Сулаймони сесола, ки бо зеҳни тозаи кӯдакона аллакай то 30 шеърро аз ёд медонад, аз дидани мо якбора ба шеърхонӣ даромад:
Саломи гарму ҷӯшон,
Аз номи кӯдакистон.
Ба боғчаи «Нури хат»,
Хуш омадед, азизон!
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,
Душанбе – Ҳисор – Душанбе.
Мубодила:
Шарҳҳо














