Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
"Сафинаи дониш" ба соҳили мурод мерасад
Илм ва маорифМаркази таҳсилоти томактабии «Сафинаи дониш» дар шаҳри Хоруғ таҳти роҳбарии бонуи кордон ва ташаббускор Шукуфа Мизробова ба яке аз муассисаҳои томактабии хусусии муваффақ дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят табдил ёфтааст. Дар марказ 130 кӯдак аз гӯшаву канори шаҳр ба таълим фаро гирифта шуда, довталабони таҳсил дар ин ҷо зиёданд. Кӯдакони аз се то шашсолаи марказ ҳарфҳои алифборо аз худ мекунанду хондану навиштан ва ҳисоб меомӯзанд. Дар марказ омӯзиши забони давлатӣ авлавият дошта, шароити хуб барои ёд гирифтани забонҳои русӣ ва англисӣ фароҳам гардидааст.
Боғчаҳои бачагона, ки аз ҷониби давлат маблағгузорӣ мешаванд ва кӯдакистонҳои хусусӣ зарфияти ба таълим фаро гирифтани кӯдакони шаҳрро дошта, дар самти таълиму тарбия ва инкишофи зеҳнии кӯдакон фаъолияти босамар мебаранд. Бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин ва калонтарин ва кӯҳнатарин боғчаи бачагонаи шаҳр, ки аз таъсиси он беш аз шаст сол гузаштааст, соҳиби бинои нави ободу зебои замонавӣ гардида, яке аз маконҳои дӯстдоштании кӯдакон ва волидонашон мемонад. Танҳо дар ҷараёни сафари кории Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, ки моҳи июни соли 2025 ба вуқуъ пайваст, 32 муассисаи томактабӣ бо 1570 ҷойи нишаст, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ ба истифода дода шуданд.
Дар ин миён муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ҳарчи бештар мақом пайдо намуда, аз лиҳози сифати таълим ва ҷалби шумораи бештари таълимгирандагони хурдсол «Сафинаи дониш» ном бурда мешавад. Фаъолияти муассисаи таҳсилотии хусусӣ аз синфи иҷора оғоз гардид.
Хатмкардаи факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо дипломи аъло, Шукуфабону чанд соли аввал дар маркази омӯзиши ҷавонон ҳамчун омӯзгори фанни забони англисӣ кор карда, малакаи забондонӣ ва муошират бо таълимгирандагону зодмандонашонро такмил дод.
Дар ташкили курсҳои омӯзишӣ ва натиҷаҳои таълиму кор бо ҳамсолонашон хислатҳои хуби кордонӣ ва ташаббускорӣ зоҳир намуд. Вақте нахустин муассисаҳои томактабии хусусии инкишофи кӯдакон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят арзи вуҷуд намуданд, вай яке аз ташаббускорони фаъолият дар ин самт гардид.
Майлу хоҳиши мутахассиси ҷавон аз рӯи ҳавову ҳавас набуда, боварманд ва бо дарки масъулият ба пайроҳаи модар, ки барояш аз кӯдакӣ ошно буд, қадам гузошт. Модар — Бунафша Давлатмамадова, қариб 40 соли фаъолияти кориашро ба таълиму тарбияи кӯдакон дар аввалин боғчаи бачагонаи шаҳр бахшидааст ва Шукуфаи хурдсол яке аз тарбиятгирандагони ҳамин муассиса буд. Айёми мактабхонӣ, пас аз дарс, бисёр вақт ба ҷойи кор, ба назди модараш меомаду медид, ки мураббиён чӣ гуна кори душвору масъулиятнокеро бар дӯш доранд. Модар аз зумраи он мураббиёне буд, ки кӯдаконро мисли фарзандонаш дӯст медошту донишу малакаашро нисори таълиму тарбия менамуд. Подоши ин дӯстдорӣ ва муҳаббату садоқати касбӣ ӯро соҳибэҳтиром гардонд. Фаъолияти пурсамари меҳнатии модар дар ҷодаи таълиму тарбия барои фарзанд ва такмили малакаи донишу муошират ва кор бо ҷавонон дар маркази омӯзиш барои Шукуфа мактаби ҳаёт гардид ва ба тасмимаш таъсир гузошт.
Бо гузашти бештар аз даҳ сол «Сафинаи дониш» ба калонтарин муассисаи таҳсилотии томактабӣ дар шаҳр табдил ёфтааст. Муассиса дар яке аз биноҳои зебо ва замонавӣ ҷойгир буда, дар асоси озмун омӯзгорони беҳтарин ба кор ҷалб гардиданд. Барои инкишофи зеҳнии кӯдакон дар муассиса шароити хуби таълимӣ фароҳам гардида, кӯдакон имкон доранд китобҳои тасвирдори ранга бо се забон, мусаввараҳо, ададҳо ва шаклҳои гуногуни геометриро бубинанду бо дастонашон ламс кунанд ва тибқи тахайюл ва табъу завқашон аз онҳо истифода баранд. Дар ҷараёни омӯзиш бозиҳои гуногуни шавқовар, ки ба бедор сохтан ва равнақи зеҳну андешаи кӯдакон нигаронда шудаанд, ба таври фаъол истифода мегарданд. Дар марказ имконияти муносибати инфиродӣ бо таълимгирандагони хурдсол бештар буда, омӯзгорон кӯшиш менамоянд, ки ба кушодани истеъдоди фардии ҳар кӯдак ва инкишофи қобилияти онҳо мусоидати фаъол намоянд. Ҳамкории зичи таълимгирандагони муассиса бо волидон имконият медиҳад, ки ҳолати равонии ҳар кӯдак зери назорат қарор гираду барои ҳавасманд гардондани дастпарвари хурдсол ба омӯзиш аз усулҳои гуногуни таълимӣ истифода шавад.
— Сармояи асосии муассисаамон дониши хуби омӯзгорону таҷрибаи ғании педагогӣ ва масъулиятшинос буданашон дар иҷрои вазифаи касбӣ мебошад. Вақте волидон натиҷаи омӯзишро ҳамарӯза дар рафтору кирдор ва қобилияти зеҳнии фарзандони хеш мебинанд, қаноатманд мегарданд. Шумораи зиёди довталабони таҳсил дар муассиса баёнгари он аст, ки зодмандон ба мо бовар доранд ва худро масъул медонем, ки ба ин баҳои баланд ҳамеша сазовор бимонем, — изҳор дошт Ш. Мизробова.
— Ба тарбия ва таҳсил фаро гирифтани кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ на фақат ба мо, волидон, имкон медиҳад, кору рӯзгордории худро бидуни хавотир аз ҳоли фарзанд дар соатҳои муайян бо хотири ҷамъ анҷом диҳем. Муҳим аст, ки таълим ба инкишофи зеҳнӣ ва тарбиявии фарзандонамон мусоидат менамояд ва онҳо бо омодагӣ ба остонаи мактаб қадам мегузоранд, — баён медоранд падару модарон зимни суҳбат.
Масъулияти зодмандон дар тарбияи фарзанд ҳар чӣ бештар таҳким меёбад ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзандонашон фаъолона саҳмгузорӣ мекунанд ва масрафи вақт ва маблағро дареғ намедоранд. Интизор доранд, ки кӯдаконашон дар оянда хушахлоқ, босаводу бодониш, боистеъдод ва мутахассисони хуб ва ифтихори хонаводаҳояшон мегарданду роҳ ба сӯи камолот аз муассисаҳои томактабии инкишофи кӯдакон оғоз меёбад.
М. ШОҲҶАМОЛ,
шаҳри Хоруғ
Мубодила:
Шарҳҳо












