Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Саодат Шукурзода: «Душанбе рамзи давлатдории навини тоҷикон аст»
Иҷтимоъ / Слайдер— Аз кадом сол ҳамчун муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ фаъолият мебаред, пешниҳоди ин масъулияти баланд чӣ гуна иттифоқ афтод ва бароятон ин маснад чӣ паёму рисолате дорад?
— Ба вазифаи муовини раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе соли 2020 таъин гардидам. То ин замон ба ҳайси мудири маорифи ноҳияи Фирдавсӣ ифои вазифа доштам. Паём ин буд, ки роҳбарияти давлату Ҳукумат бо интихоб ба ин маснад ба ҳукми як бону аз камина интизориҳое доштаанд, ки эътимоду бовариашон бароям муқаддас аст. Рисолатам ин аст, ки бо дасту дили пок дар хизмати Ватан ва мардумонаш қарор дошта бошам. Яъне, вазифа бароям, пеш аз ҳама, масъулият аст.
— Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе чӣ қадар аҳолӣ зиндагӣ мекунад ва онҳо аслан бо чӣ корҳо машғуланд?
— Шумораи умумии аҳолии ноҳияи Фирдавсӣ айни замон 349 ҳазору 513 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумор 170 ҳазору 912 нафар бонувонанд. Аҳолии қобили меҳнат бештар дар самти маорифу тандурустӣ ва тиҷорату соҳибкорӣ фаъоланд.
— Дар хусуси масъулият ҳарф задед, лутфан мегуфтед, ки дар фаъолияти ҳаррӯза чӣ масруфият доред ва кадом вазифаҳоро ба сомон мерасонед?
— Ҳамчун муовини раис сарпарастии соҳаи маънавиётро бар зимма дорам. Вазоифи банда бештар бастагӣ дорад ба ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи оила, модару кӯдак, занон ва ҷавонон. Барои дар амал татбиқ намудани барномаҳо оид ба рушду нумӯи соҳаҳои мавриди назар ва таъмини ҳамоҳангии фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, дарёфти кору таҳсил ба корафтодагон мусоидат менамоем. Назорати пардохти саривақтии нафақаю ҷубронпулиҳое, ки қонунгузорӣ барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ муайян кардааст низ бар зиммаи мост. Обуна ба матбуоти даврӣ, назорати фаъолияти рӯзномаи ноҳиявии «Фурӯғи Фирдавсӣ» аз масъулиятҳои дигар аст.
Дар баробари ин, назорат ба фаъолияти 13 раёсат, шуъба, бахш ва муассисаву ташкилотҳои марбут ба соҳаи маънавиёт, аз ҷумла шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, шуъбаҳои маориф, кор бо занон ва оила, агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, САҲШ ва амсоли ин дар ноҳия аз вазифаҳои бевоситаи мост.
Амалисозии саривақтии дастуру супоришҳои раиси ноҳия, иҷрои сифатноки консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида қисми дигари вазифаҳои хизматист.
— Ба ҳайси масъули соҳа дар хусуси бурду бохти мактабу маориф чӣ назар доред?
— Имрӯз дар ноҳияи Фирдавсӣ 41 муассисаи таълимии томактабӣ ва 52 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 3 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 31 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 5 литсей, 6 гимназия, 1 мактаб-интернати ёрирасон, 1 мактаб-интернати мусиқӣ, 1 мактаб-интернат барои ношунавоён, 2 мактаби ибтидоии назди корхонавӣ ва 2 мактаби хусусӣ мебошанд.
Дастовардҳои чашмрас дар самти мактабу маориф зиёданд. Мисоли равшанашон иштироки фаъол ва ишғоли ҷойҳои намоёни талабагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявист. Ҳамасола аз ҳисоби омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёна ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди ноҳия дар олимпиада ва озмунҳои сатҳи баланд, амсоли «Омӯзгори сол», «Мураббии сол», «Хонандаи сол», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!», «Ту қалби Тоҷикистониӣ - Душанбе!», «Шоҳномахонӣ», «Забондонї-ҷаҳондонї», «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм», «Доноякон» иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.
Дар соли хониши 2024–2025-ум дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» аз ноҳияи Фирдавсӣ 30 нафар ғолиби даври шаҳрӣ ва 15 нафар ғолиби даври ҷумҳуриявӣ гардиданд. Дар сатҳи шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 14 нафар ва дар сатҳи ҷумҳуриявии он 3 нафар ғолиб гаштанд.
Сафи гирандагони стипендияҳо афзудааст. Ҳоло барандаҳои стипендияи раиси ноҳияи Фирдавсӣ 42 нафар, гирандаи стипендияи раиси шаҳри Душанбе 14 нафар ва гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 77 нафаранд.
— Вазъи соҳаи тандурустии ноҳияро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
— Муассисаҳои тиббии ҳудуди ноҳия 34 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин шумор 6-тоаш муассисаи тиббии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва 13-тоаш муассисаи тиббии сатҳи шаҳрӣ мебошанд. Дар ноҳия 4 маркази саломатии деҳот, 9 бунгоҳи тиббӣ ва 1 амбулатория ба сокинони шаҳрак ва маҳаллаҳо хизмат мерасонанд.
Беморхонаҳои ҳудуди ноҳия бо таҷҳизоти муосири ташхису табобат фаро гирифта шудаанд. Табибони сатҳи баланд ба ниёзмандон хизмат менамоянд. Яке аз беморхонаҳои калонтарин ва пешрафтаи ҷумҳурӣ — «Истиқлол» дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷойгир аст.
Бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, одоби муошират, муносибат бо беморон, тарзи дурусти ҳуҷҷатнигорӣ, риояи ҳолати санитарӣ-гигиенӣ дар муассисаҳои тиббии ҳудуди ноҳия мунтазам вохӯриву суҳбатҳои судманд баргузор менамоем.
— Аз рӯи мушоҳидаҳо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо мардум дар иртиботи зич қарор дорад. Як иқдоми муассир дар ин росто роҳандозии озмуни «Маҳаллаи беҳтарин» аст. Дар амри қарину муттаҳид намудани мардум бо мақомот чӣ муҳим аст?
— Воқеан, масъулони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мекӯшанд бо мардум наздик бошанд. Дар зимн тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи бурдани корҳои идеологӣ» бо усули «Маҳалла ба маҳалла», «Мактаб ба мактаб», «Хона ба хона» бевосита аз тарафи роҳбарияти ноҳия ва мудирони шуъбаву бахшҳои соҳаи маънавиёт, сохторҳои дахлдор бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардӣ, тақлиди фарҳанги бегона, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, саҳмгузорӣ дар ободониву созандагии Ватан, тоза нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои миллӣ мунтазам вохӯриву суҳбатҳо доир мегарданд.
Мувофиқи ҷадвал рӯзҳои қабули раиси ноҳия, муовинон, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои МИМҲД ноҳияи Фирдавсӣ муқаррар аст, ки дар ин рӯзҳо масъулон аз рӯи муроҷиати сокинон ба мушкилу масъалаҳои онҳо расидагӣ менамоянд.
— Имрӯз барои ҷалби бештари духтарону бонувони фаъол дар соҳаи хизмати давлатӣ ва вазифаҳои роҳбарӣ чӣ тадбирҳоро роҳандозӣ менамоед?
— Ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолии кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат таъмини баробарии мардон ва занонро дар тамоми соҳаҳо густариш дод. Ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, фаъолияти иқтисодиву соҳибкорӣ, иштироки фаъоли бонувон дар идоракунии давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми апрели соли 2023 таҳти рақами №272 «Дар бораи Барномаи тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023–2030» пайваста корҳои тарғиботиро миёни сокинони шаҳрак ва маҳаллаҳо, падару модарон, омӯзгорон, хонандагон, корхонаву ташкилотҳои ҳудуди ноҳия баргузор менамояд. Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, малакаи мудирият, сайқали дониши ҳуқуқию сиёсии занону духтарон маъракаву чорабиниҳои хосса созмон дода мешаванд.
— Мушкил аст барои зан-модар ҳам корманди муваффақи давлатӣ ва ҳам ҳамсари ғамхору модари мушфиқ будан?
— Мегӯянд, кор душворӣ дорад, аммо ман дар иҷрои рисолату масъулият ҳеҷ мушкилие эҳсос намекунам. Эҳтимол, ин аз он хотир аст, ки зинаҳои хизматиро қадам ба қадам тай задаам. Замоне дар як вақт, дар ду самти пурмасъул ва мушкил: телевизиону маориф кор мекардам, шояд ин таҷрибаҳо маро неруманд гардондаанд. Барои бинандагон аз рӯзгори бонувони фаъолу сарбаланд барномаҳо омода мекардам. Кор дар мактаб чун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ҳам бароям писанд буд. Фаъолияти имрӯза ба ҳайси муовини раиси ноҳия аз он хотир хушоянд аст, ки ин ҷо бештар бо мардум ҳастам. Расидагӣ ба мушкили сокинон, дастгириву ҳимоят аз мардум аз вазифаҳои асосии кориву виҷдони инсониам аст.
— Чӣ паёму пайғоме дар Рӯзи пойтахт ба сокинону меҳмонони Душанбеи нозанин доред?
— Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю талошҳои беамсоли Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Ватани маҳбуби мо — шаҳри Душанбе беш аз пеш рушду нумӯ намуд ва имрӯз таҷассумгари ободиву сарсабзӣ, рамзи сарфарозӣ ва дилбастагии мардуми Тоҷикистон ба ҳаёти зебо гардидааст.
Таҷлили Рӯзи пойтахт на танҳо як ҷашн ё гиромидошт аз гузаштаи пурифтихор аст, балки арҷгузорӣ ба кору пайкори шаҳрвандон дар амри бунёди як шаҳри зебоест ба ҳукми рамзи давлатдории навини тоҷикон. Бо таҷлили Рӯзи пойтахт, насли нав аз таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ бештар огоҳӣ меёбад ва ҳисси ватандӯстӣ дар қалбҳои онҳо устувор мегардад.
Бахшида ба Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барномаҳои маърифатӣ-фарҳангӣ, намоишгоҳҳои ҳунармандӣ, сайргоҳҳои зебою идона дар сатҳи баланд омода мегарданд, ки ҳама баҳри болидаруҳии сокинон ва меҳмонони Душанбеи нозанин аст.
Рӯзи пойтахтро ба кулли мардуми шарафманди кишвар ва сокинонаш шодбош мегӯем. Умед дорам, ки дар амри беш аз пеш зебою ободу гулба домон сохтани қалби Тоҷикистон — Душанбеи зебо дасти ҳам гирифтаю саҳми арзанда хоҳем гузошт.
Гулноза БОБОМУРОДОВА,
ноҳияи Фирдавсӣ
Мубодила:
Шарҳҳо











