Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ноҳияи маъмурии пойтахт
Иҷтимоъ / СлайдерНоҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мақомоти баландпояи кишвар, вазорату идораҳои бонуфузи ҷумҳуриро дар бар дорад. Биноҳои муҳташами Парлумону Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия, молия, корҳои дохилию хориҷӣ, мақбараи шоҳ Исмоили Сомонӣ, Нишону Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бурҷи «Истиқлол», Театри миллӣ ва боз даҳҳои дигар намои ноҳияи маъмурии пойтахтро афзудаанд. Бо он ки аксари чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дар кӯчаву хиёбонҳои ин ноҳия мегузаранд, ҳар гӯшаю гузари ин ҳудуд доимо зебову пероста аст.
Ҳамсуҳбати мо Манижабону Аминзода, муовини раиси ноҳия, бунёди ҳама гуна иншооти муосир, боғу майдонҳои барҳаво, дар маҷмӯъ, шукуҳу ҷалоли атрофи ноҳияро ба сиёсати хирадмандона ва кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ марбут медонад. Дар ин замина Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва сохторҳои марбута, ки дар ин ҳудуд фаъолият мебаранд, якҷоя мекӯшанд, то дар ободию шукуфоӣ ва зебоии ноҳия даст ба дасти якдигар диҳанд.
Бо мақсади боз ҳам тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои пойтахт, МИМҲД ноҳия ҷалби сокинони маҳалро ба корҳои ободонӣ аз самтҳои дигари фаъолияти худ медонад. Бо ин мақсад рӯзҳои шанбею якшанбе сокинон дастаҷамъона дар аксияи «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» бо ҳавасалаи том ширкат меварзанд. Мавсими баҳору миёнаи тирамоҳ бошад, маъракаи ниҳолшинониро гарм гирифта, ҳазорон бех гулу гулбуттаҳо канори хиёбон, роҳу кӯчаҳо сабз мекунанд.
— Дарёфт ва омода намудани захираҳои кадрӣ аз ҳисоби бонувони лаёқатманд барои мо на танҳо иҷрои масъулият ё вазифаи корӣ, балки кафолати рушди босуботи ноҳия ба ҳисоб меравад. Танҳо дар давоми як соли охир 8 нафар бону ба вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаи мақомоти давлатӣ, 31 нафар ба бахши маориф ва 8 нафар ба соҳаи тандурустӣ рӯйи кор омаданд, ки ин гувоҳ аз баландии манзалати занону духтарон дар ҷомеа ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, — изҳор медорад Манижабону Аминзода.
Барои дарёфти чеҳраҳои нав аз ҳисоби занону духтарон чандин манбаъҳо корбаст мешавад. Бо муассисаҳои таълимии олии кишвар, сохторҳои ҷамъиятӣ ва маҳаллаҳо ташриф овардану бо донишҷӯдухтарон суҳбат оростан, ки ҳадаф аз он кашф намудани захираҳои кадрӣ аст, аввалин иқдомҳои мақомоти маҳаллӣ мебошад. Ба ҷуз ин, бонувони корозмудаю таҷрибадор ва маърифатогоҳ аз озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» гулчин интихоб карда мешаванд.
Занону духтарон ҳам пайваста талош меварзанд, ки дар масъалаи ободонӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум баробари мардон саҳм гузоранд. Бонувони фаъолу соҳибкори ноҳия бо дарёфти грантҳо ва ташкили корхонаҳои хурди истеҳсолӣ занҳои ҳунарманд ва хонашинро ба фаъолият ҷалб менамоянд. Дар натиҷа аз як ҷониб рӯзгори хонаводагиашонро беҳбуд бахшанд, аз ҷониби дигар онҳоро бо ҷомеа наздик ва аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуб боз медоранд.
Бо ташаббуси соҳибкорони ватанӣ ва ҳунармандони асил дар ҳудуди ноҳия тайи солҳои охир корҳои зиёди ободонӣ ба сомон расида, якчанд корхонаҳои хурду миёна мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ин ба пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ ва ба истеҳсолот ҷалб гаштани сокинони маҳал мусоидат намуд. Истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, кафелу оҳак, газоблок, девораҳои бетонӣ ва маҳсулоти пластикию мебелсозӣ ва коргоҳҳои хурди қаннодию дӯзандагӣ самтҳои асосии фаъолияти соҳибкорони ноҳия гаштааст, ки садҳо нафар бошандагони маҳаллӣ, хусусан бонувонро дар худ муттаҳид кардаанд. Таваҷҷуҳи ҷавонон рӯз аз рӯз ба самти худфаъолиятӣ ва соҳибкорӣ зиёд гашта, ҳамагӣ кӯшиш менамоянд, ки дар рушди устувори ноҳия саҳми хешро гузоранд.
Бино ба андешаҳои М. Аминзода, таваҷҷуҳи МИМҲД ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба оилаҳои ниёзманд дар мадди аввал меистад. Мақомоти маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо соҳибкорони сахопеша ва хайрхоҳон мекӯшанд, ки ин гурӯҳ ҳамеша аз ёриву дастгириҳо бархӯрдор бошанд ва барои худзиндасозии чунин оилаҳо тадбирҳои навро рӯи даст гиранд. Таври мисол, онҳоро ба корҳои мавсимӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, дар муддати кӯтоҳ ҳаёти осоиштаи худро бо дарёфти кори муносиб интихоб ва муайян месозанд. Ин таҷриба нишон дод, ки сол аз сол сафи онҳое, ки аз мақомоти маҳаллӣ кумак мепурсанд, ба маротиб коҳиш меёбад.
Суҳбату вохӯриҳои ҳамешагӣ дар раванди усулҳои «кӯча ба кӯча» ё «хона ба хона» масоили ҳаётан муҳим, фаҳмондан ва пешгирӣ намудан аз хатари ҷараёнҳои бегона, хусусан пешгирии ҷалби ҷавононро ба гурӯҳҳои номатлуб дар бар дорад, ки хушбахтона вақтҳои охир ин падидаҳо қариб ба чашм намерасанд. Бедор намудани маърифати меҳандӯстӣ ва ватанпарварӣ дар ниҳоди ҷавонони синни даъват ба хизмати ҳарбӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар суҳбату вохӯриҳои рӯзмарра аз самтҳои асосӣ ва ҳамешагии корбарии мақомоти маҳаллӣ аст, ки солҳои охир дар мавсими даъват ба хизмати ҳарбӣ ягон монеа пеш намеояд. Ҳамчунин, собиқадорони меҳнат ва чеҳраҳои шинохта аз қисмҳои ҳарбӣ дидан намуда, бо сарбозон суҳбату вохӯриҳои хотирмон доир менамоянд.
Манижабону Аминзода дар боби эҳтироми собиқадорони кору вазифа дилпурӣ медиҳад, ки аёдати калонсолон, арбобони санъату ҳунар ва онҳое, ки дар мақомоти маҳаллӣ ё дигар сохторҳо кор кардаанд, ҳамеша дар мадди назари роҳбарият аст. Хусусан, айёми ҷашну маъракаҳои миллӣ, рӯзҳои Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Модар ва Наврӯз собиқадорон на танҳо бо аёдат фаро гирифта мешаванд, инчунин аз кумаку дастгириҳои мақомоти маҳаллӣ ва хайрхоҳони ватанӣ баҳравар мегарданд.
Рустами НАЗИР,
ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Мубодила:
Шарҳҳо











