БОЙГОНӢ

«    Апрел 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ситора Сафарализода: «Дар арафаи ҷашнҳо...»

Иҷтимоъ / Слайдер

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1-уми марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил мегардад. Тантанаҳо болои ҳам омаданд, мардуми кишвар, ҳамчунин, омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатӣ доранд. 

Суҳбати мо бо муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ситора Сафарализода аз боби омодагиҳои сокинони ноҳия ба ин ҷашнҳои пуршукӯҳи давлатӣ буд.

— Имрӯз дар ҳар гӯшаю канори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба хотири таҷлили бошукӯҳи идҳои бузурги давлатӣ корҳои ободкорию созандагӣ идома доранд. Аз омодагиҳои аҳолии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар мавриди таҷлили Рӯзи пойтахт ва 35-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатӣ чӣ корҳо ба сомон расиданд?

 

— Ҷашнҳои Рӯзи пойтахт ва 35-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатӣ иди тамоми мардуми Тоҷикистон, иди миллати тоҷик аст. Дар иртибот ба ин ҷашнҳои бузурги давлатӣ эълон шудани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», ки дар Паёми навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа шуд, ҳар як сокини ватандӯстро водор месозад, то дар ободонии кӯчаю маҳал ва шаҳру ноҳияи худ саҳми бештаре гузорад.

«Мо бояд Ватани худро худамон обод кунем!» — ин сиёсати созандаи Сарвари давлат, ки дар гуфтаҳояшон таъкид мегардад, эҳсоси ҳар фарди ватанхоҳу миллатдӯстро дар самти ободкорӣ бедор менамояд. Дар пайравӣ ба ин иқдом аҳолии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз пайи анҷоми корҳои азими бунёдкорӣ мебошанд. Иншооти ҷашние, ки сохтмонашон дар ҳудуди ноҳия рафта истодааст, идомаи мантиқии сиёсати «Дарҳои кушода» ва саноатикунонии босуръати кишвар аст.

Ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахти кишварро, ки яке аз ташаббусҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аст, сокинони ноҳия дар амал татбиқ менамоянд. Тозаю пок нигоҳ доштан ва сарсабзу хуррам гардондани кӯчаю маҳаллаҳо кори дастаҷамъона буда, сокинон низ дар ин самт бо иштироки фаъолона дар кабудизоркунӣ ва ободкории атрофи хонаҳояшон саҳм мегиранд.

Дар ду моҳи аввали соли 2026 дар ҳудуди ноҳия шинондани 12 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва 50 ҳазор гулҳои мавсимию бисёрсола дар нақша буд, ки аз ин 66 ҳазору 550-тояш шинонда шуд. Дастгирӣ аз ин иқдом шаҳодати маданияти баланди шаҳрдории сокинон аст, ки онҳо тариқи маъракаҳои кабудизоркунӣ ин амалро ба анҷом расонданд.

Ноҳияи Сино қисми таркибии пойтахти азизамон — шаҳри Душанбе аст ва барои таҷлили идҳои пуршукӯҳи таърихӣ дастовезҳои арзандаро омода намудааст. Тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонию бунёдкории МИМҲД ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 24-уми октябри соли 2024, №730 тасдиқ гардидааст, 1232 чорабинӣ бо ташкили 2998 ҷойи нави кориро дар бар мегирад.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 383,1 миллион сомонӣ расид, ки ин заминаи иқтисодӣ барои гузарондани ҷашнҳои пешорӯ муҳим арзёбӣ мегардад.

— Дар арафаи иду ҷашнҳо аслан бонувон сертараддуданд, зеро пазирогари меҳмонони дохилию хориҷӣ онҳоянд. Омодагии занону духтарони ноҳия ба ин ҷашнҳо дар кадом сатҳ қарор дорад?

— Воқеан, табиист, ки истиқболи ҷашну идҳо бе ҳузури меҳмонон оғоз намегардад ва сар аз ҳар хонавода бо ташриф овардани меҳмонон тараддуди занону духтарон низ меафзояд. Аз он ки бонувон чароғи ҳар хонадон ва неруи пешбарандаи ҷомеа мебошанд, бо боварии комил аз уҳдаи ин рисолат ва метавон масъулият низ гуфт, ба хубӣ мебароянд.

Дар баробари он ки сокинони маҳаллаҳои ноҳия дар омодагиҳо ба иду ҷашнҳо фаъоланд, аслан занону духтарони соҳаҳои маориф ва тандурустии ноҳия саҳми худро бештар мегузоранд. Воқеан, аз шумори 5273 омӯзгоре, ки аз ин 4205 нафар бонувонанд, дар баробари таълиму тарбияи насли наврас ба корҳои ободонӣ ва омодагиҳои ҷашнӣ шуғл доранд.

Ободкорию поксозӣ кори доимии бонувон аст ва тайёр намудани маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ дар баъзе аз хонаводаҳо қисми фаъолияти дигари занону духтарон мебошад. Бонувон тариқи маҳсули ҳунари дастияшон на танҳо ҳунарҳои мардумиро эҳё месозанд, ҳамчунин, ба буҷети хонавода баракат меоранд.

Шароити мусоиди фароҳамбуда барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дастгирии ҳунармандон завқу илҳоми бонувони пешаварро дар омодагиҳо ба ҷашну идҳо афзудааст. Ҳунармандони номвар пайваста намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумиро дар бахшҳои дӯзандагӣ, зардӯзӣ, заргарӣ ва кандакорӣ ташкил намуда, барои намоишгоҳҳои ҷашнӣ омодагӣ мебинанд.

— Соҳибкорони ноҳия дар корҳои ободонӣ чӣ саҳм доранд?

— Дар баробари он ки бо ибтикори соҳибкорони ватанӣ, ки шарикони асосӣ дар самти бунёдкорӣ мебошанд, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳр қомат афрохтаанд ва зебоиҳои кӯчаю маҳаллаҳоро дучанд менамоянд, инчунин, мактабу боғчаҳои замонавӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ аз ҷониби соҳибкорону сахопешаҳо бино ёфта истодаанд.

Ҳамчунин, таъмири роҳи кӯчаю маҳаллаҳо ва сохтани майдончаҳои варзишӣ дар назди хонаҳои истиқоматӣ ва ҷойҳои алоҳида низ бо иштироки фаъолонаи соҳибкорон сурат мегирад.

           — Дар ин самт боз кадом корҳо дар пайи анҷомёбианд?

— Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вобаста ба ҳар як иду ҷашнҳои миллию давлатӣ барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳоро тарҳрезӣ намуда, фаъолияти худро дар доираи он роҳандозӣ менамояд. Ҳамзамон, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таъмини волоияти қонун, тақвият бахшидан ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, тараққиёти муттасили саноату сохтмон, беҳтар намудани кори донишомӯзӣ ва тарбия дар муассисаҳои таълимӣ чун фаъолияти доимӣ дар мадди назар аст.

                                                                                         Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,

                                                                                                     ноҳияи Сино

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_04_2026_small.pdf [3.92 Mb] (зеркашиҳо: 3)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон