БОЙГОНӢ

«    Апрел 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Роҳбари бахшҳои муҳим

Иҷтимоъ

 Бонуи боназокату хушсалиқаест Зарринабону. Нигоҳи меҳрбору табассуми самимонааш ба одаму олам аз сиришти поку дили аз ишқи Ватан саршораш сарчашма мегирад. Табъи баланду нозукаш дар муҳити кор низ моро ба маънии ин ҳикмат расонд, ки одами хушзавқ дар ҳама ҷову ҳама ҳолат зебоиро зинда нигоҳ медорад. Дастагули ёсумани сафеду бунафш дар гулдоне аз булӯри шаффоф, гулҳои ранг-рангу шукуфони хонагӣ дафтари кории ӯро рӯҳбахш чун баҳори паси тиреза кардаанд.

 

Оғӯши бозу дуруди гармаш маро ба ёди он рӯзҳое бурд, ки дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон буду бо пешниҳоду дастгирии ӯ мо чанд духтаракони навроҳу наворзу ба узвияти ҳизби маҳбубамон пазируфта шуда будем ва дар чорабиниҳои муҳими сиёсии ҳизб ширкат варзидаву дарси ватандорӣ меомӯхтем.

— Ҷавониро давраи тиллоии ҳаёт мегӯянд. Аммо, вақте он даврон ба ёдам мерасад, эҳсос мекунам, ки ҷавониам аз акси қадимаву фарсуда бо ранги сиёҳ-сафед ба мани имрӯза бо ҳавас менигарад. Ранги сиёҳи ҷангу сарсониву саргардонии миллати тоҷик ва ранги сафеди расидан ба истиқлолу ваҳдату озодӣ. Аммо бо ҳама якрангиву дилтангии он даврон дили моро қувваи бузурге бо номи ишқу бовар неру медод ва барои фаро гирифтани донишҳои зарурӣ таҳрик мебахшид. Он рӯз, ки мардум ҳама дар ғами ними нону ҷони ҳаросон буданд ва пойтахти азизамон дар фазои пурғубори нофаҳмию ҷоҳталабии нолоиқон нафасгир мешуд, мо, як гурӯҳ донишҷӯёни факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), бо умед ба фардои дурахшон аз пайи омӯхтану андӯхтан будем ва аз нухбагони илму маърифат сабақ меомӯхтем, — ба суҳбат оғоз мекунад Зарринабону.

Зарринаву ҳамнаслонаш — ҷавонони даврони ҷанг — соҳиби хирад ва ҷасорати хосе буданд, ки ҳатто садои маргбори тиру туфанг ва дуду оташ ба дарс хонданашон халал расонда наметавонистанд. Онҳо тавонистанд бо хиради азалӣ ва муҳаббат ба Тоҷикистон дар гирди Президенти тозаинтихоби тоҷикон, ки раҳкушои миллат аз тангнои ҷангу парокандагӣ ба арсаи сулҳу оромишу осоиштагӣ гаштанд, ҷамъ оянд. Дар сохтани Тоҷикистони ободу озоду қудратманд ва шинохта зарра-зарра саҳм гузоранд.

— Тобистони таърихиву хуррами соли 1997. Соли охири таҳсил мо, ҳамсабақон, аз шаҳраки донишҷӯён ба бинои асосии Донишгоҳ меомадем, ки дар назди собиқ меҳмонхонаи «Вахш» мардуми зиёде ҷамъ омада буданд ва низомиён тартиботро назорат мекарданд. Наздиктар рафтем, ки Сарвари маҳбуби тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум аз натиҷаи музокироти дар Маскав доиргашта сухан мегуфтанд ва ҳаммиллатонро аз ваҳдату сулҳ башорат дода, ба созандагиву ободкорӣ даъват менамуданд. Кафкӯбии бардавом, нишоти беохир ва ҳатто ашкҳои шашқатор аз шодӣ он қадар барои мо таъсиргузор буданд, ки барои ҳамеша дар хотирамон сабт гашт. Ҳар гоҳ он рӯзи пурнишот ба ёд меояд, дар вуҷудамон ангезаи хушбахтӣ ҷорӣ мешавад, ки шоҳиди чунин лаҳзаи таърихӣ будем, — ба ёд меорад З. Зуҳурзода.

Ин марҳалаи душвори таърихи кишвар барои ӯ дарси матонат омӯхт ва дар ниҳодаш эҳсоси баланди қадри сулҳ ва ваҳдатро бедор намуд. Баъди хатми Донишгоҳ ба зодгоҳ баргашт ва ба симати мудири шуъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳия дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба фаъолият оғоз кард.

Маҳз дар шуъбаи умумӣ, ки ба қавле кор дар ҷӯш асту набзи дастгоҳи маҳаллист, санъати муошират бо мардум ва низоми идориро аз худ намуд. Субҳи ӯ бо муроҷиати ҳамдиёрон оғоз мешуду мушкилоти мардуми маҳал дар ниҳоди ӯ ҳисси ҳамдардӣ ва ёрӣ ба ниёзмандонро қавӣ менамуд.

Барои Зарринабону, ки садоқатмандонаву софдилона адои масъулият дошт, сарнавишт туҳфаи арзанда — шавҳари ҳамдилу ҳаммаром ҳадия кард. Дар пояи суннатҳои миллӣ ва эҳтирому бовар оилаи хушбахтеро созмон дода, муддате рӯзгорро ба меваҳои боғи ҳаёт бахшид. Ҷигарбандонаш Раҳима ва Фаридунро дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳрпарварӣ ва илмомузӣ ба камол расонд.

Ҳамсафари ҳаёташ, ки дар мақомоти ҳарбӣ адои хизмат менамуд ва дастгиру ёрирасони бонуи хеш буд, бо тақозои пеша ба Душанбе интиқол ёфт ва зиндагӣ дар пойтахт барои Зарринабону оғози марҳалаи нави рушди касбият гашт. Дар мақомоти иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шуруъ намуду бо фурӯтаниву донишмандӣ тавонист дар муддати кӯтоҳ ҳамчун мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони ин ниҳод пазируфта шавад.

Таҷрибаи фарох, дақиқкориву дониши амиқи ҳуқуқӣ, маҳорати суханварӣ ва ҳамраъйии ӯ бо мардум боис шуд, то вакили Маҷлиси вакилони халқи Душанбе ва баъдан сардори раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе интихоб шавад. Дар ин самт низ Зарринабону масъулияту кордониро нишон дода, тӯли панҷ сол чун дигар ҳаммаслакони хеш дар баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ барои занону духтарон, амалӣ намудани стратегияҳо оид ба рушди занон ва дастгирии онҳо дар тамоми самтҳои ҳаёту фаъолият талош варзид.

Номбурда аз соли 2024 ҳамчун сиёсатпешаи фурӯтану корозмуда пайи ободиву гулгулшукуфии яке аз ноҳияҳои бонуфузи Душанбешањр — ҳамчун муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур фаъолияти назаррас дорад.

— Ин вазифа яке аз мураккабтарин ва ҳассостарин бахшҳои идораи давлатӣ маҳсуб меёбад. Шунидани дарди дилу ниёзҳои шаҳрвандон, расидан ба мушкилоти онҳо дар тамоми соҳаҳои марбут, ташкил ва баргузории чорабиниҳои илмиву фарҳангиву сиёсӣ танҳо як соҳаи корӣ нест, балки масъулият дар назди ҳар як сокини ноҳия аст, — мегӯяд Зарринабону, ки зери роҳбарии ӯ бахшҳои калидӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва кор бо занону ҷавонон қарор дорад.

Ҳамчун масъули соҳа ӯ ба самти маорифи ноҳия диққати махсус равона намуда, на танҳо ба шароити таълиму тарбия, балки ба сатҳи донишомӯзии хонандагон низ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.

— Дар ҳудуди ноҳия 40 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 30 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои фарогирии кӯдакону наврасон дар зинаҳои гуногуни таълим амал мекунанд. Дар ин зинаҳои таҳсилот, ки хишти аввали шахсияти инсон гузошта мешавад, ба сифати таълим бештар диққат медиҳанд. Хонандагони ноҳия дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он иштироки арзанда доранд. Дастовардҳои назарраси онҳо боис гашта, то ноҳия аз рӯйи шумораи ҷойҳои ифтихорӣ дар озмуну олимпиадаҳо дар зинаи панҷуми сатҳи ҷумҳурӣ қарор гирад, ки ин дастоварди назаррас аст, — иброз медорад муовини раис.

Таҷрибаҳои қаблии фаъолият дар самти кор бо занон ба ӯ имкон додааст, то дар мудирият низоми нави кор бо бонувонро ба роҳ монад. Бо роҳнамоӣ ва дастгирии ӯ дар маҳаллаҳо марказҳои касбомӯзӣ ва ҳунармандӣ рушд мекунанд ва занони зиёде ба омӯзиши ҳунар фаро гирифта шудаанд.

— Дар ноҳия маркази ҳунарҳои мардумӣ амал мекунад. Дар назди ин муассиса 49 ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки қаблан фаъолияти ғайрирасмӣ доштанд, ба маркази ҳунармандӣ табдил дода шуданд. Дар ин марказҳо бонувони ноҳия, махсусан сокинони минтақаҳои осебпазир — маҳаллаҳое, ки аз ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Душанбе ворид шудаанд, ба омӯзишу густариши ҳунарҳои гуногуни миллӣ ҷалб гаштаанд. Шогирдону кормандони ин марказҳо дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ иштироки фаъолона доранд ва дастранҷи хешро дар арафаи иду ҷашнҳо дар боғҳои ҳудуди ноҳия пешкаши сокинони пойтахт мегардонанд, — илова мекунад муовини раиси ноҳия.

Бону Заррина Зуҳурзода бо иродаи қавӣ ва муҳаббати бепоён ба арзишҳои миллӣ ҳалимиро бо ҷиддият ва касбиятро бо садоқат пайванд додааст. Маҳз ҳамин садоқати беолоиш ва хизмати софдилона ба халқ исбот месозад, ки вуҷуди меҳрсиришти ӯ зари холисро мемонад. Тобиши ин зар бо ҳар гуфтору ҳар кирдор дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаҳои созандаи шаҳрдори Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар чашми ҷавҳаршиносон бештар падидор мегардад.

                                                                                                   Мафтуна ҚОСИМ,

                                                                                                  ноҳияи Шоҳмансур

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_04_2026_small.pdf [3.92 Mb] (зеркашиҳо: 3)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон