БОЙГОНӢ

«    Апрел 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Дилбастагӣ ба замин

Иҷтимоъ

 Мегӯянд, ки модару замин ба ҳам тавъаманд. Бале, модар ба мисли замин яктову муҳаббаташ беҳамтост. Меҳри модар барои фарзандон беканора ва ҷовидона мебошад. Модару замин моро ба оғӯш мегиранду тарбия менамоянд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, модарон бештар ба замин пайвандӣ доранд…

 

Анора низ аз қабили чунин занҳост. Меҳри ӯ аз хурдӣ бо замин пайванд буд. Соатҳои дароз бо замин гуфтугӯ мекарду ҳар як ваҷаб хоки онро муқаддас медонист. Ҳамин меҳру муҳаббат ба замин буд, ки ӯро ба Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрӣ) овард. Солҳои таҳсил паси сар шуданду тақдири минбаъдаи Анора низ маълум гашт. Бо ҳамсабақи худ – Абдукарим Муҳаммедов, ки ҷавони хистеварзӣ буд, оила барпо намуд. Дар як вақт тибқи роҳхат дар ташхисгоҳи кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолият пардохт.

          ПАЙРАҲАИ ЗИНДАГӢ

Анора аслан зодаи деҳаи Бӯстонлиқи шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст. Таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби зодгоҳ гирифтааст. Пайроҳаи зиндагии ин духтараки ҷасуру қавиирода пурпечутоб аст. Пас аз соҳиби диплом гаштан, бо аҳли оила ҳамчун муҳоҷир ба ноҳияи Зафаробод омаданд. Мавзеи Мирзочӯл ба ӯ барин мутахассисон ниёз дошт, зеро азхудкунии биёбон ва ба замини корам табдил додани заминҳои ташналаб бар замми заҳмати беандоза пурсабриву ташаббускориро тақозо дошт. Ӯ умед дошт, ки дар ин замини доманфарох дар баробари мардон фаъолият хоҳад кард. Аммо…

          ИЛМАШ БА АМАЛ ЁР ГАРДИД...

Дониши васеъ, муносибати неки ин бонуи ҳалимгуфтор аз назари масъулин пинҳон намонд ва ӯро мудири кӯдакистон таъин намуданд. Анора риштаи фаъолияташро бо кӯдакон пайваста, ба онҳо дил баст. Заҳмат мекашид, то ин ки ҳамин кошонаи умеди кӯдаконро шуҳратёр гардонад. Дар муддати кӯтоҳ шумораи кӯдакони боғчаро бамаротиб афзун ва гурӯҳҳоро аз ду ба шаш расонд.

Имрӯз низ ҳамон кӯдакистон бо номи «Табассум» дар ноҳия фаъолияти пурсамар дошта, дар қатори беҳтарин кӯдакистонҳо мақом гирифтааст. Дар баробари ин меҳри замин ӯро ором намегузошт. Хоҷагии давлатии 40-солагии Тоҷикистон бо мурури вақт ба ду тақсим шуд ва ба агроном ниёз пайдо кард.

Анора дарк намуд, агар вазифаи агрономиро ихтиёр кунад, аз ҳарвақта дида бештар ба мардум нафърасон хоҳад шуд. Кишоварзон дар чор гектар замини нав азхудшуда пахта, гандум, ҷуворимакка кишт карда, ҳосили фаровон ба даст меоварданд. Борҳо шудааст, бригадае, ки ин зани меҳнатӣ роҳбариашро ба уҳда дошт, дар миқёси ноҳия ва вилоят ҷиҳати ҷамъоварии ҳосил ба гирифтани мақомҳои ифтихорӣ ноил ва сазовори таҳсин мегардид.

Дар қатори ғолибон ҳамеша ному насаби Анора Хоҷаева низ буд. Ӯ ҳамчунин модари меҳрубони панҷ фарзанди дӯстрӯ буда, барои он ки фарзандонаш дар роҳи дуруст ба камол расанд, онҳоро ҳамроҳи худ ба сари замин мебурд, то дар корҳои саҳроӣ ёрӣ расонанду меҳри заминро дар қалбашон ҷо диҳанд.

Анора аз касби интихобнамудааш пушаймон нест. Худро дар заминҳои паҳновари Мирзочӯл медиду ба худ мегуфт, ки маҳз мо баринҳо бояд ин биёбонро ба мавзеи зебою дилрабо ва гулпӯшу гулбасар табдил диҳем.

Анора Хоҷаеваро имрӯз ҳамчун агрономи номӣ дар саросари ноҳияи Зафаробод ба хубӣ мешиносанду эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Шукргузор аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ умр ба сар мебараду аз неъматҳои даврони сулҳу осоишта бархӯрдор аст. Зафаробод ҳамон маконе, ки замоне чулу биёбонро мемонд, имрӯз ба биҳишти рӯйи замин мубаддал шудаасту қитъаҳои ҳосилхез дорад. Меваҳои шаҳдбори боғдоронро на танҳо мардуми ноҳияву вилоят, балки берун аз он ҳам тановул мекунанду ба офарандагонаш аҳсан мехонанд.

Бешак, дар ин кор саҳми Анорахола низ ҳаст. Ин бонуи меҳнатӣ, ки тамоми умри босамарашро сарфи корҳои наку карда, барои ободии диёраш камар бастааст, имрӯз дар ҳалқаи фарзандону набераҳо даврони пирӣ меронад. Бо вуҷуди ин, ором нишаста наметавонад ва вазифаи пурмасъулияти раиси Шурои занони шаҳраки Ҳамид Алиевро ба уҳда дорад.

                                                                                                       Гулҷаҳон Маҳкамова,

                                                                                                          ноҳияи Зафаробод

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_04_2026_small.pdf [3.92 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон