БОЙГОНӢ

«    Апрел 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ободии деҳа-ободии кишвар

Иҷтимоъ

Дар намоиши наврӯзии ҳунарҳои мардумии ноҳияи Шуғнон фаровардаҳои дастии бонуи ҳунарманд Сабзигул Қувватбекова чун дар дигар чорабиниҳои фарҳангӣ як гӯшаи зебо ва дидании онро ташкил доданд. Маҳсули андешаи бою рангини бонуи ҳунарманд, истифодаи моҳиронаи тарзи гулпартоиҳои ориёӣ дар дӯхти тоқӣ ва бофти ҷуробҳои помирӣ, тагандоз, қолинча ва дигар намудҳои маҳсулоти бофандагиву дӯзандагӣ, ки ба тамошогарону муштариён пешкаш гардиданд, бармало ба чашм мерасиданд.

 

Бофандагӣ ва дӯзандагиро бонуи ҳунарманд аз модараш Нурхотун, тоқидӯз ва бофандаи моҳир, ёд гирифтааст. Вақте модар бо дархости муштариён тоқӣ медӯхт ва шероза мебаст, зодмандон одатан хоҳиш менамуданд, ки ҳунарманд бо дастони худашон онро ба сари фарзандашон пӯшонад, зеро ба боварашон «дасти усто» бахосият аст.Дар шакл ва интихоби рангу дӯхти тоқиҳои арӯсию домодӣ зиёда аз чил намуди гулпартоиҳо истифода шуда, тоқӣ вобаста ба завқ, чеҳра ва синну сол мувофиқ ва зебанда ба сари ҳар фармоишгар дӯхта мешуд. Духтар ба дастони чобуки модар дида дӯхта, дар фаъолияти ҳунармандии модар ёрӣ мерасонд. Тоқӣ одатан аз матоъҳои махмалин ва ё дигар намуди матоъ дӯхта шуда, аз канораи қисми барашон шерозаи гулдор мечаспонанд ва як тарафашро пӯпак оро медиҳад.Ҳунари гулдӯзӣ дар дӯхти тоқӣ, саростин, гиребону пешбари курта, пешонабанди атфол ва арӯсон ба таври фаровон истифода гардида, бахусус дар Ҷашни Наврӯз зебодухтарон бо куртаҳои сафеди гулдӯзӣ, тоқии пурнақшу нигор, мӯйбандҳои сурхи тӯпидори бо садаф ороёфта, ҳамелҳои аз сангҳои ороишӣ ва ҷилваҳои дилрабояшон шукӯҳи ҳунарҳои мардумиро бештар дар назари бинанда ҷилвагар месозанд.

Сабзигул аз модараш асрори бофтани ҷуробҳои помирии яксихаву дусиха ва сесихаву чорсихаро ёд гирифт. Барояш, бахусус, ҷуробҳои пурнақшу нигору яксиха бо гулпартоиҳои гуногун назири «партовус», «пайи нахчир», «ситораи думдор», «пайи гунҷишк» писанд уфтоданд. Вале ӯ бештар ба дӯзандагӣ шавқ пайдо намуд.

Пас аз хатми мактаби миёнаи деҳа бону Сабзигул ҳунаромӯзи Омӯзишгоҳи касбии техникии шаҳри Душанбе аз рӯйи ихтисоси дӯзанда гардид. Бо поён ёфтани омӯзиш муддати яку ним сол дар фабрикаи қолинбофии Қайроққум такмили маҳорату малакаи касб намуда, ба зодгоҳ баргашт. Дар филиали фабрикаи дӯзандагии шаҳри Хоруғ дар деҳоти Сучон ва Поршиневу сипас шаҳри Хоруғ кор карда, дар қатори пешқадамони истеҳсолот ном баровард. Баъди маҳдуд гаштани фаъолияти корхонаи саноатӣ дар шароити хона дӯзандагиро идома бахшид. Ба хотири таъмини оила ҳунари аз модар ёдгирифтаашро такмил дода, маҳсулшро дар хизмати муштариён гузошт.

Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ӯро низ канор нагузошту чор сол дар муҳоҷирати корӣ буд. Вале ҳамеша эҳсос мекард, ки шаҳри бегона барояш хона шуданӣ нест. Дилаш ҳамеша ба зодгоҳ кашол буд ва баргашту бо азми дучанд ба тавсеаи фаъолияти ҳунармандӣ пардохт. Дар баробари бофандаву дӯзандаи чирадаст чун намадрези моҳир низ шинохта шудааст.

Намадсозӣ аз ҳунарҳои қадимаи мардумӣ буда, намуди зиёди намадҳои гулдор омода мегардад. Расм аст, ки вақте арӯс ба хонаи домод меравад, дар бисоташ бояд ҳатман намади пур аз нақшу нигор, ки нишонаи бахт ва меҳру муҳаббат дар хонадон маҳсуб меёбад, дошта бошад. Аз ин рӯ, муштариёни намадҳои рангоранг низ зиёданд.

Ҳунари хуби пазандагии бонуи ҳунарманд ва фаъолу ташаббускорро дида, мудирияти мактаби деҳа ӯро барои таҳияи ғизои мактабӣ барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ даъват намуданд ва ӯ чанд сол аст, ки ин вазифаро бо сифати баланд ба ҷо меораду талабаҳо ва зодмандонашон аз таомҳои болаззати омодакардаи пазанда қаноатмандӣ изҳор медоранд.

Сабзигул бо шавҳараш дар деҳаи Имоми Ҷамоати деҳоти Ванқалъа, ки дурдасттарин маҳалли зист дар ноҳия аст, умр ба сар мебаранд. Агарчи фарзандонашон дар чор гӯшаи кишвар фаъолият доранд, волидон ҳаваси кӯчидан ба назди фарзандон надоранд. Пос доштани гармии оташдони хонаи аҷдодиро рисолати хеш медонанд. Зану шавҳар аз он мефахранд, ки дар паҳлуяшон, дар хона модарони солмандашон бо ҳузурашон нурбахши манзилашон ҳастанд. Дар муҳити меҳру муҳаббат ва дӯстдорӣ духтару писар, бо ибораи дигар келину домод дар пиронсолӣ хизмати онҳоро ба ҷо меоранд.

-Боду ҳавои деҳа дигар аст. Агарчи дар деҳаи баландкӯҳамон мева намерӯяд, зироаткориву чорводорӣ мекунему аз ҳисоби маҳсулот ва ҳунармандӣ зиндагӣ пеш мебарем. Ободии кишвар аз ободии деҳа оғоз меёбад, гуфтанҳо дуруст аст. Ба шарофати сулҳу ваҳдат дар кишвар деҳоти дурдасттарини мамлакат низ ободу зебо аст. Аз канори деҳа дар масири байналмилалии автомобилӣ байни Тоҷикистону Чин қатори мошинҳои пурбор чор фасли сол дар ҳаракат буда, маводи ғизо ва дигар маҳсулоти ниёзи рӯзгордорӣ дар ҳар деҳа дастрас мебошад. Дар ҳар ҷо ва ҳар маконе бошем, бояд барои ободии Ватан талош варзем. Ман ҳамчун сокини як деҳаи дурдасти ободу зебои кишвар худ ва хонаводаамонро хушбахт меҳисобам, - меафзояд бонуи ҳунарманд Сабзигул Қувватбекова.

                                                                                   Ш. Мирзоҷалол,

                                                                                   ноҳияи Шуғнон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_04_2026_small.pdf [3.92 Mb] (зеркашиҳо: 18)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон