Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Татбиқи ҳадафҳои стратегӣ
ИҷтимоъДар марҳалаи нави рушди иқтисодиёти кишвар дар сиёсати давлат таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёри саноатӣ бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона мегардад.
Дар даврони навин, яъне солҳои соҳибистиқлолӣ ба роҳ мондани корҳои ободониву созандагӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар, гузариш ба самти рушди устувори иқтисодиёти миллӣ тавассути саноатикунонии босуръат дар кулли минтақаҳои ҷумҳурӣ аҳамияти бузургро дорост.
Татбиқи ҳадафи саноатикунонӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо ташкили корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ, бо истифода аз технологияҳои нави инноватсионӣ афзоиши истеҳсоли моддиро таъмин намуда, боиси рушди устувори иқтисоди миллӣ ва дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мегардад.
Ҳамин аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ солҳои 2022–2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд.
Вобаста ба ин, бо дарназардошти мавҷудияти иқтидорҳои истеҳсолии кишвар ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар заминаи эълон гардидани ҳадафи саноатикунонии босуръат рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Корхонаи коркарди шири ҶДММ «Шири Зафаробод» дар назди Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Комбинати шири Душанбе» низ яке аз меваҳои даврони истиқлол буда, барои бо маҳсулоти ширӣ, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, кефири мевагӣ, дуғоб ва маска таъмин намудани истеъмолгарон бунёд гардидааст.

Дар доираи озмуне, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли кишвар маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» роҳандозӣ намудааст, ба ин корхона рӯ овардем, то дар бораи дастоварду муваффақият ва бурду бохти он мавод омода созем.
Дар коргоҳ моро рост омад, ки бо технолог Ғайратшо Иззатшоев суҳбат намоем. Мавсуф изҳор дошт, ки таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолии корхонаи саноатӣ аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид ва васлу насб гардидааст. Корхона дорои ду сардхона буда, маҳсулоти тайёр тавассути воситаи нақлиёти махсус ба нуқтаҳои фурӯш дастрас мегардад.
Саноатчиён аз аҳолии Зафаробод ширро харид намуда, дар як шабонарӯз 331 литрро коркард ва аз он ҷурғоти хонагӣ, қаймоқ, чакка, йогурт ва равғани зард омода менамоянд.
Дар корхона бо бонувон Зулхумор Ашӯрова ва Фирӯза Ғозиева суҳбат доштем. Онҳо таъкид намуданд, ки вазифаашон банду басти маҳсулоти омодашуда аст.Зулхумор Ашӯрова баробари оғози фаъолияти корхона ба кор сар кардааст. Ӯ ҳини суҳбат иброз дошт, ки корашон он қадар ҳам мушкил нест. Ҳар рӯз нав ба нав барои мардуми ноҳия маводи озуқа — ширӣ омода сохта, онро бандубаст менамоянд.
Маҳсулоти омодакардаи мо дастархони мардумро зебу зиннат мебахшад. Ҳар гоҳ ба меҳмонӣ равем, маводи корхонаро, ки бо дастони худ истеҳсол менамоем, дида хурсанд гашта, бо ифтихор ба соҳибхона мегӯям, ки аз он бисёртар харид кунанд. Духтаронам Шабнаму Мадина низ солҳо дар ин корхона фаъолият намуда, барои баланд бардоштани иқтисодиёти оилаашон заҳмат мекашанд.
Зулхумор бонуи басо меҳнатдӯст буда, пайваста мекӯшад, то кораш самаранок бошад. Ӯ зодаи ноҳияи Айнӣ буда, соли 1992 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и Ҷамоати деҳоти Зерободро хатм намуд. Оила барпо кард. Сипас ба ноҳияи Зафаробод кӯч бастанд. Соҳиби се фарзанди дӯстрӯ шуданд. Имрӯз ҳар яки онҳо камол ёфта, аз пайи зиндагии хешанд. Зулхумор соҳиби панҷ набера аст.
Фирӯза Ғозиева низ яке аз бонувони чирадасти корхонаи мазкур буда, дар ин коргоҳ фаъолияти пурсамар дорад. Пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳияи Зафаробод чанде бекор буд. Оиладор шуд. Соҳиби 4 фарзанд гардид. Баъди ба камол расидани фарзандон ба ин корхонаи шир ба кор омад. Ҳоло бандубасти маҳсулоти тайёрро ба уҳда дорад.
Лозим ба ёдоварист, ки корхона дар мавзеи басо дилфиреб, табиати зебо ҷойгир аст. Аҳли коргоҳ тасмим гирифтаанд, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар иҷрои нақшаҳои истеҳсолию иҷтимоии корхона саҳми худро гузоранд.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
ноҳияи Зафаробод
Мубодила:
Шарҳҳо











