Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Мирзочӯли даврони Истиқлол
Иҷтимоъ / СлайдерНоҳияи Зафаробод дар зарфи 35 соли Истиқлоли давлатӣ ба дастовардҳои зиёд ноил гардидааст. Фишурдаи суҳбати хабарнигори маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»-ро дар ин хусус бо муовини раиси ноҳия Малоҳат Абдусаломзода манзури хонандагон мегардонем.
– Дуруст аст, ки Зафаробод дар даштҳои доманфарохи Мирзочӯл бунёд шудааст.
– Бале, Зафаробод таърихи ба худ хос дорад. Бо фармони Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 23-юми апрели соли 1959 як қисми биёбони Мирзочӯл ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд, ки он майдони 50,5 ҳазор гектарро ташкил медод. Санаи 1-уми июни ҳамон сол бо фармони Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 50,5 ҳазор гектар (дар асл 44 ҳазор гектар) биёбони Мирзочӯл ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ шуд. Заминҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудокардашудаи кишвари ҳамсоя ин ҷуброни ҳамон заминҳое мебошад, ки баҳри бунёди НБО «Қайроққум», зиёда аз 80 ҳазор гектар заминҳои корами обии кишвари мо зери об монда буд.
Пас аз корҳои азими созандагию бунёдкориҳо бо фармони Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми декабри соли 1965 ноҳияи Зафаробод бо маркази маъмуриаш – шаҳраки Зафаробод таъсис дода шуд.
Дар солҳои азхудкунии заминҳои ташналаб намояндагони 37 миллату халқияти шуравӣ муттаҳид шуда, қатъи назар аз шароитҳои душвор бо азму иродаи қавӣ чӯли ташналабро шодоб карданд. Дар дашти синабирён пойгоҳҳои обкашии муқтадире бунёд ёфтанд, ки дар як сония 48 метри мукааб обро ба баландии 180 метр мебароварданд. Ин падида дар ҷаҳони муосир ҳамто надошт. Дар як вақт, ҳамчунин, сохтмони каналҳои муҳташам бо арзи умумии беш аз 150 километр анҷом ёфтанд. Азхудкунии заминҳои бекорхобида, бунёди роҳҳо, кашидани хатҳои барқ, алоқа, сохтмони шаҳраку деҳаҳо бо манзилгоҳҳои замонавӣ, ташкил намудани хоҷагиҳои калони пахтакорӣ, фермаҳои чорводорӣ, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ, маишӣ, савдо ва ғайра бо суръат ва сифати баланд анҷом меёфтанд. Роҳбарияти давлат ва ҳукумати давр заҳмати ҷоннисоронаи кошифонро қадр мекарданд, бештар аз 1100 нафар фотеҳи Мирзочӯли тоҷик бо ордену медалҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз шуданд.
Даврони соҳибистиқлолӣ ба рушду камолоти босубот ва бесобиқаи Ватани азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо асос гузошта шуд, ки ин давоми мантиқии корнамоиҳои наслҳои ҷавони Мирзочӯли тоҷик аст. Тӯли ин солҳои пурбаракат мардуми кишвар таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳеро тай заданд, ки ба садсолаҳо баробар аст.
– Зафарободро ноҳияи кишоварзӣ меноманд…
– Бале, дар солҳои соҳибистиқлолӣ даҳҳо хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ ташаккул ёфтанд, ки бо шаклу усулҳои нави меҳнат, гирифтани ҳосили фаровони зироатҳои кишоварзӣ дар ноҳия ва вилоят ҳамчун мактаби таҷрибаи пешқадами кишоварзӣ эътироф гардидаанд. Яке аз вазифаҳои муҳими ислоҳот ин ба соҳаи гуногунҷанба табдил додани кишоварзӣ буд, ки бомуваффақият амалӣ гаштааст.
Воқеан, соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия ба ҳисоб рафта, моҳи январи соли 2026 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 15 миллиону 829,4 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба моҳи январи соли 2025-ум 1 миллиону 331,9 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 109,2 фоизро ташкил дод.
Нахи пахта яке аз манбаъҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, аз ҳисоби ҳосили пахтаи соли 2025-ум дар корхонаҳои коркарди пахтаи ноҳия 8 ҳазору 105 тонна нах истеҳсол гардида, то ба имрӯз 2 ҳазору 771,6 тоннааш ба фурӯш бароварда шуд.Барои мавсими кишти имсола ба миқдори 1300 тонна тухмии навъҳои ҳосилхези ба боду ҳавои минтақа мувофиқ захира шудааст, ки ин ба 95 дарсади талаботи нақшаи кишти пунбадона баробар аст.
– Зафаробод яке аз ноҳияҳоест, ки заминҳояш пурра ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мегарданд, вазъ дар ин самт чӣ гуна арзёбӣ мегардад?
– Қобили зикр аст, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 3,5 миллион сомонӣ маблағ барои таъмиру тармими пойгоҳҳои обкашии ноҳия ҷудо шуд. Агрегати нави насбшуда дар мавсими соли 2025 натиҷаи хуб дода, хоҷагиҳоро ба миқдори 245,9 миллион метри мукааб оби полезӣ таъмин намуд, ки нисбат ба соли 2024-ум 21,2 миллион метри мукааб зиёд мебошад.Ҳамчунин, барои мавсими имсола боз як агрегати нав ворид гардид, ки алҳол насби он оғоз шуда, барои боз ҳам беҳтар намудани таъминот таъсири мусбат хоҳад расонд.
Дар мавсими соли 2025 тариқи пойгоҳҳои обкашии ноҳия ба маблағи 12 миллиону 295,6 ҳазор сомонӣ оби полезӣ дода шудааст, ки пардохти он то санаи 1-уми феврали соли ҷорӣ 3 миллиону 743 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин ба 30,4 фоиз баробар буда, нисбат ба мавсими соли 2024-ум ҷамъоварӣ 2 миллиону 416,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
– Солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карданд. Дар ин самт чӣ тадбирҳо роҳандозӣ мегарданд?
– Соҳибистиқлолии кишвар ба поягузорӣ ва рушди саноат дар ноҳия асос гузошт. Тӯли ин солҳо дар мавзеъҳои гуногуни ноҳия 10 заводи пахтатозакунӣ, 5 заводи равғанбарорӣ, корхонаҳои дигари истеҳсолӣ сохта, ба истифода дода шуданд, ки он аз як тараф ба коркарди ашёи хоми истеҳсоли худӣ мусоидат намуда бошад, аз тарафи дигар барои ғанӣ гардондани буҷети ноҳия кумак менамояд. Саноатикунонии босуръати кишвар яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин давра аз тарафи корхонаҳои саноатии ноҳия дар моҳи январ ба маблағи 36 миллиону 284,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 397,5 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоиши истеҳсолот 110,3 фоизро ташкил дод.
– Маориф яке аз соҳаҳоест, ки рушди он ба рушди давлат алоқамандии ногусастанӣ дорад. Дар ин самт чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?
– Дар ноҳияи Зафаробод 32 муассисаи таълимии шаклу моликияташон гуногун, аз ҷумла 25 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 19,6 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Аз шумораи умумии омӯзгорон 769 нафарро бонувон ташкил медиҳад.
Хонандагон дар тамоми озмуну олимпиадаҳои сатҳи ноҳияву вилоят ва ҷумҳурӣ ширкат меварзанд. Дар даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 1656 нафар дониши худро санҷида, 1116 нафар ба даври дуюм роҳ ёфтанд. Бо қарори ҳайати ҳакамон 1 омӯзгор ва ду нафар хонандаи ноҳия ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Хонандаи синфи 4-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Азиза Аминова дар номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон соҳиби ҷойи дуюм ва 50 ҳазор сомонӣ шуд. Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар номинатсияи «Ихтироъкор ва навовар» шогирдони дабистонҳои ноҳия то даври ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, ҳунару истеъдоди худро нишон доданд.
– Ҳифзи тандурустии аҳолӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат аст, ҳамин тавр не?
– Соҳаи тандурустии ноҳия дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои зиёд ноил гардид. Аз ҷониби ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ 1 адад «кювез инкубатор» ва таҷҳизоти гуногуни тиббӣ, аз қабили ду адад насоси сӯзандору, ду адад насоси инфузионии валуметрӣ, 1 адад насоси ҷарроҳии барқӣ, 5 адад кати тиббии бачагонаи чархдор ва 1 адад модули фототерапӣ туҳфа гардид.Дар деҳаҳои Навбаҳор ва Баҳористон бунгоҳҳои тиббӣ сохта шуданд, ки рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Алҳол, дар ноҳияи Зафаробод 667 нафар корманди тиб фаъолият дорад, ки аз онҳо 79 нафар табиб, 368 нафар корманди миёнаи тиб, 139 нафар корманди хурди тиб ва 81 нафар кормандони дигар мебошанд.
– Имрӯзҳо мардуми кишвар ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёрии ҷиддӣ мебинанд. Омодагии ноҳияи Зафаробод дар кадом поя қарор дорад?
– Дар ноҳияи Зафаробод баҳри омодагӣ ба ин санаи таърихӣ алъон корҳои зиёде ба сомон расиданд. Бунёди манзилҳои истиқоматӣ, корхонаҳои саноатӣ, нуқтаҳои савдо, таъмири роҳҳои шаҳраку деҳот, корхонаҳои коркарди нахи пахта ва чанде дигар ба ноҳия ҳусни тоза зам менамоянд.
Бахшида ба ин санаи таърихӣ дар ноҳия бояд мувофиқи нақша 590 иншоот бунёд мегардид. Тавонистем нақшаро дар муҳлати муайян ба иҷро расонда, ба он 125 адад иншооти ҷашнӣ илова намоем, ки дар маҷмуъ 610 иншооти ҷашнӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт.
Мардуми заҳматпешаи ноҳия азм доранд, ки ҷашни Истиқлоли давлатиро бо рӯҳияи болида ва пирӯзиҳои меҳнатӣ истиқбол намоянд.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
ноҳияи Зафаробод
Мубодила:
Шарҳҳо











