БОЙГОНӢ

«    Июн 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Самараи ташаббусҳои ободонӣ

Иҷтимоъ / Слайдер

Мусоҳибаи ихтисосӣ бо муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Шукурзода Шаҳло

Мусаллам аст, ки нишондиҳандаҳои пешрафти ҷомеа аз лиҳози сатҳи зиндагӣ ва рушди соҳаҳои иҷтимоӣ баҳогузорӣ мегардад. Биноан, мегуфтед, ки тайи солҳои охир ҷиҳати беҳбудии соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чӣ иқдомҳо амалӣ гардиданд?

 

Дар 58 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 10 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 3 муассисаи таҳсилоти ибтидоии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 51 ҳазору 268 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки ба онҳо 2561 омӯзгор таълим медиҳад. Аз 17 муассисаи томактабӣ дутои он хусусӣ мебошад. Бо назардошти талаботи аҳолӣ умед аст, ки дар панҷ соли оянда дар деҳкадаҳо низ муассисаҳои томактабии замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо воситаҳои муосири барои рушди зеҳнии кӯдакон сохта ба истифода дода мешаванд. Дар ноҳия Коллеҷи энергетикӣ, Мактаби байналмилалии президентӣ, гимназияи давлатӣ, Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим, муассисаи таҳсилоти иловагӣ, инчунин, марказҳои таълимӣ-касбинтихобкунӣ, дарёфти рушди истеъдодҳо ва Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия арзи вуҷуд доранд.

Дар радифи муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои гуногуни касбу ҳунаромӯзӣ бо воситаҳои муосири технологӣ, ҳамзамон, ба такмили касбияти маорифчиёну мутахассисони марказҳои мазкур ва дар рӯҳияи худсозиву худшиносӣ тарбия намудани насли наврас, таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода мешавад. Дар ин росто, роҳандозӣ намудани усулҳои нави донишу ҳунаромӯзӣ, ташкили озмуну ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ, фароҳам овардани имконият ва роҳнамоии истеъдодҳо ба озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ намунае аз тадбирҳои муҳимест, ки ба рушди истеъдодҳои наврас ва ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ омода кардани ҳунаромӯзони ҷавон мусоидат менамояд.

Самараи таъсиси квотаи Президентро дар таъмини соҳаҳо бо кадрҳои лаёқатманд ва иштироки бонувонро дар корҳои ҷамъиятиву вазифаҳои роҳбарии ноҳия чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

– Айни замон аз ҳисоби квота 102 нафар ҷавон, аз ҷумла 52 духтари ноҳия дар муассисаҳои таълимии олии мамлакат таҳсил доранд. Ҷавонони тариқи квотаи Президент таҳсилдошта дар баробари саъйи дучанд ҷиҳати азбар намудани илму ҳунар, ҳамзамон, як масъулияти бузургро бар дӯш доранд, ки сазовори боварии роҳбарияти олии мамлакат гардида, минбаъд низ дар фаъолияти касбӣ намунаи ибрати ҳамсолони худ бошанд. Бо назардошти мушоҳидаҳои бисёрсолаи дар самти таълиму тарбия, ки духтарон нисбат ба ҷавонписарон ба илму донишандӯзӣ ва забономӯзиву азбар намудани ҳунарҳои гуногун шавқу завқ ва ҷидду ҷаҳди бештар доранд, моро мебояд, ки ҷиҳати ҷалби духтарбачаҳо ба таҳсилоти олӣ тариқи квотаҳо таваҷҷуҳи бештар дошта бошем.

Дар мавриди татбиқи сиёсати давлатии баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва амалисозии стратегияи фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳал чӣ гуфтанӣ доред?

Дар партави ташаббусҳои хирадмандона ва мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як насли баркамоли даврони истиқлоли кишварамон тарбияву обутоб ёфт, ки имрӯз собиқаи роҳбарии онҳо мактаби таҷрибаву ибратомӯзӣ барои ҷавондухтарон аст.

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 115 ҳазору 728 нафар зан кору зиндагонӣ дорад, ки аз ин 59 901-тояшон занони қобили меҳнатанд. Алҳол 73 занону духтарон дар соҳаи хизмати давлатӣ ва 163 нафар дар зинаҳои роҳбарикунанда фаъолият дошта, ҳамчунин, 16 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 56 тан вакили маҷлисҳои ҷамоатҳо буда, 12 нафар дар қайди захираҳои кадрӣ қарор доранд.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки солҳои охир зодмандон ба идомаи таҳсилоти оливу касбии духтарбачаҳо хушбин шудаанд ва ҷавонписарон низ дар интихоби ҳамсафари оянда ба номзади таҳсилдида авлавият медиҳанд.

Омодагиҳо ба ҷашнвораи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом сатҳ қарор дорад?

Дар доираи омодагӣ ба ҷашни фархундаи кишвар аз бунёди 340 иншооти гуногун, то имрӯз 285 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Аз лоиҳаҳои сохтмонии ба анҷомрасида 104 иншоот ба соҳаи маориф, 18 адад ба соҳаи тандурустӣ, 7 иншоот ба фарҳанг, 4 адад ба соҳаи варзиш марбут аст. Ҳамчунин, то имрӯз 4 корхонаи саноатӣ ва 148 адад тарҳҳои гуногуни сохтмонӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашнҳои таърихӣ дар шаҳраки Балх Маҷмааи варзишии Исмоили Сомонӣ «АРЕНА» барои 15 ҳазор ҷойи нишаст, Мактаби байналмилалии президентӣ, Хона-музейи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, майдони Нишон ва Парчами давлатӣ, пайкараи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, чандин иншооти бисёрошёнаи истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи барномаи давлатии рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2021–2025 соли гузашта бинои шуъбаи таваллуди беморхонаи марказии ноҳия муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ ба истифода дода шуд. Дар ин давра, дар деҳкадаҳои ноҳия даҳҳо марказҳои муосири ташхису табобатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ифтитоҳ гардиданд. Имрӯз дар муассисаҳои тандурустии ноҳия 137 табиб, аз ҷумла 63 нафар бо категорияи олӣ ва якуму дуюм ва 419 корманди миёнаи тиб фаъолият доранд.

Ташаббусҳои густурдаи ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни таърихӣ, то кадом андоза ба рушд, тарбияву таҳкими ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон ва беҳбудии сатҳи зиндагии қишрҳои ниёзманди аҳолӣ мусоидат менамояд?

Нақшаи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар асоси муҳимтарин ниёзҳои ҷомеа таҳия гардида, амалӣ гашта истодааст. Дар ин давра, ба ҷуз мактабу синфхонаҳо ва марказҳои касбу ҳунаромӯзӣ, инчунин, маҷмааи хуштарҳи варзишӣ, ки қаблан зикр намудем ва даҳҳо толору майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд. Айни ҳол дар ноҳия 201 майдончаи варзиш, 31 толори варзиш, 1 маҷмааи варзиш, 10 майдончаҳои бозиҳои кӯдакона, 1 варзишгоҳи дорои 3 ҳазор ҷойи нишаст ва 16 иншооти махсуси варзишӣ арзи вуҷуд доранд.

Дар баробари роҳнамоии насли наврас ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, ҳамчунин, истифодаи фаровон аз технологияи коммуникатсионӣ ва иштирок дар олимпиадаҳои онлайнӣ аз муҳимтарин роҳҳои рушди зеҳнии онҳо мебошад. Шумораи ҷавонони ноҳия ба 72 058 нафар мерасад, ки аз ин 36 129 нафар духтаронанд ва аз ин ҳисоб 65 нафар барандаи стипендияи президентӣ дорем. Қобили зикр аст, ки ҷавонони ноҳия дар як сол аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 8 медали тилло, 7 нуқра ва 7 биринҷӣ ба даст оварданд. Дар соли таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби буҷети ноҳия ва соҳибкорону шахсони саховатпеша ба собиқадорони ҷангу меҳнат, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар қишрҳои ниёзманди ҷомеа ба миқдори 3 миллиону 727 ҳазору 473 сомонӣ кумакҳои гуногуни моддиву молиявӣ расонда шудаанд…

                                                   Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

                                                   ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_05_2026_small.pdf [3.08 Mb] (зеркашиҳо: 31)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон