Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дар пайроҳаи падар
ИҷтимоъСолиён ба гоҳи дар пиёдарави шафати роҳи мошингард зоҳир шудани духти болобаланду нуронии раис Самиев, раҳгузарон то охири сар нигоҳ аз тамошои ҳусну латофаташ бардошта наметавонистанд. Аз иффати тоҷиконаву тарбияи аз моми бузург гирифтааш буд, ки ҳеҷ гоҳ бо атрофиён ва ҳатто ҳамсолону ҳамсабақонаш чашм ба чашм намехӯрд.
Аз соли 1986 рӯзу моҳҳо ва каму беш аз ду даҳсола аз як пайроҳа ба идораи хоҷагии овозадори ноҳия раҳсипор мегашту бегоҳӣ сӯи манзили падарӣ ва худ медонисту Эзид, ки ин роҳ варо ба пайроҳаи касбии падар пайвастааст. Азизхоним намоди исмату зебоии ҷавонони он даврон буду ҳамсолон аз назокати кокулбандиву тарзи либоспӯшӣ то раҳгардии дилрабои ӯ тақлид мекарданд, магар ба ҳилоли гесувону пичаҳои зебандааш, ки ба гунаҳои аз ҳаё гулгуни ҷавондухт ҳусни беназир бахшида буданд.
– Равоншод падарҷонам бо қалби ҳалиму ба ҷо овардани иззату эҳтиром ва лутфу меҳрубонӣ нисбат ба ҳамсару духтаронаш, вале дар тарбияи мо бағоят ҷиддӣ буданд, ки касе иродаи сухани ӯро ду кардан надошт, – аз кору рӯзгор ва номдории падар миёни мардум ёдоварӣ дошт Азизхоним. – Фарзандонро аз синни балоғат ба корҳои хоҷагӣ талқин намуда, ангеза мебахшид, то дар чорабиниҳои ҷамъиятии мактабу маҳалла намунаи ибрати дигарон бошем. Ин сон, аз овони мактабхонӣ узви хоҷагии пахтакории «Коммунизм», имрӯз хоҷагии кооперативии ба номи Ниёзмуҳаммад Бегов будам.
– Собиқаи заҳмати саҳро ва ҳам иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ заминаи хубе барои идомаи фаъолияти меҳнативу таҳсилоти касбиам гардид, ки соли 1986 баъди хатми мактаби зодгоҳ бо роҳнамоии раиси вақти хоҷагӣ Ниёзмуҳаммад Бегов ҳамчун мудири шуъбаи бақайдгирии кумитаи комсомоли хоҷагӣ ба фаъолияти идорӣ пардохта, ҳамзамон таҳсилро дар шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон оғоз бахшидам. Баъди дидору суҳбатҳои хотирмон бо бонувони пешоҳанги кишвар Бозгул Додхудоева, Мунира Иноятова ва Рафиқамоҳ Мӯсоева, ки дар замони оғози нооромиҳои сиёсӣ дар як ҳайати корӣ ба хоҷагӣ ташриф оварда буданд, хизматчии давлатӣ буданро рисолати худ дар зиндагӣ интихоб кардам.
Донишгоҳро бо ихтисоси иқтисоддон ва идоракунӣ дар комплекси агросаноатӣ хатм карда, минбаъд дар зинаҳои муҳосиб ва мудири шуъбаи кадрҳои хоҷагӣ ва аз соли 2004 масъулияти раисии Шурои занони хоҷагии имрӯз ба номи Ниёзмуҳаммад Беговро бар зимма дошт. Дар он давра теъдоди ангуштшумори бонувон дар вазифаҳои ҷамъиятӣ ҳузур доштанд, аммо ҳар як аз онон бо донишу малакаи роҳбариву корбарӣ миёни мардум иззату эҳтиром доштанд. Азизхоним бо таҳкими ҳамкориҳои омӯзанда ва табодули донишу таҷрибаи меҳтарони деҳкада, доиман дидору суҳбатҳо бо фаъолзанону пешқадамони истеҳсолотро роҳандозӣ мекард, то ҷавондухтарон аз корномаи мондагору саргузаштҳои пурифтихори коргарзанон баҳра бардоранд.
– Таҷрибаву фаъолияти бенуқсони роҳбариро аз падари зиндаёдам Давлат Самиев омӯхтаам, ки хизматҳои мондагораш дар вазифаҳои котиб, баъдан раиси Ҷамоати деҳоти Навобод ва дигар мансабҳои баланд достони ибратомӯзест барои фарзандону шогирдонаш, – ифтихормандона изҳор медорад Азизхоним. – Қаҳрамони хаёлоти ҷавонии ман раиси баъдии деҳкада Саъбагул Юнусова буд, ки аз дидору суҳбатҳои ангезабахши ӯ як ҷаҳон илҳоми тозаву ғизои маънавӣ мебардоштам. Дар давраи роҳбариаш мабодо ҳалли муроҷиатҳои нафаре ба таъхир ҳам меуфтод, вай бо ҳамдиливу ёрмандӣ ба корафтодагон, машваратҳои судманду фарҳанги волои муошират дар қалбҳои мардумон маъво ёфта буд. Ҷозибаи пайроҳаи пурифтихори падар ва ҳамнишинӣ бо шахсиятҳои мӯътабари замон, шуълаи шавқу ҳаваси кор бо ҷомеаро дар замирам афрӯхта буд, ки аз соли 2005 фаъолияти меҳнатиро дар идораи Ҷамоати деҳоти Навобод идома бахшидам.
Бо ҳама бардоштҳои ҳаётӣ ва серкориву ташвишҳои мавсимии идорӣ, ки тарбияи фарзандон ба уҳдаи модару бибиаш монда, Азизхоним рӯзу моҳҳо падарро ба серӣ намедид, валекин ояндаи худро дар қадамҷои ӯ тасаввур мекард. Бо дарки нақши муассири мақомоти деҳот дар тарғибу татбиқи сиёсати давлатӣ, пешгирӣ аз падидаҳои номатлуб дар ҷомеа ва раҳнамоии ҷавонону бонувон ба омӯзиши илму ҳунар, ҳама ҳастии худро ба кор бахшид. Сароғози фаъолият дар вазифаи муовини раиси деҳот ҳамзамон чорабинии маърифатӣ таҳти унвони «Пайванди ду насл»-ро роҳандозӣ намуд, ки дар ин вохӯриҳо меҳтарону арбобони ҷамъиятӣ ба неруи тозаи коргарӣ аз таърихи пурифтихори азхудкунии заминҳои нокорам ва корномаи фотеҳони ин сарзамин қисса мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамрадифи раванди босуръати корҳои ободонӣ ва тадбирҳои муассир дар самти афзоиши истеҳсолот, ки ба пешрафту тараққиёти бомаром дар маҳал заминаи устувор мегузорад, бояд ба рушди зеҳнӣ ва сатҳи донишу маърифатнокии ҷомеа тамаркуз кард. Чун тамоми дастовардҳои тӯли беш аз ду даҳсолаи фаъолияташ дар идораи ҷамоат аз саодату ҳузури сарҷамъонаи бонувони деҳкада дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва ширкат дар озмуну намоишҳои ҳунармандӣ сарчашма мегирад. Ба эътибори нақши илму ҳунарҳои фарогири ниёзҳои ҷомеаи муосир, ходими ҷавон барои касби ихтисоси дувум шуъбаи ғоибонаи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро низ ба итмом расонд.
– Бо ҳамдастиву ғайрати шоистаи бонувони пешавар, намояндагони бонувони деҳкада борҳо ғолиби озмуну фестивалҳои ҳунармандӣ гардида, ҳамвора дастранҷҳои пешаваронро дар ҳамоишҳои бузург ба ифтихори «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» муаррифӣ намудаем, – изҳор дошт муовини раиси деҳоти Навобод Азизхоним Самизода. – Дар қатори сарфарозӣ бо ифтихорномаву сипосномаҳо ва медалу мукофотҳои гуногуни давлатӣ, ғолибият дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» намунае аз музаффариятҳоям дар ин ҷода аст, ки замоне падари зиндаёду устодони роҳнамо бароям пешбинӣ менамуданд. Ба ростӣ, ҳар бори ёдоварӣ аз лаҳзаҳои қадрдонӣ гардиданам бо медали «Хизмати шоиста» ва насиҳатҳои ҳидоятмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки: «Духтарам, ба халқу Ватани азиз содиқона хизмат намоед, ки мардум ва Роҳбари давлат аз шумо интизориҳои зиёд доранд», – гуфта буданд, бароям неруи тозаву эҳсоси зиндадилӣ мебахшанд.
Ӯ каме ба хаёл мераваду сипас ба гуфтаҳояш идома мебахшад:
– Бонувони мо бо руҳбаландӣ аз таваҷҷуҳи пайваста ва тадбирҳои ояндасози Пешвои муаззами миллат бобати фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа, баробари ҳузури фаъол дар соҳаи маорифу тандурустӣ ва кори саҳрову пешбурди шуғлҳои рӯзгордорӣ, ҳам дар ҳамоишу чорабиниҳои фарҳангӣ, семинару курсҳои ҳунаромӯзӣ фаъолона иштирок менамоянд. Бо назардошти ниёзҳои занону духтарон ба касбомӯзӣ, танҳо давоми як соли охир дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 14 давраи омӯзишӣ ташкил кардем, ки дар ҳар як гурӯҳ аз 15 то 20 нафар занону духтарони хонашин ба дӯзандагиву кадбонугӣ ва дигар касбҳои даромадовар фаро гирифта шуданд.
Бо ҳама пешрафту дастовардҳои шоистаи таҳсин боз ҳам аҳли ҷамоатчигӣ саъю кӯшиш доранд, ки бо бартараф намудани мушкилиҳои мавҷуда ба раванди рушду ободонии деҳот суръати тоза бахшанд. Зимнан, яке аз масъалаҳои ҳалталаб ин норасоии воҳидҳои корӣ дар мақомоти худидоракунӣ мебошад, ки то имрӯз пешбарии самтҳои идеологӣ ва ҳам соҳаи иҷтимоиро як муовини раиси деҳот бар зимма дорад. Ҳол он ки дар марҳалаи зарурат ба таҳкиму пойдории оилаҳо ва баланд бардоштани маърифати оиладориву тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, идораи Ҷамоати деҳоти Навобод ба воҳидҳои кории раиси Шурои занон ва машваратчии ҳуқуқӣ низ ниёз дорад.
Тибқи иттилои Азизхоним Самизода, дар ҳудуди деҳоти мазкур, ки нуфуси аҳолии он ба зиёда аз 27 ҳазор нафар мерасад, 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва як муассисаи таҳсилоти томактабӣ арзи вуҷуд доранд. Тайи панҷ соли охир бо ҷалби соҳибкорони ватандӯст ва саҳми кумитаҳои падару модарон ҷиҳати таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва сохтмони синфхонаҳои иловагӣ иқдомҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд. Интизор меравад, ки бо назардошти талаботи аҳолӣ ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар зарфи панҷсолаи оянда дар деҳаҳои сераҳолӣ бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад.
Ҷамолиддин Сайфиддин,
Ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ
Мубодила:
Шарҳҳо











