БОЙГОНӢ

«    Июн 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ҷое об ҳаст, ободӣ мешавад

Иҷтимоъ

Вақте Барно Раҳимзода ба Ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав ҳамчун роҳбар ба кор омад, аҳолии деҳаҳои он на танҳо аз оби нӯшокӣ камбудӣ доштанд, балки норасоии об барои заминҳои полизӣ низ мушкили асосӣ маҳсуб меёфт. Шуғли сокинони деҳот кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ буда, рӯзӣ аз пушти замин меёбанд. Норасоии об боиси камҳосилии зироату хушкшавии долу дарахтон гардида, ба киштаву боғоти мардум хисорот меовард.

 

Қисми бештари аҳолӣ аз обҳои зеризаминӣ, ки истеъмолашон барои саломатӣ зарар дошт, истифода мебурданд. Бошандагони биноҳои истиқоматии баландошёна оби тозаи ошомиданиро соате бо навбатпойӣ аз корхонаи шароббарорӣ захира менамуданд. Бахусус, мушкили норасоии об дар деҳот дар моҳҳои тобистон зиёдтар эҳсос мешуд.

Моҳи январи соли 2024, пас аз ду рӯзи раҳбариаш аз Мақомоти иҷроияимаҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав супориш доданд, ки ҷӯю каналҳои ҳудуди деҳот барои омодагӣ ба мавсими киштукор аз партову лойқа тоза карда шаванд.

– Давраҳои пеш аҳолии деҳот тавассути канали Чузӣ заминҳои киштро обёрӣ менамуданд, вале бо сабабҳои гуногун солҳои зиёд каналро аз лойқа тоза накарда буданд. Ҳамон рӯзи хунуки зимистон тариқи ҳашар бо дастгирии раиси ноҳия Абдуқодир Вализода ва сокинони деҳот дар якҷоягӣ бо аҳли заҳмати хоҷагии ниҳолпарварии «Зарнисор» ва ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии агросаноатии Шаҳринав» канал, ҷӯй ва заҳбурҳоро тоза кардем. Ҷӯйборҳои деҳаҳо ва заминҳои полизию боғу токзорҳои тайи чандин солҳо ташнаи оббуда сероб гардиданд, – мегӯяд Барно Раҳимзода.

Дар иртибот ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» дар Ҷамоати деҳоти Боғистон корҳои ободонӣ бо маром идома доранд. Бахусус, соҳибкорони маҳаллӣ дар сохтмони иншооти ҷашнӣ, асфалтпӯш намудани роҳҳои кӯчаю маҳаллаҳо ва бунёди мактабу боғча иқдом гирифтаанд, ки аксарияташон дар арафаи анҷомёбист.

Сангин Солеҳов аз зумраи соҳибкорони бонангу номуси ин гӯшаи диёр аст, ки иқдоми аввалинаш бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ буд. Ӯ тариқи таҷҳизоти махсуси обкашӣ аз умқи 180 метр оби нӯшокӣ баровард ва беш аз 50 оилаи маҳали зисташ соҳиби оби тозаи доимӣ гардид.Аз шодоб шудани заминҳои наздиҳавлигӣ дилҳо шод гаштанд...

– Бо ёриву дастгирии соҳибкор Сангин Солеҳов дар ҳавлии ҳар сокини кӯчаи Мирзо Турсунзода нуқтаи хатти оби нӯшокӣ насб гардидааст ва хонаводаҳо бемамониат аз шабакаи обтаъминкунии худҷорӣ истифода мебаранд.

Симчӯбҳои барқии деҳаи Фирдавсӣ, ки аз вазиши бод хатари афтоданашон аз эҳтимол дур набуд, аз ҷониби ин соҳибкори саховатпеша бо пояҳои бетонӣ иваз карда шуданд.

Ҷавонмардони дар муҳоҷиратбуда низ дар маъракаҳои ободонӣ бетараф намонда, дур аз Ватан саҳми худро барои ободии маҳал мегузоранд. Як миқдор маблағе, ки онҳо аз хориҷи кишвар фиристонда буданд, сарфи 5 километр асфалтпӯш шудани роҳҳо ва иваз намудани 6 трансформатори деҳаҳо гардиданд. Ҳамаи кӯчаҳо шабона чароғон ва роҳҳо ҳамвор гаштаанд. Ҳамчунин, 2 пул ва роҳи пиёдагард барои мактаббачаҳо бо маблағи соҳибкорони муҳоҷир сохта шуданд, – меафзояд Барно Раҳимзода.

Дар миёни сокинони саховатманду хайрхоҳи деҳоти Боғистон бонувони ободкор низ кам нестанд ва онҳо низ саъй доранд, то барои ободии маҳали худ саҳм гузоранд. Яке аз онҳо омӯзгор Ҳалима Очилова мебошад, вай солҳои зиёд ба насли наврас аз фанни физика дарс гуфтааст. Алҳол ба хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и деҳаи Тоҷикистон аз фанни одоби оиладорӣ сабақи зиндагӣ меомӯзад.

– Ҳалима Очилова, ки умри худро сарфи кори тарбия ва таълими наврасону ҷавонон намудааст, мехоҳад дар лаҳзаҳои бознишастагии худ дур аз мактабу хонандагон набошад. Дар талоши саҳм гузоштан барои фароғату истироҳат ва донишазбаркунии насли наврас мебошад.

Чанде пеш бинои маркази омӯзишӣ дар кӯчаи Мирзо Турсунзода ба истифода дода шуд, ки дар он наврасону ҷавонони деҳа ба омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ ва чинӣ шуғл меварзанд. Дар толори варзишии аз ҷониби Ҳалима Очилова бунёдёфта ҷавонон тамрини бадан намуда, инчунин, бо ёрии мураббиён аз омӯзиши намудҳои гуногуни варзиш баҳравар мешаванд.

Ҳатто барои бонувони маҳал ва ҳам мардони он толорҳои фитнес ва саққозанӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, ки ҳар шом барои фароғату истироҳат ва обутоби бадан аз ин толорҳо истифода мебаранд, – иброз медорад ҳамсуҳбатам.

Бонувони шаш деҳаи ҷамоат ба ғайр аз шуғл доштан ба обчакорӣ, току ниҳолпарварӣ ва кишоварзӣ, инчунин дар коргоҳи дӯзандагии «Муқаддас» ҳунари дӯзандагӣ меомӯзанд. Дар ин макони ҳунаромӯзӣ духтарони ташнаи ҳунар дӯхтани куртаҳои миллӣ ва ҳам аврупоиро аз бар мекунанд.

Дар як гӯшаи коргоҳ ҳунармандони чирадасти кандакори Қаратоғӣ ба гурӯҳи ҷавонписарони маҳаллӣ пешаи гулкорӣ дар рӯи чӯбро омӯзонданд, ки имрӯз ҳар нафар мустақилона машғули кори хешанд.

Дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ боғчаи кӯдаконаи №5, ки дар ҳудуди хоҷагии ниҳолпарварии ба номи Мирзо Турсунзода воқеъ аст, баъди таъмири асосӣ ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин, бунёди як кӯдакистон дар деҳаи Савда ва меҳмонхонаи замонавӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки рӯзҳои наздик сохтмонашон оғоз меёбад.

Сохтмони варзишгоҳе, ки барои истифодабарии 147 хоҷагӣ пешбинӣ шудааст ва маркази саломатӣ, ки ба таври замонавӣ таъмиру тармим гардидааст, то Ҷашни Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардории сокинони деҳот қарор хоҳанд гирифт.

– Дар Ҷамоати деҳоти Боғистон ҳазору 558 хоҷагӣ ё 13 ҳазор нафар арзи ҳастӣ дорад. Сол аз сол афзудани шумораи аҳолӣ эҳтиёҷ ба заминҳои наздиҳавлигиро низ зиёд намудааст. Замини лалмӣ, ки мебоист барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ ба аҳолӣ тақсим мешуд, аз ҷониби кормандони соҳа корношоям дониста шуд. Яъне, сохтмони хонаҳои истиқоматиро дар он мавзеъ мамнуъ донистанд.

Алҳол, ин мушкили сокинонро ба инобат гирифта, бо тасмими соҳибкорони маҳаллӣ ду бинои баландошёна омодаи истифода қарор дорад, ки дар он то 100 хоҷагӣ соҳиби манзили истиқоматӣ мегардад, – афзуд раиси деҳот.

Барно Раҳимзода самаранокии натиҷаи ҳар корро аз сарҷамъии мардум ва эҳтиром гузоштан ба заҳмати ҳамдигарӣ ҳар сокини деҳот медонад.

Қутбия Неъматулло

ноҳияи Шаҳринав

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_05_2026_small.pdf [3.08 Mb] (зеркашиҳо: 39)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон