БОЙГОНӢ

«    Июн 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Фаъолияти занони Роғуншаҳр шоистаи таҳсин аст

Иҷтимоъ

Соҳибистиқлолии кишвар имкониятҳои хуберо барои занону духтарон фароҳам оварду саҳми садҳо бонувон дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, илму фарҳанги ҷумҳурӣ назаррасу муҳим арзёбӣ мегардад. Бемуҳобот, бонувон аз қувваҳои пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занону духтарон дар ҷомеа сафи бонувон дар ҳамаи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо рӯз аз рӯз афзудан дорад. Саҳми занон дар фаъолияти рӯзафзуни хоҷагии халқи шаҳри Роғун низ шоистаи таҳсин аст.

 

– Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар солҳои соҳибистиқлолӣ иҷрои самараноки тамоми барномаҳои давлатиро вобаста ба баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин намуда, дар ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занону духтарон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир месозад. Риояи муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои занон пурра таҳти назар аст. Бонувони шаҳри Роғун дар дилхоҳ соҳаҳо имкони кор кардан доранд ва онҳо бо заҳмату талошҳо ба дастовардҳо ноил шуда истодаанд. Имрӯз аз шумораи 49420 нафар аҳолии шаҳр, 24362 нафарро занон ташкил медиҳанд. Аз ин ҳисоб 3583 нафар бону дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр фаъолият менамояд, – гуфт мудири бахши кор бо занон ва оила Адиба Зоидова.

Пӯшида нест, ки Неругоҳи барқии обии «Роғун» яке аз иншооти муҳими стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, иқтидори лоиҳавии он 3600 мегаватро фаро мегирад. Ин иншооти бузург оянда барои рушди ҳамаи соҳаҳо, пеш аз ҳама иқтисодиёт, нақши калидӣ мебозад.Боиси сарфарозист, ки дар ин иншооти бузурги аср саҳми занҳо, аз ҷумла бонувони шаҳри Роғун, хеле калон аст. Занону духтарон дар баробари мардон заҳмат кашида, барои ҳарчи зудтар анҷом додани корҳои сохтмонӣ саҳм мегузоранд.

– Феълан, дар сохтмони НБО «Роғун» 1152 нафар бонувони мо заҳмат ба бор доранд, аз ҷумла 180 нафари онҳо мутахассиси соҳа буда, дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд, – иброз дошт Адибабону.

Бахши кор бо занон ва оилаи МИМҲД баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии занону духтарон корҳои муздноки хонагиро роҳандозӣ намудааст. Аз ҷумла, 85 нафар зани ҳунарманд бо дӯхтан ва омодасозии сарулибос ва ҷиҳози арӯсӣ, тайёр намудани маҳсулоти нонӣ, муҳракашӣ, заргарӣ, қолинбофӣ, бофандагӣ, тарроҳӣ, зардӯзӣ, чакандӯзӣ, омодасозии рафидаю кокулҳои муҳрадор, сабадбофӣ ва дигар гулдӯзиҳои миллӣ машғул аст. Аксари бонувони ҳунарманд дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар чорабиниҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва озмунҳои сатҳи гуногун маҳсули дастони худро ба намоиш мегузоранд.

– Дар моҳҳои аввали соли 2026, дар ҳамкорӣ бо Агентии шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ҷиҳати дастгирии рушди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳунаромӯзии занон 13 нафарро ба курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ҷалб намудем. Бо мақсади ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ, фароҳам овардани шароити меҳнат барои занон ва ҷалби духтарони бекор ба ҳунарҳои мардумӣ, дастгирӣ ва рушди фаъолияти занони соҳибкору ҳунарманд, ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 лоиҳаи бонувони шаҳрро барои ноил шудан ба грантҳои Президент пешниҳод кардем. Ҳамзамон, бо дастгирии Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ, тибқи Лоиҳаи барномаи мазкур бо занони деҳоти ҳамшафати роҳи Оби Гарм – Нуробод нуҳ нафар зани ҳунарманд соҳиби маблағҳои грантӣ шуда, дар асоси он фаъолияти самаранокро ба роҳ монда, дигар бонувони хонашини деҳаҳои гирду ванаҳоро ба кор ҷалб намудем. Бонувони ҳунарманду рӯзгордида таҷрибаи андӯхтаашонро вобаста ба чӣ тарз тайёр ва пешниҳод кардани лоиҳаҳо барои гирифтани грантҳои Президент дар соҳаи соҳибкорӣ ба духтарони навкор ёд медиҳанд, – изҳор дошт Адиба Зоидова.

Шоёни зикр аст, ки татбиқи лоиҳаҳои грантӣ барои рушди фаъолияти соҳибкории занон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани фаъолнокии занон дар бахши иқтисодиёт ва ба шуғлу касбомӯзӣ фаро гирифтани духтарон имкон фароҳам овард, ки ҳоло дар ҳудуди шаҳри Роғун 5 коргоҳи дӯзандагӣ фаъол буда, аз ҳисоби занону духтарон 65 нафар коргар дорад.

Бонувон дар чорабиниҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла ҷашнҳои Сада, Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи Артиши миллӣ, озмунҳои «Кадбонуи беҳтарин», «Як матоъу сад ранг» ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ фаъолона иштирок мекунанд.

МИМҲД шаҳри Роғун ҷиҳати фаъолгардонӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, модарону бонувонро ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва фарҳангию фароғатӣ ҷалб намуда, иштироки фаъолонаи онҳоро дар ҳамаи чорабиниҳо таъмин месозад.

Бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида, гурӯҳи корӣ ташкил дода, дар бораи пешгирии пӯшидани сатру ҳиҷоб, либосҳои ба фарҳанги мо бегона, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, даст задан ба амалҳои нангин, зӯроварӣ дар оила, истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дар байни занону духтарони шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо усули «Мактаб ба мактаб» ва «Деҳа ба деҳа» суҳбату вохӯриҳо ва маҳфилу нишастҳо ташкил намуда, дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо иштироки 650 нафар омӯзгор, 600 нафар волидайн ва 1500 нафар хонандаи аз 14 то 18-сола чорабиниҳои судманд доир намуд. Масъулон дар вохӯриҳои якҷоя бо кормандони шуъбаи маориф, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати ҷалби ҷавондухтарон ба касбу ҳунаромӯзӣ, дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳо, фарҳанги оиладорӣ ва дигар масъалаҳо тавсияҳои муфид медиҳанд.

                                                        Мадина БАЛАҶОНОВА

Душанбе – Роғун – Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_05_2026_small.pdf [3.08 Mb] (зеркашиҳо: 39)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон