Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Шаҳри гулбадомон
ИҷтимоъИстиқлол (собиқ Табошар) яке аз шаҳрҳоест, ки дар домони қаторкӯҳҳои Қурама ва дар масофаи 34 километр дурӣ аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудааст. Ҳудуди шаҳр аз ҳамаи тарафҳо бо ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамсарҳад аст. Имрӯз намояндагони 12 миллати гуногун паҳлу ба паҳлу баҳри пешбурди ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд.
29-уми марти соли 2012 дар асоси Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳр номи Истиқлол дода шуд. Хабарнигори маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» дар вилояти Суғд бахшида ба 35-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо муовини аввали раиси шаҳри Истиқлол Муқаддас Алабердиён суҳбате орост.
– Истиқлол яке аз шаҳрҳои саноатии зебову дилорост. Он то соли 2012 бо номи Табошар машҳур буда, яке аз воҳаҳоест, ки таърихи бою ғанӣ дорад…
– Бале, Истиқлол шаҳри ободу биҳиштосост. Он табиати бою рангин дорад. Табошар соли 1938 дар ҳудуди шаҳри Чкалов ташкил ёфта, моҳи октябри соли 1968 мақоми шаҳракро гирифт. Дар нимаи дуюми солҳои 30-уми асри ХХ кашфиёти ҷойгиршавии уран, тилло, нуқра ва дигар канданиҳои фоиданок, ки коркарди онҳо то нимаи аввали солҳои 90-ум амалӣ шуданд, сабаби ташкилёбии шаҳрак гардид. То соли 1968 шаҳраки Табошар дорои заминаи кифояи энергетикӣ, рушди иҷтимоию фарҳангӣ ва маишии инфрасохторӣ буд, ки ин дар ҳамҷоягӣ бо шароити мусоиди иқлим барои таъсиси заводи аҳамияти мудофиавидошта сабаб гардид…
– Солҳои пеш мардуми шаҳри Истиқлол, махсусан, бошандагони хонаҳои баландошёна аз набудани оби нӯшоӣ ранҷ доштанд. Имрӯз вазъи обрасонӣ дар кадом ҳолат аст?
– Обтаъминкунӣ беҳтар шуд, мардум пурра бо оби нӯшоӣ таъминанд. Лоиҳаи инвеститсионии хориҷии «Баланд бардоштани шабакаи обтаъминкунӣ дар шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон» амал мекунад. Тибқи он бо мақсади беҳтар гардондани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшоӣ корҳои назаррас анҷом ёфта, хонаҳои баландошёна бо об таъмин шуданд.
Барои беҳтар гардидани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшоӣ бо дастгирии лоиҳаи «Маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ» аз 17 километр масофа оби худҷорӣ ба шаҳр ворид гардид. Шаҳр баъди бо об таъмин гардидан рӯз аз рӯз ободу зебо ва сабзу хуррам мегардад.Шоёни зикр аст, ки баъди омадани об дар ҳудуди шаҳр 12 ҳазору 650 дарахти сояафкану мевадиҳанда, дар кӯчаҳои марказӣ, назди биноҳои маъмурии корхонаю муассисаҳо ва боғҳои фароғатӣ садҳо бех гулҳои садбарг ва мавсимӣ шинонда шуданд, ки ба ҳусни шаҳр таровати хосса зам намуданд.
– Имрӯз мо дар арафаи таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорем. Омодагии шаҳрро дар ин самт чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
– Дар шаҳри Истиқлол ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни бузург корҳои созандагиву ободкорӣ бо ҷӯшу хурӯш ҷараён доранд. Ин раванд бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва саҳмгузории фаъоли сокинон дар деҳоту маҳаллаҳои шаҳр вусъати тоза гирифта, пайваста шанбегиҳо доир мегарданд ва кӯча, маҳалла ва шаҳрак тозаю озода мешаванд.Ҳамзамон, МИМҲД шаҳри Истиқлол вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июли соли 2022, №305 «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нақшаи чорабиниҳо иборат аз 150 банд таҳия намуда, мувофиқи он корҳои созандагиву бунёдкориро ба роҳ мондааст. Давоми соли 2025 нақша 100 фоиз иҷро гардид. Мутобиқи дастуру супоришҳо ва барқияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои барзиёд иҷро намудани нақша-чорабиниҳо 20 банди таъиноти гуногун илова гардида, 9-тои он босифат иҷро шуда, дигар бандҳо дар арафаи иҷро қарор доранд.
– Солҳои 2022–2026-ро дар кишвар «Солҳои рушди саноат» эълон карданд. Вазъи корхонаҳои саноатӣ дар чӣ ҳол аст?
– Дар шаҳри Истиқлол бо саҳми соҳибкорони ватанӣ сохтмони ду корхонаи саноатӣ дар самти истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак давом дорад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷоҳак» 100 тонна оҳаксанг дар як шабонарӯзро ташкил дода, баъди ба истифода супурдани он сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кор таъмин мегарданд.
Дар шаҳр бунёди марҳалаи дуюми корхонаи металлургии истеҳсоли сурб, нуқра ва миси ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» яке аз иқдомҳои муҳим ва судманд дар самти саноатикунонии кишвар мебошад. Қисми зиёди корҳои сохтмонӣ дар марҳалаи дуюм анҷом ёфта, хатҳои технологӣ ва таҷҳизоти зарурӣ насб гардиданд. Дар коргоҳ истеҳсоли сурби электролизӣ, штейни мис ва дар маҷмӯъ, панҷ намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст.Корхонаи металлургии шаҳр аз ҷумлаи бузургтарин корхонаҳои саноати кӯҳӣ буда, марҳалаи аввали он қаблан бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд. Баъди ба истифода додани марҳалаи дуюм ҳаҷми истеҳсолот афзуда, шумораи ҷойҳои корӣ ба 500 нафар мерасад.
– Рушди сармояи инсонӣ, яъне маориф, дар кадом ҳол қарор дорад?
– Имрӯз дар шаҳри Истиқлол 6 МТМУ, 1 Литсейи касбӣ-техникӣ, 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ ва 3 муассисаи томактабӣ фаъолият доранд. Шумораи умумии хонандагон 2294 нафар буда, 1058 нафарро духтарон ташкил медиҳанд ва ба онҳо 170 омӯзгор сабақ медиҳад, ки аз ин 138 нафар духтарону занон мебошанд.
Дар соли хониши 2025–2026 пас аз хатми синфи 11-ум тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 44 нафар, бо квотаи Президент 21 нафар ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ дохил шуданд, 16 нафар таҳсилро дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар идома медиҳанд.Муҳассилини мактабҳои шаҳр дар олимпиадаҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, ҷойҳои намоёнро соҳиб шуданд. Дар озмуни ҷумҳуриявӣ 3 нафар ғолиб дониста шуда, 2 нафар ҷойҳои сеюм ва 1 нафар ҷойи ифтихориро соҳиб гардиданд.
– Фаъолияти соҳаи тандурустиро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
– Дар шаҳр беморхонаи марказӣ, маркази саломатӣ, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ба мардум хизмат мерасонанд. Дар соҳа 225 корманд фаъолияти пурсамар дошта, баҳри барқарор намудани сиҳатии омма талош меварзанд, аз ҷумла 22 табиб ва 95 нафар ҳамшираи тиб.
Соли равон бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва ёрии молиявии ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ бинои шуъбаҳои амрози занона, таваллуд, ҷарроҳӣ ва кӯдакона аз таъмири асосӣ бароварда мешаванд.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
шаҳри Истиқлол
Мубодила:
Шарҳҳо











