Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дилварзин гулистон шуд
ИҷтимоъЗайнура Умарзода дар Ҷамоати деҳоти Оббурдон ба дунё омада, соли 1999 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27-ро бо баҳои аъло хатм намуда, тариқи квотаи президентӣ ба факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, соли 2004 онро бо ихтисоси омӯзгори фанни математикаи амалӣ хатм кард ва ҳамчун омӯзгори фанҳои математика ва технологияи иттилоотӣ дар МТМУ №27 ба фаъолият пардохт. Дарки баланди масъулият дар пешаи омӯзгориаш буд, ки моҳи феврали соли 2012 директори Литсейи №2 ба номи Ҳоҷихон Муҳаммадиев ва пас аз соле директори мактаби Оббурдон таъин шуд. Умарзода Зайнура Васлӣ аз охири соли 2014 ҳамчун муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ фаъолият дорад.
Аз чашмони пурнураш, ки чун барқ медурахшанд, маъние чун бонуе боазму боирода хонда мешавад. Шояд ҳамин дилбастагӣ ба кору иродаи матинаш аст, ки беш аз даҳ сол дар вазифаи масъул заҳмат мекашад. Аз рӯзҳои хатми мактаби деҳа ва пофишории модари азизаш, ки бояд Зайнура хонаду соҳибмаълумот шавад ва наздики 15 нафар дугонаҳои худ, духтарони деҳаю ҳамсоядеҳаҳоро ба идомаи таҳсил дар мактабҳои олӣ ҷалб намуд, шояд қиссаҳои замони донишҷӯйии ӯро зиёд намояд. Танҳо боис ба ёдоварист, ки дар амалӣ гаштани орзуҳои ин ҷавондухтаракони ташнаи дониш саҳми муовини вақти раиси ноҳия, бонуи соҳибмаърифат ва дастгири ҳамешагии бонувони кӯҳистон Сурайё Ёқубова хеле калон аст. Бонуи дарёдилу ҳамсафи занони фаъол имрӯз масъулияти Шурои собиқадорони ҷангу меҳнатро дар ноҳия ба дӯш дорад ва Зайнура ӯро аз устодони аввалини хеш дар мақоми роҳбарӣ мехонад.
Яке аз ҳадафҳои аввалини Зайнура Умарзода, ин нигоҳ доштани мавқею манзалати бонувон миёни ҷомеа мебошад, ки барои амалӣ гаштани мароми хеш қадамҳои нахустинро аз зинаҳои таҳсилоти духтаракон дар мактабҳои миёна дармеёбад. Солҳои охир усули «Мактаб ба мактаб», «Деҳа ба деҳа» он қадар ҷоннок шудааст, ки ба раванди таҳсил ва зиндагии шоистаи бонувони маҳал таъсири амиқ гузошт. Дар ин чорабиниҳо аз бонувони фаъолу рӯзгордида кор мегирад, ки панду андарзи онҳо барои хонандагони мактабҳо ва оилаҳои ҷавон роҳнамои кору зиндагӣ шуда метавонад. Маҳз ҳамин нақшаҳои амалигашта имкон доданд, ки сафи донишҷӯдухтарон дар муассисаҳои олӣ афзояду пошхӯрии оилаҳо ба маротиб поин равад.
Зайнура изҳор медорад, ки аз ноҳияи Мастчоҳ оилаҳо аҳён-аҳён ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Аксаран дар муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият дошта, иддае ба дӯзандагӣ, нону ширинипазӣ дар хонаҳои хеш шуғл меварзанд. Корхонаи истеҳсолии ресандагии «Арвис Зелал Текстайл» беш аз 100 нафар бонуи хонашинро ба ҷойи кор таъмин намуда, ташкилоти хайриявии «Бунён» занони зиёдеро ройгон маҳорати чеварӣ омӯхт. Ба ҳамин зайл дар Ҷамоати деҳоти Оббурдон низ соҳибкори ватанӣ бонувонро аз ҳунари дӯзандагӣ бархурдор намуда, инчунин оилаҳои ниёзмандро бо мошинҳои дарздӯзӣ ройгон таъмин намуд, то зиндагии осудаи худро пеш баранд.
Дар назди ҳавлии бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бонувони зиёдро вохӯрдем, ки он рӯз ба чорабинӣ даъват шуда буданд ва аснои ҳолпурсӣ бо мамнуният аз дастгириҳои муовини раис Зайнура Умарзода изҳори миннатдорӣ менамуданд. Чун ӯ ҳар доим аз ҳоли ин бонувони солманд, ки мӯи сарашон дар кору зиндагӣ сафед гашта буд, бохабар шуда меистад.
– Агар модарони табаррукро ҳол напурсем, мо ҳам фардо ба гӯшаи фаромӯшӣ меравем, – мамнун аз кори хеш мегӯяд бону ва илова мекунад, ки занон ҳам дар корҳои хайру ободонӣ аз мардон ақиб нестанд. Онҳо мувофиқ ба имкони дастдода дар бунёди пулҳои мошингузар, сохтмони мактабу боғча ва асфалтпӯш намудани роҳҳо саҳм мегузоранд. Роҳбаладон муассисаҳои томактабӣ ва роҳу пулҳои ободро, ки бо қувваи модарону хоҳарон ва соҳибкорони ватанхоҳ бунёд шуда буданд, дар ҳар қадам ба мо муаррифӣ мекарданд.
Аз омодагиҳо ва нақшаҳои анҷомёфта ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки мардуми заҳматкаши ноҳияи Мастчоҳ чӣ ташаббусҳоро дар ин самт роҳандозӣ намуданд, пурсон шудем.
– Ба шарофати сиёсати оқилона ва дурбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони саодатманди ноҳияи Мастчоҳ вобаста ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми январи соли 2022, №311 «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои муҳимро амалӣ карда, раванди созандагию бунёдкориро ҳаматарафа вусъат бахшидаанд, – бо хушҳолӣ зикр намуд Зайнура Умарзода. – Дар доираи иҷрои ин нақша–чорабиниҳо, ки раиси ноҳия Ализода Аъзам Наврӯз пайваста назорати онро бар дӯш дорад, таъмиру азнавсозии 735 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, ки давоми солҳои 2022–2025 ва панҷ моҳи соли равон дар ҳудуди ноҳия сохтмон, бунёд ва таъмиру азнавсозии 782 иншоот ба маблағи умумии 380 миллиону 211 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонда шуд, ки он 106,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Аз андешаҳои муовини раис барчидем, ки аз шумораи умумии иншооти анҷомёфта 142 адад ба соҳаи маориф, 12-то ба соҳаи тандурустӣ ва дигарҳо ба соҳаҳои фарҳанг, саноат ва иқтисодиёт, сайёҳӣ, савдо ва хизматрасонӣ, роҳ мансубанд. Аз ҷумла, 106,42 километр роҳ асфалтпӯш ва сангфарш шуд, 14 пул, 81 бинои истиқоматӣ бунёд гаштанд. Дар натиҷаи ин дастовардҳо 1267 ҷойи корӣ, алалхусус барои бонувони соҳибтахассус ва хонашин, созмон ёфт.
Бештар аз ҳама барои мардуми ноҳия хотирмон он аст, ки бо ҳузури мунаввари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ, аз ҷумла 5 муассисаи соҳаи маориф, корхонаи азими хиштбарорӣ ва бинои нави чорошёнаи беморхонаи марказӣ дар таърихи даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, боиси ифтихору шукргузории ҳар як сокин гардид.
Мардуми заҳматкаши ноҳияи Мастчоҳ заҳматкашу мушкилнописанд буда, ободии диёру маҳалли хешро барои худ шиори зиндагӣ ва номуси ватандорӣ медонанд. Ҷое кӯдакистон бо қувваи онҳо қомат афрошта буду ҷое бунгоҳи тиббӣ ва роҳи асфалтпӯш ба назар менамуд, ки маркази ноҳияро ба деҳотҷойҳо мепайваст. Ин ҳама ободиҳо бо кӯшишу ғайрати ҷавонмардони саховатманд, модарону хоҳарони накукор рӯи даст омадааст.
– Даштҳои беканори Дилварзин дигар ташналаб нестанд, мо онро сол аз сол бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғайрату матонати мардуми заҳматқарини кӯҳистон ба гулистон табдил хоҳем дод, – дилпурона меафзояд Зайнура Умарзода.
Рустами НАЗИР
Душанбе–Мастчоҳ–Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо










