Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дилрабо Раҳимӣ: «Хизмати содиқона ба мардум»
Иҷтимоъ / СлайдерДар Тоҷикистони соҳибистиқлол мақому манзалати зан сол ба сол боло рафта, бонувон имрӯз дар идора кардани давлат, рушди иқтисод, маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ ва дигар бахшҳои муҳими ҷомеа нақши муассир доранд. Самараи сиёсати давлат дар самти баланд бардоштани мақоми занон имрӯз дар тамоми гӯшаву канори мамлакат баръало эҳсос мешавад. Яке аз чунин бонувони фаъол Дилрабо Раҳимӣ – муовини раиси ноҳияи Спитамен аст, ки фаъолияти меҳнатӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва садоқат ба Меҳану мардум ӯро ба чеҳраи шинохта табдил додаанд.
Ноҳияи Спитамен, ки дар шимоли кишвар ҷойгир аст, аз минтақаҳои пешрафтаи вилояти Суғд маҳсуб меёбад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар рушди ҳаёти ҷамъиятӣ, иқтисодию иҷтимоӣ саҳми занону духтарон низ рӯз ба рӯз бештар мегардад.
Ба гуфтаи Дилрабо Раҳимӣ, сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъол гардидани занон дар ҷомеа имкониятҳои нав фароҳам овард. Ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» барои ҷалби бештари бонувон ба идоракунии давлатӣ ва рушди қобилиятҳои онҳо заминаи устувор гузошт.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолият дар ноҳияи Спитамен дастгирии таҳсили оливу касбии духтарон мебошад. Ҳамасола ба ноҳия Квотаи президентӣ ҷудо гардида, қисми зиёди он барои духтарон пешбинӣ мешавад. Ин иқдом ба духтарони деҳаҳои дурдаст имкон медиҳад, ки соҳиби маълумоти олӣ гардида, баъдан ҳамчун мутахассисони соҳибкасб дар рушди ноҳияи худ саҳм гузоранд.
Дар баробари рушди фаъолияти занон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ба беҳтар гардидани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир месозад. Дар шаш моҳи аввали соли равон дар самти шуғли аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон тадбирҳои муассир амалӣ гаштанд. Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 1360 нафар муроҷиат намуд, 764 нафар ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуд, аз онҳо 373 нафарро занон ташкил медиҳанд. Бо кори доимӣ садҳо нафар таъмин гардида, ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ мунтазам доир мешаванд. Ҳамзамон, барои рушди соҳибкории хурд ба як қатор шаҳрвандони бекор қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардида, кумакҳои иҷтимоӣ ба ниёзмандон расонда шуданд. Ин тадбирҳо барои боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, фароҳам овардани имкониятҳои нави меҳнатӣ ва иштироки фаъоли занон дар рушди иқтисоди маҳаллӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Имрӯз соҳибкории занон дар ноҳияи Спитамен рушд меёбад. Бонувон дар бахшҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, хизматрасонӣ, савдо ва истеҳсоли мебел фаъолият намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис медиҳанд. Онҳо на танҳо зиндагии оилаи худро беҳтар месозанд, балки дар рушди иқтисодиёти маҳаллӣ низ саҳми арзанда мегузоранд.
Бо наздик шудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен корҳои созандагӣ вусъати тоза гирифтаанд. Бунёди иншооти иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва асфалтпӯш гардидани роҳҳо симои деҳаҳоро дигаргун месозад. Ин тадбирҳо барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ мусоидат мекунанд.
Ин гӯшаи диёри бостонӣ дорои имкониятҳои хуби сайёҳӣ мебошад. Зиёратгоҳи таърихии «Лангар-ота» ва дигар ёдгориҳои қадим таваҷҷуҳи меҳмонони дохиливу хориҷиро ҷалб месозад. Ҳифз ва муаррифии чунин мероси таърихӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ аҳамияти калон дорад.
Ноҳияи Спитамен аз минтақаҳои асосии кишоварзии кишвар ба шумор меравад. Шароити мусоиди иқлимӣ имкон медиҳад, ки деҳқонону боғдорон аз ҳар ваҷаб замин самаранок истифода баранд. Парвариши пахта ҳамчун яке аз зироатҳои стратегӣ мавқеи муҳим дошта, заркорон ҳамасола нақшаи давлатиро барзиёд ба сомон мерасонанд. Дар баробари истеҳсоли пахта, коркарди саноатии он низ ба роҳ монда шудааст, ки ба рушди иқтисоди маҳаллӣ мусоидат мекунад.
Ба андешаи Дилрабо Раҳимӣ, яке аз арзишҳои муҳими ноҳия дӯстиву ҳамдигарфаҳмии намояндагони миллатҳои гуногун аст. Тоҷикон, ӯзбекҳо, қирғизҳо, русҳо ва дигар миллатҳо дар фазои сулҳу эҳтироми ҳамдигар зиндагӣ карда, барои пешрафти зодгоҳ якҷоя заҳмат мекашанд. Маҳз ваҳдату дӯстӣ омили асосии суботу рушди ҷомеа мебошад.
Ба гуфти мусоҳиб, муроҷиатҳои шаҳрвандон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти маҳаллӣ қарор доранд. Дастгирии оилаҳои ниёзманд, расондани кумакҳои иҷтимоӣ ва таваҷҷуҳ ба масъалаҳои мардум яке аз самтҳои муҳими фаъолияти МИМҲД ноҳия аст.
Дар баробари фаъолияти давлатӣ, Дилрабо Раҳимӣ ҳамчун модари се фарзанд низ намунаи ибрат мебошад. Ӯ фаъолияти омӯзгориро аз соли 2005 оғоз намуда, бо меҳнати софдилона зинаҳои хидматиро тай кардааст. Имрӯз бошад, бо таҷрибаи роҳбарӣ ва ҷаҳонбинии васеъ барои рушди ноҳияи Спитамен саҳми арзанда мегузорад.
Дар фарҷом бону Дилрабо таъкид мекунад, ки истиқлолият барои занони тоҷик имкониятҳои бесобиқа фароҳам овард. Ҳар як бону бояд бо дониш, меҳнати ҳалол, ватандӯстӣ ва ҳисси баланди масъулият дар ободии Ватан саҳм гузорад, зеро пешрафти ҷомеа аз фаъолият, ирода ва садоқати фарзандони он вобаста аст.
Ҳаёти Дилрабо Раҳимӣ бозгӯи он аст, ки зан метавонад роҳбари муваффақ, модари меҳрубон ва хидматгузори содиқи Меҳану мардум бошад. Маҳз чунин бонувон бо фаъолияти созанда ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар таҳкими давлатдорӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши арзанда мегузоранд.
Мадина БАЛАҶОНОВА
Душанбе – Спитамен – Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо










