Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дуртарин маҳалаҳои кишвар обод мегарданд
Иҷтимоъ- Вақте ки ба шаҳрак ва деҳоти ободу зебои ноҳияи Роштқалъа менигарам, бо боварии комил метавонам гуфт, ки раванди ободонӣ ва созандагӣ дуртарин маҳалҳои кишварро низ фаро гирифтааст, — изҳор дошт бонуи некному соҳибэҳтиром, собиқадори меҳнат Пайкармо Алиёрова.
Пайкармо лаҳзаҳои ҳаяҷоновари сӣ сол қаблро ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш намесозад, ки чӣ тавр Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин бор ба ноҳияи навтаъсиси Роштқалъа ташриф оварданд. Сарвари давлат, аз ҷумла, аз муассисаҳои тандурустии ноҳия, ки П. Алиёрова мудирии онро бар дӯш дошт, дидан намуда, ёрии оҷил расонданд. Сипас, дар маркази ноҳия бо мардум мулоқоти гарму самимӣ доир намуданд. Баъдан сари дастархони хоксорона дар хонаи урфии помирии Пайкармо, ки бо тасмими роҳбарияти ноҳия барои мизбонии меҳмонон интихоб шуд, суҳбат идома ёфт. Вақте ки дар ҷараёни суҳбат яке аз муовинони раиси ноҳия ибораи «ноҳияи кӯчаки мо»-ро истифода бурд, Сарвари давлат бо қатъият, вале бо суханони нарм эътироз карданд:
– Роштқалъа ноҳияи кучак нест, бародар. Аз ин сарзамин шоирону адибон ва санъаткорони машҳур ба камол расиданд. Сулҳу амонӣ бошад, ноҳия обод мешавад.
– Тавре мегӯянд, «бубин тафовути раҳ аз куҷо то ба куҷо». Воқеан, бо гузашти айём ноҳия бо иншооти сохташудаи зебо ва замонавӣ, вусъати корҳои ободониву кабудизоркунӣ ба яке аз зеботаринҳо ва тараққиёфта дар миқёси вилоят табдил ёфтааст. Бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бонкҳо, шуъбаи маориф, комиссариати ҳарбӣ, хадамоти оташнишонӣ, адлия, нозироти андоз, раёсати молия, варзишгоҳ, муассисаҳои тандурустӣ ва таълимӣ, табобатхонаи бемориҳои рӯҳию сироятӣ, манзилҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ, парки технологӣ, муассисаҳои хизматрасонӣ ва дигар муассисаву корхонаҳо ба ноҳияи зебоманзарамон ҳусни рӯзафзун мебахшанд. Танҳо дар доираи амалӣ гардондани дастуру супоришҳои Сарвари давлат вобаста ба вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳия 206 иншоот ба маблағи бештар аз як миллиарду 12 миллион сомонӣ бунёд ёфта, ба истиқболи Ҷашни Истиқлоли давлатӣ қасри фарҳанг, парки технологӣ бо фарогирии 9 корхонаи истеҳсолӣ ва кӯдакистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Сокинони ноҳия НБО «Себзор»-ро барҳақ шоҳкории даврони соҳибистиқлолӣ меноманд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он бо иқтидори ёздаҳ МВт бо ширкати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйдоди муҳим на танҳо дар ҳаёти мардуми ноҳия, балки сокинони вилоят арзёбӣ мешавад, зеро ин иншоот камбуди сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоятро ба неруи барқ дар фасли зимистон пурра аз байн бурда, барои рушди саноати кӯҳкорӣ замина фароҳам овард. Тоҷикистон аз лиҳози мавҷудияти металлҳои нодир яке аз кишварҳои дорои захираи бузург маҳсуб ёфта, ба коркарди онҳо сармоягузорон ҳар чи бештар мароқ зоҳир менамоянд.
Пайкармо Алиёрова пас аз хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соли 1980-ум, дар шифохонаи вилоятӣ дар Хоруғ ба фаъолияти касбӣ оғоз намуд. Дере нагузашта мутахассиси ҷавон ва ташаббускор мудири шуъбаи тандурустии ноҳияи Шуғнон таъин гардид. Ҳудуди имрӯзаи ноҳияи Роштқалъа он вақт дар ҳайати ноҳияи Шуғнон дохил буда, тайи 26 соли мудирият ӯ дар равнақи муассисаҳои тандурустӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба мардум ва тарбияи мутахассисони ҷавон дар ду ноҳия хизмати шоиста анҷом дод.
Вақте ки соли 2005-ум номзадии П. Алиёрова ба вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъа пешниҳод гардид, Сарвари давлат бо назардошти таҷрибаи бештар аз бистсолаи корӣ ва мудирии муваффақаш ӯро ба ин мансаб лоиқ донистанд.
– Ба андешаи ман, миёни соҳаи тиб ва идоракунии давлатӣ робитаи зич вуҷуд дорад, зеро ҳадафи ҳар ду хизмат ба мардум аст. Фаъолият дар тиб бароям мактаби бузурги инсонпарварӣ ва масъулиятшиносӣ гардиду дар солҳои роҳбарии ноҳия аз он истифода намудам. Рушди инфрасохтор, беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ, таъмин бо ҷойи кор ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум аз мушкилоте буданд, ки ба таваҷҷуҳи ҷиддӣ ниёз доштанд. Барои ҳалли ин масоил байни сохторҳои мақомот, соҳибкорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкории зич ба роҳ мондем. Эътимоди мардум ба мақомоти маҳаллӣ бештар гардиду дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум гомҳои устувор ниҳодем. Одамон ба қабули ман на танҳо барои ҳалли масоили иҷтимоию иқтисодӣ меомаданд. Мавридҳоеро ёд дорам, ки муроҷиаткунандагон бинобар мушкилоти маънавӣ, назири халал дар муносибатҳои оилавӣ, дарди дил мекарданд ва мекӯшидам, ки дар чунин лаҳзаҳо на ба ҳайси роҳбар, балки чун як инсон ба дардашон шарик ва дар паҳлуяшон бошаму онҳоро таскин бахшам, — ироа дошт бону Пайкармо.
Эҳсоси баланди масъулият дар иҷрои вазифаи хизматӣ ва кӯшиши сазовор мондан ба боварии давлату наздик будан ба мардум, некукориву некхоҳӣ барин хислатҳои ҳамидаро ба ин бонуи ташаббускор ва роҳбар нисбат медиҳанд.
Пас аз солҳои зиёди роҳбарии ноҳия бонуи меҳнатқарину хоксор бинобар ниёз доштани бемористони ноҳиявӣ ба духтури занона аз рӯйи ихтисос фаъолияти касбиашро идома дод. Аз вай маслиҳат мепурсанд ва ба ӯ эҳтиром мегузоранд. Ӯ номи некро, ки подоши амали нек аст, беҳтарин мероси инсон дар зиндагӣ медонаду худ ба ин некномӣ сазовор аст.
М. ШОҲҶАМОЛ,
ноҳияи Роштқалъа
Мубодила:
Шарҳҳо










