БОЙГОНӢ

«    Август 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Аз Дилварзин то Турку Чин

Иҷтимоъ

Дар як гӯшаи ноҳияи дурдасти Мастчоҳ, ҳамсарҳад бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, корхонаи саноатие қомат афрошта, ки бонувони ҳунармандро ба оғӯш гирифтаю дар се баст фаъолият дорад. Дар назар аст, ки иқтидори корхона ояндаи наздик боз ҳам васеъ гашта хоҳишмандони дигарро низ ба кор фаро хоҳад гирифт. Роҳи мошингузари тахту ҳамвор аз канори ҷӯю заҳбурҳо гузашта моро ба ҳамин макони обод мебарад…


 

Бо оғози низои дохилии солҳои 90-уми асри ХХ дар кишвар аксари корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият бозмонд, сафи бекорон миёни аҳолӣ афзуд ва ба боло рафтани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон сабаб гардид. Хушбахтона, бо кӯшишу талошҳои ҳамешагӣ ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, давоми як даҳсолаи баъд аз ҷанг пеши роҳи ин мушкилот гирифта шуд. Тавлиди корхонаҳои нави саноатӣ ва дубора эҳё шудани коргоҳҳои нав ва ба кор шурӯъ намудани садҳо коргоҳҳои хурду миёна дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ боис гашт, ки ҳазорон сокини кишвар, хусусан бонувон, аз роҳи муҳоҷират боз гашта, рӯ ба зиндагии осоишта оварданд.


Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис Зелал Текстайл» ҳам аз меваҳои замони соҳибистиқлолии кишвар аст. Коргоҳ соли 2011 бо дигар ном ҳамчун корхонаи ресандагӣ дар ноҳияи Мастчоҳ таъсис ёфта, борҳо дари худро кушоду баст ва дар ин миён чандин нафар роҳбарии онро аз дохилу хориҷи кишвар ба уҳда гирифтанд, аммо корро то ба охир ба сомон расонда натавонистанд.


Моҳи сентябри соли 2025 соҳибкори покистонӣ Меҳмуд Тариқ қулфи корхонаро боз карда, азми қатъӣ намуд, ки фаъолияти онро густурда хоҳад кард. Баъд аз овардану насб кардани таҷҳизоти наву ҳозиразамон моҳи ноябр дастгоҳҳои корхонаи саноатӣ ба кор дароварда шуданд.


– Ҳоло дар корхонаи мо беш аз 120 нафар коргар фаъолият дорад, аксар бонувонанд, – мегӯяд соҳибкори хориҷӣ ва моро ба дохили коргоҳ мехонад.


Маҳсулоти хоми корхона нахи пахта аст ва то он ки ин нах ба ришта табдил шавад, он панҷ зинаи коркардро мегузарад. Дар ҳар кадоме аз ин коргоҳҳо баробар бо мутахассисон аз 20 то 30 бонувони соҳибтаҷриба то ҳадде саргарми кор буданд, ки ҳузури моро дар коргоҳ пай набурданд. Ҳавои дохили корхона тозаву озода, дастгоҳҳои чангкашӣ хуб кор мекарданд. Нафари навкор бо ёрии устоди хеш нуқсонҳоро бартараф мекунад. Яке дасти дигареро дар кор мегирифт. Ҳувайдо буд, ки фазои ин коргоҳ бо муносибати гарму ҳалимонаи ҳамкорон ғубор надошт.


Меҳмуд, ин тоҷири муваффақ, моро дилпурӣ мебахшад, ки корхона аз фаъолият боз нахоҳад монд, баръакс шумори кормандон меафзояд ва ояндаи наздик нақшаҳои хубе ҳастанд, ки бояд амалӣ шаванд. Аз посух гуфтан ба саволи мо, ки чӣ нақшаҳои дурнамо интизори онҳост, чун бисёр тоҷироне, ки ҳадафи худро бинобар нобоварӣ ба ояндаи худ пинҳон медоранд, худдорӣ накард. Гуфт, ки имрӯз, агар дар се баст 120 нафар кор кунад, фардои наздик шумораи бонувон ба 150 ё шояд аз ин ҳам зиёдтар расад ва фаъолияти корхона ранги дигар хоҳад гирифт. Яъне, бо гузариши марҳалаҳои нав корхонаи истеҳсолӣ имконияти то 300 нафарро бо кор таъмин намуданро доро мешавад.


Роҳбари корхона ин марҳалаҳоро дар истеҳсоли матоъ, ки аз риштаҳои омодашуда сарчашма мегирад, дармеёбад ва рӯзҳои башумор мондааст, ки кашфи матоъ дар дохили иттиҳодия сурат гирад. Дертар аз матои тавлидшуда корхона ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ ва рахти хобу либоси занона даст меёбад, ки ин иқтидори корхонаро, албатта, афзун хоҳад кард. Дар ҳоли ҳозир риштаи истеҳсолшудаи ҶДММ «Арвис Зелал Текстайл» ба ҷумҳуриҳои Чин, Туркия ва Ӯзбекистон содир мешавад, ки харидоронаш, ба гуфтаи роҳбари корхона, ҳамеша навбат мепоянд.


Иттиҳодияи ресандагӣ имрӯз пайваста дар се баст фаъолият дошта, кормандони он бо сарулибоси ягона ва хӯроки гарму серғизо таъминанд. Маоши моҳонаи бонувон табъи дили онҳост. Шукрона доранд, ки мувофиқи меҳнат музди хуб пардохт мекунанд. Болои ин, мавсими иду айём роҳбарияти корхона ҳамагиро бо маводи ғизоӣ таъмин месозад. Шавкатҷон, ёвари директор, равшанӣ меандозад, ки нахи пахта дар коргоҳи аввал тоза шуда, дар коргоҳи баъдӣ лентабандӣ ва дар зинаи сеюм пилтакунии он шурӯъ мешавад. Коргоҳҳои чоруму панҷум ба ресандагӣ ва калобакунии ришта сару кор мегиранд. Ҳамчунин, дар сурати дархости фармоишгарон коргоҳи шашум омодаи кор аст, ки метавонад ду риштаро як қатори мукаммал, яъне боқувват созад. Маҳсулоти тайёр аз дастгоҳи сифат гузашта, барои содирот дар бинои алоҳида гузошта мешаванд. Корхона имконияти пурра дорад, ки шабонарӯзӣ то 10 тонна маҳсулоти босифат омода созад, ки иқтидори моҳонаи он то ба 300 тонна баробар мешавад. Ӯ исми чанде аз бонувони фаъоли корхонаи саноатиро, чун Бунафша Ҳоҷиева, Норбибӣ Боқиева, Гулчеҳра Абдуллоева, Сумая Ҷумъаева, Зиёдамоҳ Каримова ба забон мегирад, ки онҳо на танҳо устоди кори хеш, балки барои онҳое, ки навтаҷрибаанд, роҳнамои ғамхоранд. – Дари мо ба рӯйи бонувони ҳунарманду занҳои хонашин боз аст. Ана ин модарони соҳибтаҷриба ҷавононро шеваи кор меомӯзанду ҳамзамон муҳаббат ба зиндагӣ, – тавсиф мекунад он лаҳзаҳо модарони даст ба корро Шавкатҷон.


ҶДММ «Арвис Зелал Текстайл» охирин манбаи далелу арқоми ба даст овардаамон аз ноҳияи дурдасти Мастчоҳ буд. Бо поён ёфтани суҳбат, саргарми андешаҳои мутахассисон ва ҳам бонувони зиндадил роҳи ноҳияи Спитаменро пеш мегирем, аммо гармии суҳбати роҳбарони коргоҳ ва фазои хуши корхона то дер аз пеши назар дур намерафт…


                                                                                                      Рустами НАЗИР


                                                                                          Душанбе – Мастчоҳ – Душанбе


Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_07_2026_small.pdf [2.82 Mb] (зеркашиҳо: 12)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон