БОЙГОНӢ

«    Август 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Диёри озодагон

Иҷтимоъ

Муъминобод на танҳо бо табиати дилфиребу чашмаҳои ширин, меваҳои шаҳдбор ва зодагони фарҳехта маълуму машҳур аст, балки бо шунидани ин вожаи покизамаъно пеши назар намоди иффату ғурури зан-модарон таҷассум мегардад, ки достони исмати он олиҳаҳои муқаддас дар намои кӯҳсорони сар ба фалак тандем шудаанд. Сабти филмҳо аз таърихи гурдофарони халқи тоҷик ҳам дар ин сарзамини муқаддас ба вуқӯъ пайвастааст, ки ба ҳикмати Чилдухтарони Муъминобод тавъам аст. 

Ин буд, ки аз солҳои аввали ба тасвиб расидани санадҳои таърихии ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, модарони ин макон дар сафи пеши пайравони Пешвои миллат қарор доранд.Мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИМҲД ноҳия Сабоҳат Мирзошарифзода аз зумраи парвардаҳои Мактаби сиёсии Сарвари давлат мебошад. Ӯ дар оилаи зиёӣ зодаву ба воя расида, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакист. Баъди чор соли собиқаи омӯзгорӣ ба симати мудири шуъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод пешбарӣ мегардад.Аз соли 2010-ум таҳсилро дар магистратураи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода, баъди хатм солҳои 2011–2016 ба ҳайси мудири бахши умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод, аз он ба баъд, то соли 2025-ум раиси Ҷамоати шаҳраки Муъминобод ва баъд Ҷамоати шаҳраки Чорсӯ буд.

Ба гуфтаи ӯ, бонувони кӯҳдоман, бешак, он ҷасорату матонат ва рӯҳияи худсозиву ватандориро аз насл ба насл мерос гирифта, андар аҳди соҳибистиқлолӣ дар тамоми ҷабҳаҳои корзор содиқона хидмат доранд.Дар масири пурифтихори ватансозӣ зодагони ин диёри номдор Раъно Каримова, ки солҳои 2000–2005 ва Шарифзода Лутфия, ки тайи солҳои 2020–2023-юм вазифаи раисии ноҳияи Муъминободро бар зимма доштанд, ба занону ҷавондухтароне, ки имрӯзҳо дар соҳаи хизмати давлатӣ фаъолият доранд, намунаи ибрат мебошанд.

Тибқи маълумоти оморӣ аз 107 ҳазору 414 нафар аҳолии ноҳия 54 ҳазору 47 нафарро занону духтарон ташкил медиҳанд, ки дар рушду тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқ ҳиссаи арзанда доранд. Аз ҷумла, аз шумораи 1692 нафар омӯзгори муассисаҳои таълимии ноҳия зиёда аз 900 нафар дар соҳаи тандурустии ноҳия ва қариб 57 дарсади табибону ҳамшираҳои шафқат ва дигар кормандонро занону духтарон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, аз 173 нафар корманди соҳаи фарҳанг 65 нафар бонувонанд ва дар соҳаи кишоварзӣ бошад, 1127 зан роҳбаранд.

— Ба инобати сиришти поку адолатпарварӣ ва муҳаббати бузургу хулқи ҳамидаву раҳмдилии ҷинси латиф, беҳтар мебуд дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ шумори бонувон зиёд бошанд, — мегӯяд Сабоҳат Мирзошарифзода. — Дар замони Истиқлоли давлатӣ дар натиҷаи татбиқи 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва тарбияву ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд, сафи бонувон дар фаъолиятҳои сиёсӣ ва мақоми намояндагӣ афзуда истодааст. 

— Дар ин давра садҳо нафар ҷавондухтарони ноҳия тариқи квотаи Президент мактаби олиро хатм карда, дар арсаҳои касбиву зинаҳои роҳбарикунанда таҷриба андӯхтаанд. Имрӯз аз ҳисоби бонувон 1 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, 11 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот шумори вакилзанон ба 27 нафар мерасад. Инчунин, аз 111 нафар хизматчии давлатӣ 13-тои онҳо бонувон мебошанд, — қайд мекунад мусоҳибам.

Ҳузури фаъоли бонувони ноҳияи Муъминобод дар идоракунии давлатӣ ва ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар, фароҳамии имкониятҳои баробар дар бозори меҳнат, дастрасии занон ба таҳсилоти оливу касбӣ ва хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ ва аз сӯйи дигар, руҷӯи бесобиқаи духтарон ҷиҳати иштирок дар озмун барои дарёфти квотаи Президент, аз натиҷаҳои самарабахш иҷро гардидани барномаву санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт дарак медиҳад.Дар қиёс ба солҳои пеш шумораи довталабони квота афзуда, барои ишғоли як имтиёзи таҳсил то 12 нафар духтар ширкат меварзад, ки ин ба фазои озмуни миёни толибилмон шукӯҳу ҷалоли хосса мебахшад.

— Ҷавонон насли саодатманди миллат мебошанд, ки дар беҳтарин даврони таърихии халқи тоҷик ҳаёт ба сар мебаранд. Ба инояти таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти мамлакат ҷиҳати таъмини шароиту имкониятҳои илму ҳунаромӯзӣ, дастрасӣ ба бурсҳои таълимӣ ва роҳандозӣ гардидани озмунҳои ҷадид ба хотири рушди зеҳниву сайқали маҳорати насли ҷавон буд, ки дар радифи дастовардҳои гуногуни ҷавонон, соли гузашта хонандаи МТМУ №3-и ноҳияи Муъминобод Табассуми Ҷиёнхон сазовори шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардид. Пайки умедбахш дар ин ҷода ҷараёни дигар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Шоҳномахонӣ» аст, ки шумори довталабон аз ҳисоби духтарон нисбат ба писарбачаҳо зиёд аст, — бо хушҳолӣ меафзояд С. Мирзошарифзода.

Бонувони Муъминобод ҷавобан ба таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати фаъолгардонии нақши занон дар пешбурди давлатдорӣ ва нуфузу эътибори онҳо дар ҷомеа, садоқат ба Меҳан ва хизмати шоиста ба халқро шиори худ дониста, дар сафи пеши ободгарон қарор доранд.

— Дар соли таҷлили Ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ки дар кишвар «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст, баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ, ба хусус тарбияи маънавии насли ояндаи ҷомеа ва мафкурасозии ватандӯстона миёни ҷавонон аз барномаҳои меҳварии МИМҲД ноҳия ба ҳисоб меравад.

Дар доираи суҳбату вохӯриҳо бо усули «Деҳа ба деҳа», «Хона ба хона» дар ҳайати гурӯҳҳои таблиғотӣ меҳтарони соҳаи хизмати давлатӣ — Зулайхо Мирзоева, Саломат Раҷабова, Садбарг Маҳмудова, Гулсунбӣ Раҷабова шомиланд. Онҳо дар суҳбату вохӯриҳои рӯ ба рӯ бо сокинон аз боби шинохти таъриху тамаддуни миллӣ, фидокориҳои фарзонаҳои миллат дар бунёди давлати соҳибистиқлол ва даъвати мардум дар масири амалисозии ормонҳои ҳазорсолаи миллӣ суҳбат меороянд.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

ноҳияи Муъминобод

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2026_small_.pdf [3.32 Mb] (зеркашиҳо: 2)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон