БОЙГОНӢ

«    Август 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Темурмалик: Қадамҳои устувор ба сӯйи ободӣ

Иҷтимоъ

Силсиласафарҳои мо дар вилояти Хатлон, дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик ба анҷом мерасид. Аз ин рӯ, аз раиси ноҳия Шералӣ Ҳасанзода хоҳиш намудем, ки дар атрофи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва саҳми бонувони маҳаллӣ дар рушди устувори иқтисоду иҷтимоии ноҳия ибрози назар намоянд. Гуфтанд: «Ба чашм, ифтихормандам, ки аз ин минбаре, ки муассисаш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, барои бонувон изҳори андеша мекунам»:

— Ноҳияи Темурмалик нуфуси зиёд надошта бошад ҳам, дорои заминҳои хуби кишоварзӣ ва корхонаҳои хурди саноатист, ки мардум вақти худро дар ин коргоҳҳо самаранок истифода мебаранд. Имсол аҳли заҳмати ноҳия дар майдони 15440 га замин кишти зироатҳои кишоварзиро анҷом додаанд, ки аллакай аз баъзе қитъаҳо ҳосили фаровони ғалладона рӯёнда шудааст. Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ низ дар нимсолаи аввал ба 15 миллиону 799 ҳазор сомонӣ расид, ки ин ба 125,4 фоизи нақша рост омада, 3,5 миллион сомонӣ аз нақшаи пешбинишуда зиёд мебошад.Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманд дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ ба 1065 оилаи камбизоат ва тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоӣ, сарбозони қисмҳои ҳарбӣ ва ятимон дар ҳаҷми 2 миллиону 175 ҳазор сомонӣ кумакҳои моддию молиявӣ расонда, дар нимсолаи дуюм низ ин гурӯҳҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор хоҳанд гирифт.

Бино ба андешаҳои Шералӣ Ҳасанзода, барномаи компютеркунонӣ дар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ пурра ҳалли худро ёфта, дар 57 муассисаи таълимӣ алҳол 1050 нафар омӯзгор фаъолият дорад, ки панҷоҳ дарсади онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Ду коргоҳи дӯзандагӣ дар соли хониши 2025–2026 барои мактаббачаҳо 40688 дона либоси мактабӣ омода намудааст, ки ин талаботи хонандагони муассисаҳои таълимиро қариб қонеъ мегардонад.

Омӯзгорону хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъол дошта, аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ва шуъбаи маорифи ноҳия ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд. Дар мактаб-интернатҳои деҳаи Танобчӣ ва Кангурт 222 нафар ятиму бепарастор ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, мавриди ғамхории доимӣ қарор дорад. Соҳаи маориф, ки аз самтҳои афзалиятноки ҷомеа мебошад, мақомоти маҳаллӣ ба он таваҷҷуҳи бештар дорад.

Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар деҳот синфхонаю толорҳои варзишии наву замонавӣ барои фарзандони халқ бунёд ёфта, дар назди муассисаҳои таълимии №6, 16, 26, 33 ва 39 сохтмони синфхона ва биноҳои иловагӣ идома дорад, ки то оғози соли нави хониш мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Толибилмону наврасони ноҳия аз ғамхориҳои давлату Ҳукумат ва соҳибкорони маҳаллӣ дилгарм дониши худро сайқал дода, дар чорабиниҳои варзишӣ низ фаъолона иштирок мекунанд. Кӯдакону наврасон аз ин чорабиниҳои варзишӣ 4 медали тилло, 7 нуқра, 11 биринҷӣ ва туҳфаҳои зиёди хотиравӣ оварда, шарафи соҳаи варзиши ноҳияро баланд бардоштанд.

— Панҷоҳ дарсади аҳолии ноҳияи Темурмаликро занону духтарон ташкил медиҳанд, ки баробар бо мардон дар ободонии ноҳия саҳм мегиранд, — иброз дошт Шералӣ Ҳасанзода. — Аз ҷумла, 82 нафар бону дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва 9 нафар зан вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 58 нафар вакили ҷамоатҳо интихоб шудаанд, ки ин, албатта, мақому мартабаи баланди занонро миёни мардум нишон медиҳад. 24 бонуи соҳибмаърифат хизматчии давлатӣ аст, 144 нафар ба соҳибкорӣ шуғл меварзад. Ин омор гувоҳ бар он аст, ки МИМҲД ноҳия занону духтаронро аз ҳама ҷиҳат дастгирӣ намуда, барои пешравии онҳо дар дилхоҳ соҳаи хоҷагии халқ имконот фароҳам меорад.

Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аҳли заҳмати ноҳия тасмим гирифтанд, ки таъмиру бунёди 407 иншооти ҳаётан муҳимро дар маҳали худ мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Хушбахтона, бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, МИМҲД вилояти Хатлон, хусусан ташрифҳои доимии раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва кӯшишу ғайрати сокинони ноҳия, аз ҷумла соҳибкорони маҳаллӣ, ин рақам дар марҳалаи анҷомёбист.Бунёди роҳи асосӣ, ки маркази ноҳияро ба дигар навоҳии минтақаи Кӯлоб мепайвандад, дар сатҳи олӣ ва ҷавобгӯ ба тамоми меъёрҳои роҳсозӣ анҷом ёфт, ки мардум онро барои худ туҳфаи арзишманди ҷашнӣ медонанд.

Ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи октябри соли 2025-ум барои ҳар як сокини ноҳияи Темурмалик хотирмону гуворо буд. Хусусан, ифтитоҳи Мактаби президентӣ, ки аслан он ҳамчун Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ пешбинӣ шуда буд, барои омӯзгорону хонандагон ғайричашмдошт шуд. Бинои хуштарҳу замонавӣ, ки бо ҳимматбаландии соҳибкорони ватанӣ, бародарон Зоировҳо дар сатҳи баланд барои 700 нафар хонанда сохта ва муҷаҳҳаз гардонда шуда буд, бо пешниҳоди Пешвои миллат ба Мактаби президентӣ табдили ном кард, ки минбаъд омӯзгорону хонандагон тариқи озмун ба он қабул карда мешаванд.

Бинои таълимии сеошёна дорои 27 синфхона, толори фарҳангӣ, китобхонаи анъанавӣ ва электронии ба хатти интернет пайваст ва толору майдончаҳои варзишӣ мебошад. Муассисаи таълимӣ барои талабаҳои деҳаҳои Кангурт ва Ҳусейнободи Ҷамоати деҳоти Кангурт пешбинӣ шудааст, ки дигар шавқмандони таҳсил низ аз деҳоти гирду атроф метавонанд ба он ҷалб гарданд.Дар доираи ҳамин сафар Сарвари давлат дастур доданд, ки дар дохили муассиса барои 400 нафар хонанда хобгоҳ ва барои 200 нафар кӯдак муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта шаванд.

Дар ҳамин сафари меҳмони олиқадр дар маркази ноҳия, Ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯд, дар назди ду муассисаи таълимӣ ва як муассисаи тандурустӣ биноҳои иловагӣ ифтитоҳ ёфта, мушкилоту норасоии синфхонаҳо ва ҳуҷраҳои хобро бартараф намуданд.Хурсандиовару фараҳафзо ин буд, ки дар ҳамин рӯз мушкилоту норасоии оби нӯшоӣ дар маркази ноҳия, ки солҳои тӯлонӣ мардуми шаҳрак ва деҳаҳои атрофро азият медод, бартараф гардид.


Бунёди шабакаҳои нави обтаъминкунӣ, ки бо ташаббуси соҳибкори саховатпеша Ҳабибулло Сулаймонов рӯйи даст гирифта шуд, 30 ҳазор сокинони Ҷамоати шаҳрак ва деҳаҳои Танобчӣ ва Гурдоварон, маҳаллаҳои Баҳодурон, Чашма, Заркамар, Гурондеҳ, Саидмуъминобод ва Танобчии Болоро бо оби ошомиданӣ таъмин намуд.Мардум ин беҳбудро аз сиёсати инсондӯстонаи Сарвари давлат баҳо дода, бо дили гарм ба он ҳамовозӣ намуда, дар корҳои сохтмонӣ дастаҷамъона иштирок намуданд.— Мақсад аст, ки ояндаи наздик барои дигар сокинони деҳоти дурдасти ноҳия ҳамин гуна иқдомро мавриди амал қарор диҳем, — бо қаноатмандӣ изҳор намуд Шералӣ Ҳасанзода.

Аз суҳбату далелҳои овардаи раис ва ошноӣ бо мардуми маҳаллӣ дарёфтем, ки имрӯз мардуми сарбаланди ноҳияи Темурмалик дастаҷамъона барои ободию шукуфоии диёри хеш ҷадал мекунанд. Хушбахтона, дар сафи фаъолону эҳсонкорон бонувони соҳибфарҳангу соҳибдониш кам нестанд.

Рустами НАЗИР,

Душанбе — Темурмалик — Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2026_small_.pdf [3.32 Mb] (зеркашиҳо: 2)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон