Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Бо азму ҷасур аст, Мукаррама
ИҷтимоъТӯли беш аз ду соле, ки дар шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ меҳмон будему маводҳои озмунӣ мураттаб месохтем, бо сад нафар, (шояд аз он ҳам зиёд) бонувони дорои хислатҳои гуногун суҳбату вохӯриҳо анҷом додем. Агар яке фурӯтану камгап бошад, дигаре аз кардаву бофтаву кашида ва сохтаҳои худ моҳирона нақл мекунад, яке моил аст, ки аз кору фаъолияташ қисса кунем, аммо барои расм гирифтан розӣ намешавад. Дигаре фаъолу кордон аст, мехоҳад худро дар саҳифаи аввали маҷалла бинад, аммо барои мардуми маҳал камошност. Ва аз ҳама бештар, дар ин миён бо занону духтароне низ вохӯрдем, ки азми мардонаю иродаи қавӣ доранд ва ин ҳикматро барои худ шиор кардаанд: «Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад…».
Мукаррама Акбарзода, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Темурмалик, низ аз ҳамин қатор аст. Ӯ аз зумраи бонувонест, ки дар баробари кору масъулияти худро иҷро намудан, барои ҳадафи дар пеши худ гузошта ҷиддан кӯшиш мекунад. То андозае, ки гоҳҳо аз ғайрию ҷасуриаш барои ба ҳадаф расидан наздикону ҳамкоронаш қисса ҳам мекунанд.– Зарур ояд, дари даҳ идора мекӯбад, то мақсади худро ба нафъи корхона ё шаҳрванд ҳал кунад, – мегӯяд яке аз ҳамроҳони мо дар боби пофишориҳои бонуи коргар. Дар вазифаҳои дигар низ ин бону ҳамин гуна масъулияту серталабиро дошт, яъне аз ғайюру чолок ҳам ҷасуртар – баҳо медиҳад ӯро роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Рухшона Талбакзода.
Мукаррама хатмкардаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисод ва молияи Тоҷикистон буда, фаъолияти меҳнатиашро соли 2002-юм аз мутахассиси шуъбаи умумии Ҳукумати ноҳияи Совет (ҳозира Темурмалик) оғоз кард. Соле чанд дар МИҲД-и вилояти Хатлон ва Раёсати ҳифзи меҳнати Дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ низ дар самтҳои гуногун иҷрои вазифа намуда, соли 2021-ум дубора ба зодгоҳаш, ноҳияи Темурмалик, баргашт. Солҳои 2021–2023 мудири бахши бойгонии МИҲД-и ноҳияро ба душ дошт. Ва инак соли чорум аст, ки вай масъулияти сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Темурмаликро ба зимма дорад.
Иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои соли 2026»-ро ӯ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ ва ҳайати кормандонаш медонад. Ин аст, ки тӯли шаш моҳи соли равон ба идораи шуғли аҳолии ноҳия 1170 нафар шаҳрвандон барои ёрӣ ва таъмини ҷойи кор муроҷиат намуда, дар асоси омӯзиши ҳуҷҷатҳо 847 нафар ба қайд гирифта шуд, ки 562 нафарро занону духтарон ташкил медиҳад. Барои қонеъ намудани талаботи шахсони ниёзманд Мукаррама 8 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро доир намуд, ки дар он сокинони шаҳраки Баҳманруд, маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот иштирок намуданд. Тавассути чунин чорабиниҳо 88 нафар мутахассисон ва занони ҳунарманду хонашин барои худ ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ пайдо намуданд.
– Идораи шуғли аҳолӣ на танҳо бо кор таъмин мекунад, ҳамчунин ба корхонаву ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз моликияташон, ташриф оварда, муҳлати шартномаҳои коллективиро тамдид ва ё аз сари нав баста, оид ба самти меҳнат дар ин коргоҳҳо мизи мудаввар мегузаронад, – мегӯяд Мукаррамабону.
Барои онҳое, ки имконияти соҳибкории хурд ва ба нигоҳубини чорво ё сару кор гирифтан бо заминро доранд, Мукаррама тавонист, бо кӯмаки идораҳои болоӣ, 270 000 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок барои 47 нафар сокини ноҳия ҷудо намояд, ки аз ҷумла 19 нафар занҳои ҳунарманду хонашин онро самаранок истифода бурда истодаанд, – бодида мегӯяд ӯ. Тавассути корбарӣ ва ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ бонуи ҷавон тавонист, ки 500 нафар шаҳрвандони ноҳияро ба ҷойи кори доимӣ ва корҳои мавсимӣ ҷалб намояд, ки қисмати зиёди онро занону духтарон ташкил медиҳад.
Дастгирӣ ва имкон фароҳам овардан барои ҳунармандон ва онҳое, ки соҳибкасб шудан мехоҳанд, аз вазифаҳои аввалиндараҷаи шуъбаи Агентии шуғли аҳолӣ дар дилхоҳ маҳал мебошад. Бо роҳхати шуъбаи мазкур 220 нафар шахсони бекор, хусусан бонувони маҳаллӣ, касбҳои ба худ зарур ва даркориро андӯхта, ҷавонон бо дарёфти ҳуҷҷати кафшергар, устои барқ ва дуредгарӣ дар НБО «Роғун» бо ҷойи кор таъмин шуданд. Инро дида, садҳо нафар ҷавонони бекор тавассути худмаблағгузорӣ дар курсҳои кӯтоҳмуддати касбинтихобкунӣ ва шуғли аҳолӣ соҳиби касб ва ҳуҷҷат шудаанд.
Мукаррама мегӯяд, ки бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҳудуди Россия, ки вурудашон ба хоки ин кишвар манъ аст, кору масъулияти онҳоро дучанд намуд. Баробари ҷавонони аз сафи Қувваҳои мусаллаҳ баргашта ва шаҳрвандони аз маҳбасҳо озодшуда, ин тоифа низ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи онҳо қарор дорад. Бо дарёфти кӯмакҳои яквақта ба онҳо машварату суҳбатҳои муфид анҷом меёбад. Миёни онҳо ҷавонони лаёқатманд, мутахассисони хуб пайдо мешаванд, ки аллакай 22 нафар ҳамин гуна соҳибтахассусҳо бо ёрии шуъбаи шуғли аҳолӣ дар ноҳия ва берун аз он ҷойи кори мувофиқ дарёфт кардаанд.
Шуъбаи Агентии шуғли аҳолӣ дар маҳал танҳо бо дарёфти ҷойи кору кӯмакҳои шаҳрвандон қонеъ намешавад. Ҳамчунин бонуи ҷавон бо мутахассисони соҳа ва ниҳодҳои дигари МИҲД-и ноҳия дар ҷамоатҳои деҳот ва шаҳрак бо сокинон дар боби «Заминаи имконият ва имтиёзҳо барои рушди корҳои хонагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, танзими дурусти раванди муҳоҷират, афзалияти кор дар замин ва зарурати рӯёндани ду ҳосил, захираи маводи ғизоӣ барои на камтар аз ду сол» ва аз боби дигар мавзӯъҳои рӯз суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.
ОРАЗ,
Душанбе–Темурмалик–Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо











