Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ободкорони Темурмалик
ИҷтимоъАснои сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалик эҳсос намудем, ки сокинони ин мавзеи диёр заҳматписанд ва масъулиятшиносанд. Онҳо муҳаббат ба Ватанро арзандатарин ва беҳтарин эҳсос, баҳри омили асосии худшиносии миллӣ, ваҳдат ва пешрафти ин гӯшаи кишвар қарор додаанд. Сокинон аз ҳар имкони дастдода истифода бурда, шароити буду боши зиндагиашонро беҳтар мегардонанд. Ба вижа, калонсолон ин эҳсоси покро дар вуҷуди насли ҷавон парвардаву онҳоро баҳри иҷрои рисолат ба халқу Ватан шоиста тарбия намудаанд.
– Дар даврони истиқлолияти кишвар ба шарофати сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рушди назаррас ба вуҷуд омад. Аз ин ҷост, ки дар муддати кӯтоҳ таъмири роҳҳо, таъсиси як қатор корхонаҳои хурди саноатӣ, бунёди муассисаҳои тиббиву таълимӣ анҷом ёфта, вазъи зиндагии мардум ба куллӣ беҳбудӣ ёфт, – изҳор намуд муовини раиси Ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯди ноҳияи Темурмалик Гулчеҳра Муродова.
Ноҳияи маъмурӣ дар ҳайати вилояти Хатлон ҷойгир буда, маркази ноҳия шаҳраки Баҳманрӯд ҳисоб меёбад. Аз ҷиҳати марзӣ ба ноҳияҳои Восеъ, Кӯлоб, Балҷувон, Ховалинг, Данғара, аз тарафи даштҳои Олимтой тавассути деҳаи Тошбулоқ ба Фархор ҳамсарҳад аст. Ноҳияи Совет соли 2004-ум бо мақсади эҳёи номҳои таърихӣ ба номи Темурмалик – қаҳрамони халқи тоҷик, иваз карда шудааст.
Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мардуми меҳнатқарини ноҳия омодагии ҳамаҷонибаи ҷиддӣ мебинанд. Зиёда аз даҳҳо иншоот ба нақша гирифта шудаанд, ки аллакай бештари онҳо мавриди истифода қарор доранд, сохтмони боқимондааш бомаром идома дорад. Дар ноҳияи Темурмалик имрӯз биноҳои хуштарҳу замонавӣ, ба монанди нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ бунёд ёфтаанд, ки дар онҳо марду зан ва ҷавонон фаъолият мекунанд.
Замони соҳибистиқлолӣ дар назди ҳар сокини кишвар рисолати бузурги созандагӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди давлатдориро гузоштааст. Ин рисолати муҳими таърихиро фарзандони ноҳияи Темурмалик, ки аз ғамхориҳои давлат рӯҳбаланд гардидаанд, баҳри рушду нумӯи ин пораи Ватани азиз саҳм мегиранд.
Сокинони Баҳманрӯд дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ аҳлона умр ба сар мебаранд. Онҳо дар рушду ободии маҳал саҳми босазо доранд. Хушоянд аст, ки сокинон чун дигар бошандагони шаҳру навоҳии саросари кишвар ба дастовардҳои зиёд ноил гаштаанд.
– Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ба мо хушбахтиву беҳбудиро фароҳам овард. Соҳибкорону сокинони мавзеи Баҳманрӯд дар корҳои созандагию ободкорӣ саҳми босазо мегузоранд. Аз ҷумла, гурӯҳи «Шермардон»-ро таъсис додаем, ки дар он ҷавонмардони саховатманд саҳм мегузоранд. Бо ҳиммати мардони саховатпеша ноҳияи Темурмалик ба макони ободу зебо табдил ёфтааст. Мунтазам ба хотири корҳои ободонӣ аз ҳисоби аҳолӣ ҳашарҳои дастаҷамъона созмон дода мешаванд, – гуфт бонуи заҳматписанд.
Истиқлолияти давлатӣ асоси рушди кишвар ва неъмати бебаҳоест, ки нуру сафо ва осоиштагиву ҳамдилиро ба мардум эҳдо кард, зеро ба шарофати ин дастоварди бебаҳои таърихӣ, Тоҷикистон дар ҳама самтҳо ба пешрафти бесобиқа ноил гашт.
– Ман шоҳиди солҳои ноамниям. Таъсири манфии он ва нооромиҳоро бо чашми худ дидам. Бигзор насли оянда аз мусибатҳои даҳшати ҷанг эмин буда, чашми модари тоҷик дигар ҳеҷ гоҳ нам нагардад. Пойи қадами Эмомалӣ Раҳмон буд, ки хайру баракат ва сулҳу салоҳро ба тамоми гӯшаву канори Ватан овард, – иброз намуд бонуи сулҳпарвар.
Бояд таъкид намуд, ки саҳми занону духтарон дар рушди ҷомеа назаррас буда, бонувон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ нақши муҳим мебозанд. Бонувони ноҳия хизмат ба халқу Ватанро ҳадафи зиндагии худ қарор додаанд.
– Саҳми бонувон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳияи Темурмалик хеле назаррас аст. Мақоми занон дар ҳаёти сиёсию фарҳангӣ мустаҳкам буда, бонувони фаъол дар идоракунии давлатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешсафанд. Замони соҳибистиқлолӣ имкониятҳои хуберо барои ҷавондухтарон фароҳам овард, ки дар баробари писарон, ҳатто аз нуқтаҳои дурдасттарини ноҳия низ тариқи квотаи Президент ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Калонсолон кӯшиш менамоянд то ба писаронашон дасти духтари хондагиро талаб намоянд, зеро дар бунёди хонадоне бо зани соҳибмаълумот оила устувор гашта, ба тарбияи фарзандони донишманд сабаб мегардад, – изҳор дошт Гулчеҳрабону.
Ба андешаи муовини раиси Ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯд барои риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ҷашну анъана, тарбияи кӯдак, сарфакории оилаҳо, ҳифзи фарҳанги миллӣ байни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Ҳамчунин, барои бонувони бешуғл як қатор курсҳои касбомӯзӣ роҳандозӣ гаштааст. Тариқи ин барномаҳо бонувони шаҳрак имкон пайдо кардаанд, ки касб омӯхта, соҳиби даромад шаванд. Ҷавонписарон низ касбҳои гуногунро аз худ карда, ба талаботи бозори меҳнат фарогир мешаванду ҷавонони Баҳманрӯд бо мақсади ҳифзи марзу бум, бо хоҳиши худ ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мераванд.
Ба ӯ муяссар гаштааст, ки оилаи намунавиро созмон диҳад. Бо шавҳараш Нуралӣ Давлатов тавонистанд, чор писарро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, фарзандон тавассути Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ройгон дохил шуда, мактаби мардонагӣ ва шуҷоатро бо сари баланд хатм карда, соҳиби шаҳодатномаи ҳарбӣ гаштаанд. Оилаи Гулчеҳрабону ду маротиба пайи ҳам дар Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Бохтар иштирок карда, сазовори ҷойи намоён ва бо ифтихорнома сарфароз гаштааст.
Мадина БАЛАҶОНОВА,
Душанбе – Темурмалик – Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо











