БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Саноат боиси рушд аст

Иҷтимоъ

Яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди мамлакат ва тавлидкунандаи асосии неъматҳои моддӣ соҳаи саноат буда, рушди он ба пешрафти тамоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ заминаи воқеӣ мегузорад. Аз ин рӯ, баҳри боз ҳам рушд намудани ин соҳаи ҳаётан муҳим ва дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегии миллӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ солҳои 2022–2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон карданд. Амалигардонии ҳадафи чорум – саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи маҳсулот тараққӣ карда, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ созмон ёбад.

Яке аз чунин корхонаҳое, ки имрӯз фаъолияти худро хеле пурсамар ба роҳ мондааст, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия «Силкоат Бойя» дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Коргоҳ моҳи майи соли 2011 ҳамчун субъекти МОИ «СУҒД» ба ифтихори 20-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти рангу лок дар асоси технологияи туркӣ бо таҷҳизоти олмонӣ машғул аст. Солҳои аввал 90 фоизи ашёи хом аз хориҷи мамлакат – Туркия, Олмон, Ҳиндустон ва Ӯзбекистон ворид мегардид. Вобаста ба талаботи айём ва дархосту хоҳиши харидорон ва ҳам шарикон имконият фароҳам омад, ки ширкат минбаъд ба ашёи хоми ватанӣ рӯ орад. Бо саъю талоши масъулин ва ёрии мутахассисони Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ коркарди сангҳои мармар роҳандозӣ гашт. Айни ҳол барои истеҳсоли маҳсулот, баъди гузарондани якчанд ташхис дар Туркия ашёи хоми ватанӣ истифода шуда, вазни қиёсии он аз Туркия 20 фоиз ва аз Тоҷикистон 80 дарсадро ташкил медиҳад.

Ашёи хоми ватаниро сангҳои мармари сафеди дараи Варзоб (ҶДММ «ТоҷикКарб»), санги ноҳияи Мастчоҳ (ҶДММ «Ҷобири Собир»), мармари резаи (ҶДММ «Азиз-2015»), сатилҳои пластикӣ (ҶДММ «СтарПласт») ва коғазтамғаҳои (ҶДММ «UBT-принт») ташкил медиҳанд.

Имрӯз 50 номгӯйи маҳсулоти истеҳсолшуда ба се гурӯҳ тақсим шудааст. Гурӯҳи 1 – андоваи минералӣ, гурӯҳи 2 – ранги акрилӣ, гурӯҳи 3 – омехтаи хушки сохтмониро ташкил медиҳад. Ба коргоҳ барои бо сифати баланд истеҳсол намудани маҳсулот аз ширкати «Силкоат Дувар»-и Туркия мутахассис-технолог даъват шудааст, ӯ баробари мутахассисони ҷавони маҳаллӣ баҳри бо сифати баланд истеҳсол намудани маҳсулот кӯшиш ба харҷ медиҳад. Маҳсулоти истеҳсолшуда сараввал дар лабораторияи корхона ва сипас дар ташхисгоҳи Туркия аз санҷиш мегузарад ва баъди аз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо соҳиби сертификати мутобиқати мол гардидан, ба фурӯш меравад. Дар соли 2025-ум ба миқдори 6392,97 тонна ба маблағи 17 миллиону 365 ҳазору 450 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд, ки нисбат ба соли 2024-ум 851 ҳазору 808 сомонӣ (108,53%) зиёд аст.

Воқеан ҳам, имрӯз фаъолияти корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар ин кор саҳми 40 нафар корманди аҳлу тифоқ боиси зикр аст. Музди миёнаи онҳо 2412 сомониро ташкил медиҳад.

Мутахассисони ҷавони маҳаллӣ барои такмили ихтисос ва омӯзиш ба Ҷумҳурии Туркия мераванд. Ҷамъият дар ҳамаи маъракаҳои сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, ки аз тарафи Агентии «Стандартизатсия» ва Палатаи савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол созмон меёбанд, фаъолона иштирок намуда, бо беш аз 50 ифтихорномаву сертификатҳо ва диплому сипосномаҳо қадр шудааст.

Соли 2020-ум дар шаҳри Москва 85-умин маҷлиси иқтисодии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд, дар он ҶДММ КМ ТТ «Силкоат Бойя» соҳиби ҷоизаи озмуни ИДМ барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ гардид.

Дар коргоҳ баробари мардон занҳо низ фаъолияти пурсамар доранд. Дилафрӯз Рустамова яке аз онҳост. Ӯ солҳост, ки дар самтҳои гуногун фаъолияти пурсамар дорад. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон буда, муҳосиби корхонаи ҶДММ «Силкоат Бойя» аст.

Бону Мукаррама Шерматова пас аз хатми мактаби миёнаи №30 дар ҳамин даргоҳ ба фаъолият пардохтааст. Соли 2012-ум курси кӯтоҳмуддати муҳосибиро хондааст. Вазифаи ӯ дар ин коргоҳ борбанд, тамғагар аст.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА


Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_09_2026_small.pdf [4.1 Mb] (зеркашиҳо: 29)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон