БОЙГОНӢ

«    Сентябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Дар остони пири хирад

Иҷтимоъ

Ҳине, ки мусоҳиби кас рӯзгори наҷиб дораду зиндагии ибратомӯз, суҳбаташ низ гарму гуворост. Аз кӯлвори хотираҳо, дидаву шунидаҳо зиёд қиссагӯӣ мешавад ва мусаллам аст, ки муаллиф дар нигоштани он ҳама дармемонад. Айни ҳамин гуфтаҳо, мо низ ба зиндагиномаи қаҳрамони худ пора- пора менигарем.

Талбак Камолов - ин пири барнодил, ки умри беш аз 80 солро дорад, бешак, аз табори аҳли хирад буда, зодаи деҳаи Қалъаинав аст, симои нурониву садои ҷавонмардонаашро дар ҳаёти хушу осуда бо завҷааш Хайринисо Ҳакимова мебинад. Онҳо 62 сол аст, ки бо ҳаманд. Оилаи аҳлу тифоқ дар тамоми умри худ бо рафтори шоиста ва рӯзгори намунаашон азизи аҳли деҳа ҳастанд ва фарзандону набераҳо низ ба сони волидону бобову бибӣ дар зиндагӣ миёни мардум намунаву соҳибэҳтироманд.

Соли 1972 Талбак Камолов, ки аз овони бачагӣ орзуи муаллим шуданро дошт, Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм намуда, ба зодгоҳаш баргашту хурсандии мардуми деҳ ва мактабиёнро афзун кард. Зеро ҳини мактабхонӣ вай аз талабаҳои фаъоли мактаб буд ва устодонаш хуб медонистанд, ки бо омадани ӯ самари таълиму тарбия дар муассиса беҳ мегардад. Нахустин коре, ки муаллими ҷавон сомон дод, тарғиби духтарони деҳа барои рафтан ба макотиби олӣ буд. Зодмандонро дар суҳбату вохӯриҳои мактабӣ ва деҳот таъкид менамуд, ки монеи илмомӯзии духтарон нашаванд, бигзор онҳо ба таълиму тадрис рӯ оранд. Албатта, ин кӯшишҳо дар фурсати кӯтоҳ даст намедод, аммо омӯзгор ҳам дилмонда намешуд. «Духтарҳо бояд хуб хонанд, ба замони нав мутобиқ шаванд, зани босавод фардо дар оиладорӣ низ бомуҳаббат ба зиндагӣ менигарад», - панд медод шогирдонашро.

 Аммо бонуи хонаро бемаълумот интихоб кардед, - гӯён завқи завҷаи азизашро дар суҳбат бедор мекунем.

 Ман аз Талбак камӣ надорам, танҳо дипломи мактаби олӣ надорам, - мегуфт ӯ.

Ҳозирҷавобии холаи Хайринисо бо як посухи хуб шарми моро оварда бошад ҳам, дертар аён гашт, ки аз рафтору гуфтор ва шеваи зиндагӣ бо муаллими соҳибфарҳанг сабақи хуб омӯхтааст. Ӯ баробар бо ҳамсар ва фарзандонаш китоб, рӯзномаву маҷалла мутолаа мекарду аз хондаҳояш давраи бонувонро гарму ҳаловатбахш мекард. Ҳамсояҳо ва занони деҳа аксаран «зани муаллим» - гӯён садояш мекунанду барои мушкиле дар зиндагӣ аз ӯ интизори ҷавоби мусбат мешаванд. Холаи Хайринисо барои садҳо оилаи ҷавон тарбиятгару насиҳатгӯ шуд, то аз пош хӯрдану муҳаббати хонадонро шикастан наҷот ёбанд. То кунун сокинони маҳал ва атроф аз ӯ сабақи зиндагӣ меомӯзанд.

Марди шефтаи фарҳангу ҳунар ва хатту савод Талбак Камолов мудом дар омӯзиш аст, ҳар як китоб, рӯзномаву маҷаллаи хондаашро дар дафтари алоҳида бо қайди муҳтавои мавзуъҳои муҳим китобат мекунад. Оғоз ё анҷоми ҳар андешааш бо мисраъҳои пур аз маънии шоирони классику муосир баста мешавад, ки башорат аз завқи баландаш дар шеъру шоирист. Гоҳ-гоҳе хаёлоти рангинашро дар риштаи назм ба қалам медиҳад ва сабки равону хосе дорад. Ошноҳо ӯро «энсиклопедияи зинда» унвон мебаранд. Чун муаллим аз таърихи маҳал то шаҳру ноҳияро ба ҳар кас ки хоҳад, возеҳ нақл мекунад.

Бо ҳунарвари зиндаёд Зафар Нозим робитаи хуби дӯстию рафиқӣ дошт ва борҳо меҳмони ҳамдигар буданд. Як бастаи фитаҳоро наздамон гузашту боифтихор гуфт: - Ин ҳама сурудҳои ҷонгудози устод Зафар Нозиманд. Ва афзуд, - Дар ана ҳамин кате, ки шиштаем, шодравон Зафар шояд даҳҳо бор нишаставу суруд хондааст.

Одатан, ҳар боре, ки устод аз Рашт ҷониби Душанбе ё аз пойтахт ба зодгоҳаш мерафт, ҳатман меҳмони муаллим мешуду ба ӯ як ё ду суруди навашро тақдим мекард.

Ними умрам дар қабулу гусели меҳмонҳои муаллиму меҳмондориҳояш гузашт, - гӯён хандаи базавқ кард холаи Хайринисо бо шукргузорӣ. Гуфт, ки аз файзу баракати мардаки бофарҳангу аҳли маъниаш инсонҳои шарифу бузурге аз дари хонаи онҳо сар дарун кардаанд, ки боиси ифтихорашон аст.

Завҷаи меҳрубон, баробар бо муаллим, дар тарбияи фарзандон саҳм мегузошту ҳамеша онҳоро ба хондан талқин менамуд. Ба шебу фарози зиндагӣ бо ҳамсараш қаноатманд буд. Хусусан, солҳои авҷи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки маошу нону дигар анвои зиндагӣ басанда набуд, оилаи серфарзанд на танҳо худашон, балки ҳаққу ҳамсояро низ ба сабру таҳаммул мехонданд. Талбаку Хайринисо аз зиндагии ҳамҷоя имрӯз соҳиби нуҳ фарзанд ва аз ҳосили умри ҷигарбандон 56 набераву 57 абера гаштаанд. Бо шукргузорӣ аз давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳарду як бастаи ордену медалҳо ва дигар инъому ифтихорномаҳоро пеши мо гузоштанд, ки ҳамаи он гувоҳи меҳнати софдилона ба халқу Ватан, оилаи намуна ва пештози аҳли илму фарҳанг будани онон буданд.

Талбак Камолов солҳои 1971 - 1984 директори мактаби деҳа буд, ки бо кӯшишҳои ҳамаҷонибааш муассисаи таълимии ӯ миёни дигар мактабҳо намуна буд. Деҳаи Калъаинав, ки имрӯз аз калонтарин деҳаҳои шаҳри Роғун аст, дар гузашта низ нуфуси зиёд дошт. Ба ҷуз ин, талабаҳо аз деҳоти атроф, бо сабаби набудани дабистон ба мактаби онҳо меомаданд. Талбак Камолов мушкилоти роҳи дур ва азияти мактаббачаҳоро ба вазорату идораҳои марбута расонд. Ҳафтае мешуд, ки ду ё се дафъа ба назди роҳбари аввали ноҳияву мудири шуъбаи маориф мерафт, мушкилотро аёну рӯшан мефаҳмонд, ки онҳо дар муқобили андешаҳои ӯ илоҷи дигаре намеёфтанд. Хушбахтона, муаллими чолоку роҳбари кордон ба ҳадафи хеш расид ва дар муддати кӯтоҳ дар деҳаи ҳамшафат - Чашмаи Куло мактаби нав бунёд ёфту фарзандони деҳаро ба оғӯши хеш гирифт. То кунун аҳолии деҳа ин муассисаро мактаби муаллим Талбак меноманд.

Имрӯз даврони пирӣ меронаду ҷойи худро канори кампири бовафою набераву абераҳояш мебинад, аммо мудом гули сари сабади аҳли диёр аст. Дар шаҳри Роғун ба нишасту суҳбату вохӯриҳо мудом муаллим Талбак Камоловро даъват мекунанд. Борҳо ҳамчун оилаи намунавӣ ғолиби озмунҳо гаштааст.

Чун тахмини мо дар аввали ин навиштаҳо, ки аз солор буданаш ҳайратӣ будем, аз овардани хотирае наметавонем сарфи назар кунем. Соли 2015 дар дидори Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони шаҳри Роғун Талбак Камолов навбати сухан гирифту аз файзу баракати Истиқлол, сулҳу Ваҳдат ва шукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистон сухан ронд. Президенти мамлакатро на танҳо ибрози андешаҳо, ҳамчунин, лаҳни зебову ҷавонмардонаи муаллим хушашон омад, ки аз ӯ пурсиданд:- Дар чанд рафтед, муаллим? Гуфт: «72 сол дорам». Сарвари давлат ҳам ҳайрати худро пӯшонда натавониста:

 Ҷавонмарди 50-сола барин қуввати сухан гуфтан доред, - гуфтанду Талбак Камоловро сидқан таҳсин хонданд.

Муаллим низ паст наомада, лутф кард: - Ҳамаи ин аз сулҳу субот, оромии кишвар, хизматҳои шабонарӯзии Шумо ва рӯзгори хуши оилаамон, Ҷаноби Олӣ». Пири барнодил бо ширингуфторӣ Пешвои миллатро хушҳол ва чун ҳамеша маҷлиси дидорро қабои адаб пӯшонд:

Умр агар хуш гузарад, зиндагии Хизр кам аст,

В-арна нохуш гузарад, ними нафас бисёр аст.

Воқеан, муаллим Талбак Камолов бо ҳамсараш холаи Хайринисои зиндадил аз умри рафта розианду шукри ин ҳамаро дар ҳар нафас ба ҷо меоранд.

Рустами НАЗИР

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон