БОЙГОНӢ

«    Сентябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Масъулу эҳсонкор

Иҷтимоъ

Бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшонро бонуи масъулу кордон ва хайрхоҳ Гулдона Мералиева роҳбарӣ мекунад. Муроҷиатгарон ҳамеша бо ҳисси қаноатмандӣ бахшро тарк мекунанд, зеро дар ин ҷо кормандони дорои касбияти баланд дар доираи қонун ва имконият ба ҳалли мушкили иҷтимоии онҳо ёрӣ мерасонанду бо самимият ва муомилаи хуб ҳуқуқу имтиёзҳояшонро мефаҳмонанд.

 

Гулдона Мералиева Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуд. Давраи таҳсили ӯ ба солҳое рост омад, ки дар ҳама ҷойи кишвар савдо ва тиҷорат дар бозору растаҳо равнақ дошту ҳатто иддае аз аҳли маориф ва тандурустӣ ҳам ба хотири даромад тарки пеша гуфта паси рафҳои дукон нишастанд. Гулдона, сарфи назар аз маоши кам, ҳамчун мушовири масъули расондани ёрӣ ба зарардидагон аз офатҳои табиии бахши Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳия ба фаъолият пардохт. Манзилҳои истиқоматии зиёд дар манотиқи кӯҳистон зери хавфи тарма, барфкӯч, селу обхезӣ ва ярч қарор дошта, бахши созмон на танҳо дар расондани кумакҳо ба зарардидагон, балки дар баланд бардоштани маърифати иҷтимоӣ дар мавриди интихоби ҷойи бехатар барои сохтмони манзили истиқоматӣ корҳои зиёде анҷом доданд.

  Ҳангоми солҳои фаъолият дар ин созмон хислатҳои меҳнатдӯстӣ, кордониву ташаббускорӣ ва инсондӯстиву масъулиятшиносии ин бонуи наҷиб зоҳир гашта, малакаи робита бо қишрҳои гуногуни ҷомеа ташаккул ёфт. Сипас, ҳамчун корманди шуъбаи кумаки унвонии иҷтимоӣ дар хона Гулдона ба шахсони яккаву танҳо ва бепарастору барҷомондагон сари кор гирифт. Дар пухтупази ғизо, шустушӯи либос, аз муоинаи тиббӣ гузарондан, дорую дармон дастрас намудан ба онҳо ёрӣ мерасонд. Ӯ ҳамаи ниёзмандонро баробар азиз медонист ва барои ҳалли ниёзҳои иҷтимоиашон сарфи вақт ва неруашро дареғ намедошт. Мизоҷон дар симои ӯ шахси барояшон наздикро медиданд. Борҳо чунин иттифоқ афтода, ки афроди ба ташхис ва ё муолиҷаи тиббӣ ниёздоштаро бо маблағи худ ва ё мадади ашхоси хайрхоҳ аз ноҳия ба маркази вилоят интиқол додаст.

  Гулдона Мералиева чанд сол бахши кор бо занон ва оилаи МИМҲД-и ноҳияро сарварӣ намуд. Бештари занону духтаронро ба чорабиниҳои фарҳангӣ ҷалб сохт. Бо ибтикорашон намунаҳои гулпартоиҳои гуногун, ки дар ҷӯробҳои помирии бонувони ҳунарманд дар деҳоти дурдасттарини ноҳия маҳфуз монда буданд, гирд оварданд. Бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ шумораи занони соҳибкор афзуда, дар баробари равнақи маҳсулоти ҳунармандӣ, саҳмашон дар соҳаи истеҳсолӣ ва коркарди маҳсулоти полизӣ ва боғдорӣ афзуд.

 Айни ҳол ин бонуи масъулиятшинос бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мудирият дорад. Дар ноҳия 12 заҳматкаши ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 101 маъюби то синни 18-сола, 117 маъюби гурӯҳи якум, 440 маъюби гурӯҳи дуюм, 217 маъюби гурӯҳи савум, 279 кӯдаки бепадар ё модар,13 ятим ва 135 ашхоси яккаву танҳо ба қайд гирифта шудаанд. Бахш пайваста ба ин гурӯҳҳои осебпазир кумакҳои зарурӣ мерасонад.

 Ҳукумати Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи дастгирии аҳолии камбизоат, махсусан маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор, шахсони яккаву танҳо, барҷомонда ва оилаҳои камбизоат дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои иҷтимоиву тиббии имтиёзнок чораҷӯӣ менамояд. Дастгирии табақаҳои ниёзманд ва оилаҳои камбизоат мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия қарор дошта, идораву муассисаҳо, соҳибкорон ва ашхоси саховатпеша кумакашонро ба ниёзмандон дареғ намедоранд.

 Дар арафаи Иди Наврӯзи соли равон аз ҷониби мақомоти ноҳия ба 10 собиқадори меҳнат ва оилаи навбунёд ёрӣ расонда шуд. Дар деҳаи дурдасти мавзеи Бартанг ҷашни арӯсу домодии оилаи камбизоат доир гашта, хоҷагии деҳқонии «Эҳёи Рошорв» барои хароҷоти он як сар қутос ва 7 ҳазор сомонӣ масраф намуд.

 Ташкилотҳои ҳизбӣ ҳам аз расондани ёрӣ ба ашхоси ниёзманд дар канор намемонанд. Аз ҳисоби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва вилоят ба 5 ашхоси ниёзманд ҳармоҳа 500 сомонӣ кумакпулӣ пардохт мегардад.

Дар Иди саиди Фитр аз ҷониби ашхоси саховатпеша бештар аз 68 ҳазор сомонӣ расонда шуд. Рӯзи маъюбон ҳамасола бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва равшаннамоӣ таҷлил мегардаду барои шахсони имконияташон маҳдуд дар тарабхонаи «Сафина» дастархони идона ороста мешавад.

 Дар арафаи ҷашнҳои бузурги Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ба ниёзмандон ҳамеша ёрӣ мерасонанд. Соли гузашта қариб ба 900 нафар ба маблағи 220 ҳазору 893 сомонӣ ёрӣ расонда шуд.

 Дар ноҳия 11 бознишаста умр ба сар мебарад, ки аз имтиёзҳои таъини нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҳукумати Тоҷикистон бархӯрдоранд. Ҳамчунин, ҷиҳати таъмин намудани маъюбон бо воситаҳои техникӣ як зумра корҳо анҷом ёфта, аробачаҳои маъюбӣ, роҳравак ва чигас дастрас гардиданд.

 

Бахш дар самти таъмин намудани кумакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ пайваста кор бурда, ҷаласаи комиссияи маҳаллӣ барои муайян намудани мақоми камбизоатӣ сари вақт баргузор мешавад. Шумораи умумии гирандагони кумакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ дар ноҳия 955 нафарро ташкил медиҳад.

 

- Мехоҳам, ки 10 ҳазор сомонӣ хайр намояму ба 10 ниёзманд ба андозаи як ҳазор сомонӣ барои хариди маводи ғизо ва ё баровардани дигар ниёзҳои иҷтимоӣ мадад расонам, - гуфт шахсе ва аз кормандони бахш дар мавриди ба кадом қишри ниёзманд расондани ёрӣ маслиҳат пурсид. Дар бахш рӯйхати 10 ашхоси барҷомонда ва бепарасторро, ки ба кумак ниёз доштанд, пешниҳод намуданду хайрияи соҳибкор ба онҳо расид.

 

Ба гуфти сардори бахш Гулдона Мералиева, фарҳанги хайру эҳсон ва хислати инсонии расондани ёрӣ ба ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат дар ҳаёти мардуми ориёӣ решаи қадим дорад. Маҳз бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин самти дастгирии иҷтимоӣ ба сиёсати меҳварии давлат табдил ёфта, доираи ҳар чи бештари соҳибкорону ашхоси саховатпешаро фаро мегирад. Ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар мавриди коҳиши сатҳи камбизоатӣ самараи хуб ба бор меорад.

 

Ш. МИРЗОҶАЛОЛ,

ноҳияи Рӯшон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон