БОЙГОНӢ
« Октябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Як гул миёни киштаҳо
ИҷтимоъГулнисо ин субҳро низ бо дуои модар пешвоз гирифт. Рахти хобашро ҳавои тоза доду дасту рӯяшро шуст, наҳорашро табъи дили ӯ омода намуд. Хушдоман аз лутфу марҳамати келин мамнун бо дасти дуо барояш файзу баракати рӯзгорро орзу кард…
Чанд сол аст, ки ҳар субҳи ин бону ҳамин зайл оғоз мешавад. Ӯву хушдоманаш Ойбибӣ Имомова аз рӯзи арӯс шудану ба хонаи онҳо омадан, чун модару духтар ба ҳам унс гирифтанд.
Гулнисо дар деҳаи болотар, Шоразм мезисту қариб се даҳсола пеш ба маҳаллаи Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат арӯс шуда омад. Боре сари дастархон аҳли хонадон сарҷамъ машварат намуданд, ки заминҳои ҳосилхези шафати роҳ аксар хонаводаҳои маҳалларо мехӯронаду мепӯшонад, чаро онҳо аз ин хайру баракати рӯзгор дар канор монанд. Гулнисо, ки он вақт кӯдакони хурдсолу мактабхон дошт, ҳамфикр будани худро бедудилагӣ баён дошту ташаббуси хонаводаро ҷонибдор шуд.
Ман барои нигоҳубини кӯдак вақт меёбам, кори хонаро ҳам сомон дода, киштукори заминро ҳам анҷом хоҳам дод, - гуфта хурсандии аҳли байтро афзун намуд. Рӯзи дигар шавҳару хушдоман пайи таъсиси хоҷагии деҳқонӣ шуданд. Масъулони шаҳри Ваҳдат хоҳиши оилаи онҳоро пазируфта дар шафати роҳи дараи Ромит барои оилаи Имомовҳо як гектар замини обӣ барои таъсиси хоҷагии деҳқонӣ ҷудо намуданд. Ҳамагӣ ба хулосае омаданд, ки ба хоҷагии деҳқонӣ номи модари хонадон - Ойбибӣ гузошта шавад ва инак, соли чаҳордаҳум аст, хоҷагии деҳқонии «Ойбибӣ» дар деҳоти Чӯянгарон чун хоҷагии намунавӣ фаъол аст ва дар шаҳри Вахдат аз хоҷагиҳои номдор маҳсуб меёбад.
Ҳоло ҳама кори замин, сарфаю сариштаи маҳсулот ба дӯши келини хона вогузор аст, ба ибораи дигар, ҷилави кор дар дасти Гулнисост, чун хушдомани дӯстдораш солҳои охир сар ба болин дораду ниёз ба табобат. Бонуи заҳматпеша тули ин солҳо, ба қавле забони заминро ёфт, сирри пешравӣ, каму камбуди деҳқониро омӯхт. Таҷрибаи киштгардонро дар кори заминдорӣ маҳаки асосии пешрафт қабул кард. Дар замини деҳқониаш тули солҳои фаъолият қариб ки тамоми намуди сабзавотро таҷриба намуд ва ҳосили фаровон ҳам рӯёнд. Хуб медонад, ки дар иқлими мавзеи Ромит кадом анвои сабзавоту полизӣ хуб парвариш меёбанд.
Нахуст заминро серу пур нигоҳ бояд кард, хуб хӯронда тавонистӣ, замин туро мехӯронад, - мегӯяд дилпурона Гулнисо. -Барои ҳамин сари вақт обу дору мондан ба сабзавоту киштаҳои полизӣ вазифаи аввалиндараҷаи ин бонуи кишоварз аст. Муддати чаҳордаҳ сол аст, ки ҳамин як қитъаи замин оилаи Имомовҳоро мехӯронаду мепӯшонад. Ҳамасола аз 30 то 50 ҳазор сомонӣ даромад мегиранд. Ҳамин сол аз чинаки аввали қулфинай чор ҳазор сомонӣ ба даст овард. Қитъаҳоро ба навбат киштгардон намуда, заминро дам медиҳанд, то соли баъдӣ ҳосил фаровон шавад. Соле, ки ғалла бидараванд, ба ҷуз таъминоти хонавода ниёзи ҳаққу ҳамсояро низ бароварда, боқиро ба бозор мебароранд. Айни ҳамин, аз ҳосили сабзавоту обчакорӣ низ чор фасли сол маҳсулоти босифати хешро истеъмолу боқиашро фурӯхта, ниёзи хонаводаро сомон мебахшанд.
Гулнисо Маҳмудова бо кору пайкор ва азми мардонааш дар фурсати кӯтоҳ худро миёни дигар заминдорону соҳибкорони маҳаллӣ муаррифӣ карда тавонист. Ӯ дар баробари сару кор доштан бо замин, модари мушфиқу меҳрубон ва сахтгири чаҳор фарзанди хеш аст. Ҷигарбандон баробари дар паҳлуи модар будан, дар мактаб намунаи ибратанд. Дилноза, духтарчаи калониаш пайрави модар шудану бо замин сару кор гирифтанро мақсади худ гузошту ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дохил шуд ва ҳоло таҳсилро идома медиҳад. Фарзандони дигар низ ҳар кадом ба худ ниятеро дар пеш гузошта, мувофиқ ба он амал мекунанд.
Комрон Гурезов, сармутахассиси бахши кишоварзии шаҳри Ваҳдат, Гулнисоро аз зумраи бонувони муваффақи кишоварз хонда, ҳамчунин, меафзояд, ки ӯ дар ҷашну чорабиниҳои фарҳангии шаҳр фаъол буда, табақаи ниёзманди маҳалро низ дастгирӣ менамояд. Маҳз ҳамин фаъолу намуна будан дар самти корҳои хоҷагидорӣ, ба даст овардани ҳосили баланди рекордӣ аз киштаҳои сабзавоту ғалладона Гулнисоро миёни дигар бонуҳои кишоварз шинохта ва пешсафи соҳа намудааст.
Соли 2020 заҳматҳои шабонарӯзии Гулнисо Маҳмудова бо медали Хизмати шоиста қадр шуд. Ин ғамхорӣ масъулияти ӯро дучанд намуд ва аз солҳои аввал дида, зиёдтар маҳсулоти хушсифат истеҳсол мекунад ва қисман талаботи сокинони пойтахтро низ аз ғизоҳои серхаридораш қонеъ месозад.…Пеш аз шом вориди ҳавлӣ шуду осемасар сари болини хушдоман омад. Узр хост, ки андаке дер кард, ба ҷӯяҳо дору пошид, то шабона дар ҳавои салқину форам киштаҳояш онро ҳазм кунанд. Аммо модар, ки худ дар замину заминдорӣ обутоб ёфта буд, узри келинро бо табассуми малеҳ пазируфта дастони обиладори Гулнисоро гармакак фишурду гуфт:
«Духтарҷонам, ман аз ту як умр розиам, баракат ёбӣ, кори хона, замин, тарбияи бачаҳо, барои ту ҳам мушкил аст…».
Он лаҳзаҳо ашки розӣ аз баҳои модарҷонаш, ки саршори меҳру муҳаббат буд, рухсораҳои арғувонию офтобхӯрдаи Гулнисоро мешусту шукрона аз кору зиндагӣ ва хушдомани солдидааш мекард.
Рустами НАЗИР