БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Санадҳо ба ҳаёти бонувон созгор омаданд

Иҷтимоъ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали расидан ба Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ба рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ба ин васила баҳри зиндагии шоиста тадбирҳои судманд меандешад ва амалӣ месозад.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми декабри соли 1999 «Дар бораи Тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» яке аз аввалин санаде ба шумор меравад, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ба тасвиб расида, он ба ҳаёту рӯзгори зани тоҷик таъсири мусбати хешро гузошт. Ҳамчунин, дар давоми солҳои охир як қатор санадҳо қабул шуданд, ки дар беҳбудбахшии ҳаёти бонувон созгор омаданд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар доираи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии занону духтарон чораҳои судманд андешида, шароитҳои заруриро барои гирифтани дониш, касбу ҳунар муҳайё сохта истодааст.

Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар доираи дастуру супоришҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нақша - чорабиниҳои судмандро роҳандозӣ карда, корҳои тарғиботиву ташвиқотиро бо аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб пурзӯр намудан дорад.

 

Алҳол, дар марказ ва деҳаҳои дурдасти шаҳр шурои занон таъсис дода шуда, аъзои он иборат

аз модарони рӯзгордида ва корозмуда маҳсуб ёфта, теъдоди умумии онҳо 7500 нафарро дар бар мегирад. Рисолати асосии шуро ва аъзои он, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Ҳамчунин, миёни аҳолӣ тарғибу ташвиқи фарҳангу оини рӯзгордориро ба роҳ монда, дар ин самт бонувони мо ба ҳадафҳои судманди хеш расида истодаанд.

Бояд гуфт, ки имрӯз баҳри касбомӯзии ҷавонзанон ва ба таълим фаро гирифтани онҳо дар шаҳри Исфара марказҳои ҳунаромӯзӣ амал намуда, дар он курсҳои забономӯзӣ, омӯзиши технологияи муосири компютерӣ, қаннодӣ, дӯзандагӣ роҳандозӣ шудаанд.

Пас аз гирифтани иҷозатномаи махсус ҳамаи онҳо бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин гардида, ба ин васила рӯзгори хешро пеш мебаранд.

Исфара таърихан шаҳри ҳунармандону косибону наққошону кандакорон мебошад. Ҳамин аст, ки дар ин гӯшаи диёр ҳунарҳои мардумӣ рушду нумӯ намуда, таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои дастӣ сол ба сол меафзояд.

Занону духтарони Исфара дар озмунҳои «Оилаи беҳтарин», «Кадбонуи беҳтарин» ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ, ки ҳамасола дар сатҳи вилоятӣ-ҷумҳуриявӣ доир мегарданд, фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол карда, бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадр мешаванд.

 

Бо ифтихор ва камоли масъулият иброз медорем, ки бонувони Исфараи ҳамешабаҳор дар пухтани хӯрокҳои миллӣ чирадаст буда, аз уҳдаи рисолати кадбонугӣ сарбаландона мебароянд. Мазаи оши палов ва оши буридаи Исфара дар ҷаҳон назир надорад, ки бо таъму лаззати хеш машҳур гаштааст.

Ҳамчунин, занҳои шаҳри мо дар омода намудани нонҳои гуногун, аз қабили чапотӣ, кунҷитӣ, кулча, гирдача чирадаст мебошанд. Ин ҳама ҳунарҳои қадимаро ба оилаҳои ҷавон омӯзонда, аз насл ба насл ба мерос мегузоранд.

Айни ҳол, 316 нафар бону дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунандаи шаҳр фаъолият дорад, ки онҳо ба дастовардҳои шоён соҳиб мебошанд.

Гулафзо Савриддинова, Муҷибахон Ҷавҳарӣ, Мавзуна Шамсидинзода, Гулрӯ Расулзода, Кубро Собитова, Муҳиба Ёқубӣ, Восилахон Ҷалилова, Сабоҳат Сатторова, Саёҳат Маҳмудова ва бисёр дигарон дар ҷодаву касбу кори хеш муваффақ мебошанд.

Бонувони шаҳри Исфара аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати ҳифзу ҳимояи арзишҳои милливу фарҳангӣ кӯшиш ба харҷ дода, Ҷашни бошукӯҳи Ватан - 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро бо дастоварду комёбиҳои беназир истиқбол мегиранд.

Фараҳноз АСЛАМӢ,

мудири шуъбаи кор бо занон

ва оилаи МИМҲД-и шаҳри Исфара

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон