БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

«Аҳли ҷамоат, ки ҷамъ шуд…»

Иҷтимоъ

Ҷамоати деҳоти Фахробод дар ҳудуди ноҳияи Хуросон доман густурдааст, аҳолии 17-ҳазорнафарааш дар 14 деҳаи деҳоти мазкур кору зиндагӣ дорад. Мардум асосан ба боғдорӣ, чорвопарварӣ ва ҳунармандӣ шуғл дошта, пешбурди рӯзгорашон марбут ба даромад аз ин соҳаҳост.

Нуринисо Подшоҳзода пас аз хатми факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омӯзгориро ба худ пеша карда, баъдан аз соли 2001 дар шуъбаҳои умумӣ, маънавиёт, кор бо занон ва ҷавонони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ифои вазифа намуд. Мавсуф беш аз 8 сол ба симати муовини раиси ноҳия низ фаъолият дошт. Алҳол, раиси деҳоти Фахробод аст.

Суҳбати мо бо бону Нуринисо дар бораи кору рӯзгори мардум ва ободониҳои деҳот сурат гирифт, ки саҳм ва ташаббуси роҳбари он дар пешравиҳои зиндагии аҳолӣ назаррас мебошад.

 Тамоми ободониҳои деҳот, аз мумфаршсозии роҳҳо то чароғонии кӯчаҳо ва таъмиру тармими мактабҳо бо дастгирии нафарони саховатманду хайрхоҳ анҷом дода шудаанд. Ба ҳар коре дар мавриди ободонии деҳаҳо иқдом гиранд, нахуст ба идораи Ҷамоат омада, бо маслиҳату машварати пирони корозмуда ва рӯзгордида аз пайи ободонӣ мешаванд.

Алҳол 10 муассисаи таълимӣ, 6 бунгоҳи тиббӣ, 3 китобхона, 1 бозорча, 1 беморхонаи минтақавӣ ва 1 хоҷагии деҳқонӣ дар ҳудуди Ҷамоат фаъолият доранд, ки мавриди баҳрабардории аҳолӣ қарор гирифтаанд.

Аз он ки сол аз сол шумораи аҳолӣ афзудан дорад, табиист, ки талабот ба муассисаҳои таълимӣ низ бештар мегардад. Мардуми деҳот тариқи дастаҷамъона, яъне ҳашар, 2 муассисаи таълимии ҳудуди деҳоти Фахрободро навсозӣ намуданд. Ба наздикӣ дар назди 2 мактаби дигар синфхонаҳои иловагӣ сохта, мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Аҳолии деҳот тасмим доранд, ки ин иқдомро то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ идома дода, дар бунёди иншооти наву замонавӣ саҳм гузоранд, - мегӯяд Нуринисо Подшоҳзода.

Ба гуфтаи бону Нуринисо, дар деҳаҳои Чашма, Ваҳдат ва Фахробод сохтмони пулҳои мошингузар ба анҷом расида, дар истифодаи мардуми маҳал қарор доранд. Имрӯзҳо таъмиру таҷдиди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 32, 34 ва 56 бо назардошти сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома доранд.

 Аҳолии Фахробод бо ҷамъ овардани маблағи муайян мошини партовкашонӣ харид намуданд, ки сари вақт партовҳоро аз маҳалҳо ба мавзеъҳои муайяни дур аз деҳаҳо мебарад. Хуллас, мардуми маҳал нисбат ба ободонӣ ва беҳдошти ҳолати санитарии деҳаҳо бетаваҷҷуҳ нестанд.

 Албатта, вақте аҳли деҳот сарҷамъ мешавад, барои ободии маҳали худ саҳм мегирад, сари ҳар қадам навгониҳоро пешорӯи худ мебинем. Мегӯянд: «Ҷамоат ҷамъ шавад, хуррамӣ дар олам шавад», - меафзояд роҳбари деҳот.

Бону Нуринисо тазаккур дод, аксари бонувон, ғайр аз он ки ба корҳои хоҷагидорӣ ва чорвопарварӣ шуғл меварзанд, аз дунёи ҳунар низ бохабаранд. Онҳо ба раиси Ҷамоат барои дарёфти ҷойи кор, сайқал додани ҳунари худ ва ба занону духтарони маҳал омӯзондани ҳунаре, кушодани коргоҳҳои дӯзандагиро пешниҳод мекунанд.

Бонувони маҳал хоҳиши фаъолият доштан дар корхонаҳои дӯзандагӣ, пазандагӣ, умуман, кор кардан дар коргоҳҳои истеҳсолиро доранд. Азбаски дар шароити хона ба ҳунармандӣ шуғл меварзанд, на ҳар вақт дастранҷашон харидор пайдо намуда, маблағ ба даст меоранд.

Хоҷагии фермерии «Асадулло» ягона хоҷагӣ дар ҳудуди деҳоти Фахробод аст, ки дар он беш аз 400 нафар бону заҳмат мекашад. Занону духтарон ба корҳои мавсимии саҳро ҷалб шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети хонаводаашон суд меоранд. Вале байни онҳо ҳунармандоне ҳастанд, ки дастгирӣ ёфтанашон боиси рушди ҳунарҳои мардумӣ ва боз ҳам беҳтар шудани вазъи иқтисодии оилаҳо мегардад. Аз ин хотир, бо бунёд ёфтани корхонаи дӯзандагӣ ҳунармандони асили маҳал гирди ҳам омада, ба духтарони наврас ё бонувони шавқманди ҳунар пеша меомӯзонанд.

Алҳол, чевари гулдаст ва ҳунарманди маъруфи деҳот Рӯзиой Абдумуъминова бо истифода аз грантҳои президентӣ ва раиси ноҳия бо бонувони ҳунарвари маҳал ҳамкориро ба роҳ мондааст. Ба бонувони завқманди ҳунар гулдӯзию қуроқдӯзӣ ва попурзаниро меомӯзонад. Ӯ ва ҳамроҳонаш бо фармоиши ҳавасманди либосҳои миллӣ дар тӯйю ҷашнҳо куртаҳои попурӣ медӯзанд, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.

Аҳли бонувони маҳал дар озмунҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ бо пешниҳоди дастранҷҳои худ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён ва ҳамчунин, туҳфаю сипосномаҳо гардидаанд. Озмунҳои «Деҳоти беҳтарин» ва «Сайри гули лола» аз зумраи онҳост, ки заҳмати аҳли деҳоти мазкур аз ҷониби ҳакамон пазируфта шуд.

Нуринисо иқрор меояд, ки бо амалӣ гаштани ин иқдомҳо дар мавриди бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани бонувони маҳал ва дастгирии онҳо дар маркази деҳот бунёд ёфтани боғча барои кӯдакон мавриди назар аст.

Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,

Душанбе – Хуросон – Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 26)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон