БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Формулаи муваффақият

Иҷтимоъ

Баъд қаҳрамони мо дар ин бора нақл кард, ки чӣ гуна душвориҳо ӯро тавонманд карданд. Маълум шуд, ки ӯ духтари хурди хона буд ва дар оила хеле эрка. Давраи наврасию ҷавониаш, мутаассифона, ба замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рост омад. Ӯ орзуҳои зиёде дошт ва фикр кард бо ҳамин нақшаҳояш чун ҳубобҳои рӯйи об аз худ нишоне намемонанду бояд бо онҳо хайрухуш намояд.

Соли 1995, пас аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, натавонист мисли дигар фарзандони зодмандон дар шаҳри Душанбе таҳсили худро давом бидиҳад. Ҳарчанд шаш фарзанди ин хонадон – 5 духтару як писар маълумоти олии худро дар пойтахт гирифта буданд, ба Сарвиноз фақат имкон шуд, ки ба Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Фархор дохил шавад.

- Аслан тибро мешавад касби оилавии мо хонд. Падарам сардухтури СЭС-и ноҳия, модарам духтури занона, бародарам Умедҷон ҳам пизишк аст. Бо ин ҳама гуфта наметавонам, ки духтурӣ касби дӯстдоштаам буд. Орзуҳои ман дигаргунтар буданд, аммо аз тақдир ҷойи гурез нест. Пас аз хатми омӯзишгоҳ, як сол дар беморхонаи марказии ноҳия ба сифати «хоҳари шафқат» кор кардам. Бо сабаби нооромиҳои давр, маро зуд ба шавҳар доданд. Ҷигарбандам Фарида хеле дер, соли 2003 ба дунё омад. Баъди таваллуди ӯ духтурон ошкор карданд, ки ман дигар тифл ба дунё оварда наметавонам. Агар дар донишгоҳи писандидаам дар Душанбе дохил нашуданро якумин зарба ҳисоб кунам, дуюмаш, албатта, танҳо як фарзанд доштанам гардид. Пас аз 10 соли зиндагии якҷоя бо шавҳарам маслиҳат карда, аз ҳам ҷудо шудем. Ҳеҷ нофаҳмӣ набуд, медидам, ки ӯ бисёр мехоҳад фарзандони зиёд дошта бошад ва маслиҳатамон сари ҷудоӣ қарор гирифт. Барои ҳар ду хеле душвор буд, вале қаламкаш чизи дигаре дар сарнавиштамон навишта, - ҳоло он лаҳзаҳоро ба хотир меорад Сарвиноз.

Соли 2006 падарашро аз даст дод. Дертар як апааш ҳам бемор шуда, фавтид. Таҳаммули ин ҳама хеле сахт буд.

- Пас аз хулосаву таҳлилҳо натиҷаи қатъӣ гирифтам: зиндагии аслии ман ҳамон аст, ки дорам. Пас, бояд зист! - мегӯяд ӯ.

Дар ноҳия он замон кори муносиб пайдо кардан мушкилтар буд. Ба хулосае омад, ки шаҳри Душанберо маъвогоҳ қарор диҳад. Соли 2009 дар хонаи апааш муддате зист. Бо тавсияи бародараш дар беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ» ба кор даромад. Вале эҳсос мекард, ки ин касби ӯ нест. Шояд таваққуфи чандсолаву кор накарданаш ба ин сабаб шуд ё эҳсоси ботинияш ғолиб омаду гуфт: «Туро дар ҷойи дигар интизоранд».

Ҳарчи буд, дертар дар корхонаи «Сомон - саноат» ба ҳайси коргузор ба кор даромад. Муҳити нав, одамони нав, талоши нав. Ин ҳама ӯро ангеза медод. Хона иҷора гирифт, пайи зиндагии нисбатан мустақилона шуд. Мегӯяд дар ин ҳолат ҳам неруи ниҳониаш ба ӯ садо медод: «Ин ҳанӯз поёни имкониятҳои ту нест!».

- Барои бурунрафт аз ҳолати мушкил муттако лозим мешавад. Чунин муттакоро ман дар симои ҳамсари феълиам дарёфтам. Бо ӯ тасодуф вохӯрдам. Пас аз чандин солҳо. Аслан, мову ӯ ҳамсабақ будем, аммо солҳои тулонӣ дидор надоштем. Суҳбатҳои пайиҳам маълум кард, ки муносибатҳои мо фаротар аз доираи дӯстӣ будаанд. Издивоҷ кардем. Барои ман ҷойи кори нав ёфт: фурудгоҳ, - лаҳзаҳои хуши ба пойтахт омаданашро бошавқ нақл мекунад Сарвиноз.

Соли 2017 ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба кор омад ва то соли 2018 дар ин ҷо фаъолият дошт. Дар ин миён ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дохил шуда, онро бомуваффақият хатм кард.

Шаш соли ахир аст, ки дар Маркази дастгирии амалиётҳои молиявии байнибуҷетии Вазорати молияи ҷумҳурӣ фаъолият дорад. Дар масъалаи ҷойи кор Сарвиноз фалсафаи худро дорад:

- Агар ҷойи кору касб барои одам шавқовару таҳрикдиҳанда набошад, ӯ наметавонад тавонмандии худро нишон диҳад.

Воқеан, ин омили хеле ҷиддӣ ва муҳим ҳини интихоби касбу кор аст.

«Бонувони Тоҷикистон»

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон