БОЙГОНӢ

«    Апрел 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Муҳаббат Хизмати шоиста барои заҳмати шоиста

Иҷтимоъ

Дар ҷомеаи имрӯза бонувоне ба сар мебаранд, ки бо қавлу амали неки худ дар ҷомеа мавқею манзалати худро пайдо кардаанд. Маҳз истодагарию мушкилнописандӣ, иродаи қавӣ ва ҷасораташон онҳоро байни мардум машҳур кардааст. Бо як нигоҳ эҳсос менамоед, ки дар ҳақиқат бонуи чашмикордону зани бомаърифат аст ӯ.

Бале, Восилахон Ҷалолова яке аз бонувони роҳбари шаҳри Исфара буда, 3-юми августи соли 1965 дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна барои давом додани таҳсил падараш монеъ шуд. Аз ин рӯ, фаъолияти меҳнатии худро дар заминҳои нопайдоканори хоҷагии «Иттифоқ» оғоз кард, аммо меҳру муҳаббат ба омӯзиш ва бунёди ояндаи хеш ҳеҷ гоҳ ӯро тарк намекард.

Пас аз панҷ соли кор падараш огоҳ гардид, ки ноздонаи хонадон азми қавии хондан дорад. Аз ин рӯ, розигӣ дод, ки Восилахон хониши худро давом диҳад. Соли 1987 донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон гардид. Давоми панҷ сол таҳсилро дар ин боргоҳи маърифат ба итмом расонда, ба зодгоҳаш баргашт. Ӯро мудири кӯдакистони мавсимӣ, баъдтар сарвари бригада, сонӣ агроном таъин карданд.

Восилахон, азбаски фарзанди деҳот буду заминро хуб мефаҳмид ва корҳояш самаровар буданд, аҳли хоҷагӣ ба сараграномӣ пазируфтанд. Давоми 8 сол сарагрономи хоҷагии «Иттифоқ» шуд. Баъдтар, соли 2020 раиси Кооперативи тиҷоратии «Чоркӯҳ» таъин карданд. Шоёни зикр аст, ки тули 43 сол бо замин сарукор дошта, баҳри баланд бардоштани ҳосилнокӣ хеле заҳмат кашид.

Имрӯз хоҷагии мазкур байни хоҷагиҳои тухмипарварӣ дар ҷумҳурӣ аз ҳама ҳосилнокии баланди ғалладона, аз ҷумла, гандумро истеҳсол менамояд. Аҳли хоҷагӣ соли 2024 тавонистанд ҳосилнокиро ба ҳисоби миёна ба 70,1 сентнер расонанд.

Восилахон Ҷалолова бо замин зинда асту бо чашмони сар мебинад, назорат мекунад, ки имрӯз ҳолати замин ба талабот ҷавобгӯ аст ё не. Деҳқонӣ низ заҳмати зиёдро талаб мекунад. Агар як рӯз дер обашро диҳӣ, зироат гулашро мепартояд. Агар дар ҳолати зарурӣ бар зидди ҳашарот мубориза набаред, ҳосили рӯёндаатро нобуд месозад, бемориашро пешгирӣ нанамоӣ, ҳосилнокӣ паст мешавад.

 Марди деҳқон аз оғози киштукор талаботи агротехникиро бояд риоя намояд, албатта, ҳосили хуб ба даст меорад. Замин ҳам мисли кӯдак аст, агар бепарво шавӣ, аз нашъунамо мемонад.

Сарвари давлат дар ҳар баромади худ дар бораи самаранок истифода бурдани замин ҳарф мезананд. Дар ҳақиқат дар солҳои 2020-ум дар даврони паҳн гардидани бемории коронавирус моро маҳз замини ҳосилхезам наҷот дод, - мегӯяд ӯ.

«Чоркӯҳ» хоҷагии тухмипарвар аст. Бо дастгирии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон гандумҳои навъи «Элита»-ро оварда, тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва қисман вилояти Хатлонро бо тухмии хушсифат таъмин менамояд. Хоҷагӣ дорои 700 гектар замин буда, аз он 285 гектараш замини кишоварзист, боқиро боғот ташкил менамоянд. Дар боғи хоҷагӣ бисёртар дарахтони себу зардолу ва олу парвариш карда мешаванд.

Бо Василахон Ҷалолова дар бораи хоҷагӣ, омӯхтани илму маърифат ва дониши баланд суҳбати гарму самимӣ доштем. Ӯ мегӯяд, ки духтарон бояд хонанд, соҳиби касби дӯстдоштанӣ шаванд.

Ин бонуро мардум эҳтиром мекунанд, зеро бонуи заҳматкашу чашмикордон аст. Аз кор наметарсад ва кӯшиш менамояд, ки хоҷагиаш ҳамеша дар сафи пеш бошаду ба мардуми гирду атроф ёрирасон бошад.

Заҳмати бисёрсолаи Восила Ҷалолова соли 2012 аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали Хизмати шоиста қадр шуд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

шаҳри Исфара

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2025_small_.pdf [4.22 Mb] (зеркашиҳо: 18)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон