Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Нилуфари «Амонатбонк»
Иҷтимоъ / ҶавононНилуфар дар радифи садҳо хотироти ширини зиндагӣ дар саҳфаҳои умри ҷавонаш суханронии кӯтоҳи худро дар вохӯрию дидори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳияи Нуробод ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.
«Ҷаноби Олӣ, ман аз зумраи он ҷавондухтароне ҳастам, ки тибқи дастгирию ғамхориҳои ҳамешагии Шумо дар қатори дигар духтарони кӯҳистон шомили мактаби олӣ шуда, онро бомуваффақият хатм намуда, ба зодгоҳ баргаштаву фаъолият дорам…»
Нилуфар Ҳакимова, ки корманди одии Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар ноҳияи Нуробод буд, бо лутфи баён он рӯз табъи хуши Президенти мамлакатро болида сохт. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фасоҳати сухани ӯ ва меҳрубониҳояш изҳори ташаккур намуда, ба идомаи кораш барор орзу карданд.
Дарвоқеъ, Нилуфар аз ҷумлаи духтаронест, ки тибқи Квотаи президентӣ таҳсилдида шуд, аммо он ҳам бо санҷишу озмуну имтиҳонот дар минтақаи Рашт, ки шумори духтарону писаракони довталаб хеле зиёд буданд. Вай миёни хатмкунандагон на танҳо зиёдтар аз дигарон баҳо гирифт, балки таҳсину офаринхониҳои муаллимони имтиҳонгирандаро, ки аз пойтахт рафта буданд, сазовор шуд.
Духтараки кӯҳистонӣ давоми панҷ соли таҳсил дар факултаи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудитии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз зумраи донишҷӯёни фаъолу намуна буд. Ҳам дар таҳсил ва ҳам дар иҷрои вазифаҳои ҷамъиятӣ номи Нилуфар дар қатори беҳтаринҳо ба забон меомад. Ҳамин интизоми хубу чеҳраи кушоди ӯро дида, яке аз устодони Донишгоҳ фарзанд хонду тӯйи арусӣ барпо намуд. Шавҳараш низ таҳсилдида, хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ буда, мутахассиси соҳаи барқ аст. Аз зиндагии хушу гуворо онҳо соҳиби ду фарзанд: Юсуфҷон ва Абдуллоҷон мебошанд.
Нилуфарбону пас аз хатми таҳсил соли 2018 ба зодгоҳаш баргашту дар филиали КВД БА ҶТ «Амонатбонк»- и ноҳияи Нуробод ба фаъолият пардохт. Кордонию муоширати хуб миёни ҳамкорон ва роҳбарият сарфи назар аз синну соли ҷавон ӯро соҳибэҳтиром намуд. Ба ҳар мизоҷе, ки бо тақозои вазифа рӯ ба рӯ ояд, дар осон кардани мушкилаш вақту малакаи хешро дареғ намедорад. Дар суҳбатҳои хосу самимӣ бо шаҳрвандон аз ободию шукуфоии Тоҷикистони азиз бо шукргузорӣ ва қаноатпешагӣ изҳори хурсандӣ карда, духтарони ҷавонро ба таҳсил намудан дар мактабҳои олӣ ва соҳиби касбу ҳунар шудан водор месозад. Бо боварӣ изҳор медорад, ки танҳо зани босавод ва соҳибмаълумот фарзандони донишманду ҳунарманд ва ояндасозро тарбия карда метавонад.
Дар суҳбати самимие, ки бо ӯ доштем, аз такдири талхи даҳҳо духтаракони ҷавон мисол овард, ки бинобар надоштани саводи кофӣ ва надонистани ҳуқуқҳои шаҳрвандии худ оилавайрону дар нимароҳ мондаанд. Вай, қабл аз ҳама, дар носозгориҳои ҳаёт ва пешпо хӯрдани ҷавондухтарон волидони ононро гунаҳкор меҳисобад, ки монеи идомаи таҳсилу касбомӯзии фарзандонашон мешаванд. Чун мебинад, ки имрӯз ин мушкилот тавассути ғамхориҳои рӯзафзуни давлату Ҳукумат рӯ ба беҳбудӣ дорад, шодиаш афзун ва ба ояндаи дурахшони ҳамсолонаш дилпур мешавад…
Барои Нилуфар, мисли тамоми бонувони тоҷик, субҳи нав бо ташвишу тараддуди хонаводагӣ оғоз мешавад. Аз пайи иҷрои корҳои хоҷагӣ мекӯшад, ки вазифаҳои хонагию модариашро ба зудӣ сомон диҳад, зеро масъулият дар идора рӯзҳои охир зиёдтару ҷиддитар гаштааст. Субҳонаи шавҳару тифлакони дӯстрӯяшро омода намуда, гирди миз ҷамъ меоянд. Шавҳар, ки кордидаву сермасъулият аст, дар чунин рӯзҳои серташвиш бонуи хонадонашро хуб фаҳм мебарад. «Очаш, бачаҳоро имрӯз ман ба боғча барам-чӣ?», рӯ меорад ба ҳамсараш. Ҳарчанд Нилуфар ҷавоби рад медиҳад, ҳамсараш ӯро бовар мебахшад, ки ӯ ин тасмимро сидқан гирифтааст. Нилуфар аз ин азми ҳамсар дар ин субҳи умеду орзуҳои худ болу пар ёфта, шукри сарнавиштро мегӯяд…
Ба шарофати кордониву чолокӣ, муомилаи хуш ва масъулиятшиносиаш роҳбарияти КВД БА ҶТ «Амонатбонк» дар ноҳияи Нуробод ӯро муовини раиси бонк баргузиданд. Нилуфар мекӯшад то ба боварии роҳбарият сазовор бошад. Ба соҳибкорону ҳунармандони ҷавон, бахусус духтарони маҳаллӣ барои дарёфти қарзҳои имтиёзнок ёрии хешро дареғ намедорад.
Рустами НАЗИР,
Душанбе - Нуробод
Мубодила:
Шарҳҳо
