Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Иродаи қавиирода
ИҷтимоъИродахон аз зумраи олиҳаҳои фурӯтану хоксор ва масъулиятшиносест, ки бо донишу малака, ақлу заковат дар ҷамъият тавонист ҷодаву манзалати хешро молик гардад. Мавсуф 15-уми апрели соли 1973 дар деҳаи Навдии ноҳияи Рашт дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Аз овони мактабхонӣ ба фанни таърих шавқу рағбати зиёд дошту дар дил орзуи омӯзгори ин фан шуданро мепарварид.
- Модарам хонашин буданду падарам Меҳроҷиддин Тоҷиддинов аз омӯзгори одии фанни таърих то ба вазифаи директори мактаб расидааст. Қиблагоҳ барои аз худ намудани илму дониш бароямон ҳамаи шароитҳоро фароҳам оварда буданд. Илмомӯзиро ба фарзандон талқин менамуду моро дар руҳияи донишандӯзӣ тарбият мекард. Азбаски модарам дардманд буд, падарам то ҳадди имкон дар корҳои хона ва нигоҳубини ҳафт фарзанд ба модарам ёрӣ мерасонд. Тифоқӣ ва меҳнатдӯстии волидон сабаб гардид, ки фарзандони хонадон заҳматписанд ба воя расанд, - изҳор дошт бону.
Пас аз хатми мактаби миёна духтараки ҷӯёи илм роҳ ҷониби пойтахт гирифта, ҳуҷҷатҳояшро ба Уни- верситети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ба факултаи таърих супурд ва онро сарбаландона хатм кард. Ҳангоми таҳсил яке аз донишҷӯдухтарони аълохон ва пешсаф ба шумор мерафт. Маҳз ба шарофати сиёсати пешгирифтаи дав- лату Ҳукумат имрӯзҳо духтарони дурдасттарин деҳаву ноҳияҳои кишвар имкон пайдо кардаанд, ки таҳсилашонро идома диҳанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ мақому манзалати зан аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар дастгирӣ ёфта, сафи занону духтарон рӯз аз рӯз дар корҳои давлативу роҳбарӣ меафзояд.
- Ҳангоми ҷавонии мо падару модарон духтаронро барои идомаи таҳсил дар мактабҳои олӣ иҷозат намедоданд. Солҳои навадуми асри ХХ ба Донишгоҳ дохил шудаму пас аз ду соли таҳсил ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар шуд. Ночор як сол рухсатии академӣ гирифтам. Пас аз эътидоли вазъият дубора хонданро давом додаму соҳиби диплом гардидам, - мегӯяд қаҳрамони ман Иродахон Тоҷиддинова.
Фаъолияташро аз омӯзгори мактаби миёна оғоз намуда, дар як қатор ниҳодҳои давлатӣ кор кард. Феълан, мудири бахши ҳифзи иҷтимоии ноҳия аст.
- Дар тарбияи се писару як духтар, ки онҳоро танҳо ба
воя расондам, албатта, аз аввал мушкилӣ мекашидам, аммо ба ҳама сахтиҳо тоб оварда, пеши касе сар хам накардам. Бо дастгириву мадади аҳли хонаводаам фарзандонамро ба по хезондам, - қисса мекунад Иродахон.
Модараш, ки зани ҳунарманд буд, аз хурдӣ бо ҳунармандӣ ошносту то ҳол дар вақтҳои бекорӣ гулдӯзӣ, тоқӣ, зияку курта ва чаканӣ медӯзад. Ба духтари ягонааш ва сунҳорҳояш низ ин ҳунарҳоро ёд медиҳад. Ҳамеша ба ҷавондухтарон панд медиҳад, ки бо сабру тамкин бошанду бо атрофиён муносибати хубро раво бинанд. Дар баробари таҳсил, ҳамчунин, ҳатман кадбонугӣ ва ҳунармандиро омӯзанд. Чун ҳунарманд дар зиндагӣ хор намешаваду азоб намекашад.
-Бибиам нонбанди номӣ буду ин ҳунараш дар маҳалу берун аз он овоза шуда буд. Мом бо аммаҳоям нону кулчаву фатиру чапотӣ мепухту маъракаҳои ҳамсояҳову хешу таборро оро медоданд. Аз хурдӣ ба кори бибиам зеҳн мондаму корҳояшро ёд гирифтам, - ироа дошт ӯ.
Дар баробари меҳмондӯстдориву дастархондориаш боз дар омода намудани ғизоҳои миллӣ низ беҳамто аст. Таоми қадима, аз қабили кочӣ, рубич, оши бурида, омоч, оши палав ва чандин хӯрокҳои дигарро бо маҳорати зиёд тайёр менамояд. Дар чорабиниҳои ноҳиявӣ аз гирдачаву нону кулчаву чапотиҳои пухтаи ӯ истифода мебаранд.
То ҳол ёрии хешро аз хешовандону ҳамсоягон дареғ намедорад. Агар кори корафтодаеро ба сомон расонад, худро хушбахт меҳисобад. Маъракаҳои маҳали зисташон бе нону кулчаи омодакардаи Иродахон намегузаранд. Ҳамеша фаъол асту то ҳозир бекор нишаста наметавонад. Сабаби ҷавону чолок монданашро дар меҳнати ҷисмонию муҳаббати бекарон ва ҳурмати нури дидагонаш арзёбӣ мекунанд.
Шоҳиди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буда, бо чашмони сарамон онро дидем. Ҷавонҳои ҳозира шунидаанду аммо надидаанд. Дар ҳамон давраи мушкилӣ ҳам ҳарос надоштему ба ояндаи нек бовар мекардем. Сипоси беҳад худовандро, ки ҳамин марди сулҳофарро болои сари мо овард. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари муҳтарами Тоҷикистон тавонист мардумро аз гирдоби ҷанги бародаркуш вораҳонда, якдилу муттаҳид намояд, - афзуд Ирода Тоҷиддинова.
Мадина БАЛАҶОНОВА,
ноҳияи Рашт
Мубодила:
Шарҳҳо
